Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Корвони ваҳдату ҳамдилӣ

Корвони ваҳдату ҳамдилӣ

16-05-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Корвони ваҳдату ҳамдилӣДар доираи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббус ва эҳтимоми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти сратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корвони рӯзноманигорон» таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони ВАО-и мухталифи расмӣ ва хусусӣ шомил гардиданд. Ҳадафи корвони мазкур доир намудани мулоқоту вохӯриҳо бо мардуми ин минтақаи биҳиштосои кишвар ва инъикоси воқеии ҳаёти мардум ва дастовардҳои даврони истиқлолият аст.

Рӯзи 9-май «Корвони рӯзноманигорон» аз Душанбе ба самти ВМКБ ҳаракат намуда, ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа тақсим шуданд. Рӯзи 12 май дар доираи тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими ваҳдати миллӣ» мизи гирд доир мегардад, ки дар он намояндагони ВАО-и кишвар ва масъулони дигар мақомоти дахлдор ширкат хоҳанд варзид. Дар доираи ҳамоиши мазкур ташкили намоиши рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ дар назар аст.

Корвони ваҳдату ҳамдилӣБояд зикр кард, ки санаи 10 май рӯзноманигорон бо Раиси шаҳри Хоруғ Қимматгул Алибердиева мулоқот анҷом доданд.

Раиси шаҳри Хоруғ бо истиқболи гарм меҳмононро «Хуш омадед!»- гуфта, иқдоми баргузории чунин як чорабинии муҳимро дар маркази вилоят ва бо иштироки рӯзноманигорон, коршиносон ва мақомоти маҳаллӣ амали судманд унвон кард.

Вай таъкид кард, ки “Ҳар вохӯриву дидоре, ки бо ширкати меҳмонони олиқадр дар маркази вилоят ва ноҳияҳо баргузор мегардад, барои таъмини таҳкими субот аҳамияти хоса дорад.

Вай инчунин конференсияи «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»- ро як василаи хуб барои изҳори назар ва табодули афкор байни рӯзноманигорон ва мақомоту кормандони ниҳодҳои гуногун донист.

Раиси шаҳри Хоруғ инчунин бо ёдоварӣ аз чорабиниҳое, ки Ҳукумати маҳаллӣ ва сокинони шаҳр ба он тайёрӣ мебинанд, гуфт, ки яке аз чунин иқдомот омодагиҳо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва таҷлили ботантанаи 19-умин солгарди он дар маркази ВМКБ мебошад.
Вай гуфт: Мо, мардуми шаҳру вилоят омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ бесаброна интизорем”.

Вай қайд кард, ки бадахшониҳо ва ба хусус Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамойиву сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ аст. Агар Ваҳдат намешуд, шояд чунин шароит бароямон даст намедод ва ҳамдигарро намешинохтем”.

Ба иттилои раиси шаҳр пас аз ба даст овардани истиқлолият ва хусусан баъди имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997 симои шаҳри Хоруғ оҳиста-оҳиста дигаргун гардида, имрӯз аз 10 соли пеш ба куллӣ фарқ мекунад. Созандагиву бунёдкорӣ бо суръат пеш меравад.

Ба гуфтаи ӯ: “Айни ҳол сохтмони беш аз 50 иншооти таъиноташон гуногун бо маром идома дошта, бунёди аксари онҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз анҷом меёбад.

Пас аз мулоқот гурӯҳи рӯзноманигорон бо раҳнамоии мавсуф бо иншооте, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашн мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ошно гардиданд. Рӯзноманигорон аз чашмаи Носири Хисрав, осорхонаи ин шоир ва мутафаккири бузурги шарқ, бозори байнисарҳадӣ, шаҳраки Тем, ки дар он бунёди 15 000 манзили зист дар назар аст, корхонаи коркарди картошка ва истеҳсоли «чипс», маҷмааи варзишӣ ва меҳмонхонаи замонавии чорситорадор, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар масоҳати 87 гектар бунёд шуда истодааст ва ширкати «Помир-энержи» боздид анҷом доданд.

Худи ҳамон руз дар Доншгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо донишҷӯён мулоқот доир гардид, ки дар он Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Холиқназарзода ва Раиси Иттифоқи журналистони кишвар З. Исмоилзода оид ба ваҳдати миллӣ ва саҳми он дар таҳким ва ташаккули давлатдории миллӣ баромад намуданд.

Оид ба сафари мазкур дар шумораҳои навбатии ҳафтанома гузориши муфассал пешниҳод мегардад.
«МХ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: