Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат ба афсарони Вазорати мудофиа хона тақдим кард

Пешвои миллат ба афсарони Вазорати мудофиа хона тақдим кард

23-02-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 384 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат ба афсарони Вазорати мудофиа хона тақдим кардДирӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33 - юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9 ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дод.

Фармоишгари асосии бунёди ин бинои боҳашамат, ки сохтмонаш соли 2014 оғоз гардида буд, Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҷониби пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаҳои аввал бо шароити зист шинос шуд.

Бинои истиқоматӣ аз 18 хонаи сеҳуҷрагӣ ва 27 дуҳуҷрагӣ иборат буда, бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгу ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ қариб 15 миллион сомониро ташкил дода, он дар муҳлати муайяншуда бо сифати хуб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи лоиҳаи бунёди бино, сифати кори сохтмончиён ва ороишу таҷҳизонидани ҳуҷраҳо бо ашёи лозимаи рӯзгор баҳои арзанда дод.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони хуштолеъ ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳоро дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда, онро тӯҳфаи арзандаи Пешвои миллат дар рӯзҳои таҷлили 23 - юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ маънидод кард.

Имрӯз 45 оилаи муҳофизони сарбаланду сарфарози Ватан, ки аъзои он дар маҷмуъ беш аз 240 нафарро ташкил мекунад, бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили зист шуданд.

Афсарон ва кормандони Вазорати мудофиа дар ҷавоб ба ин иқдоми хайри роҳбари хеш изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти он содиқона хизмат мекунанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати неку ояндасози Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти моддию техникӣ, шароити хизмати афсарону сарбозон беҳтар гардида, Артиши кишвар баробари муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаю муҳимоти ҷангии муосир ба як ниҳоди пурқувват мубаддал гардидааст.

Таъмини афсарону дигар хизматчиёни низомӣ бо манзили зист яке аз тадбирҳои неки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии афсарон ва дигар хизматчиёни Артиши миллӣ аст, ки бо шарофати пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ба даст омадааст.
president.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: