Оила рукни асосии ҷомеа18-05-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила чорабинӣ таҳти унвони «Оила рукни асосии ҷомеа» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо, мудири Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Нурляминова Саида ва мудири Шӯъбаи САҲШ-и шаҳри Кӯлоб Иброҳимзода Муъмина иштирок карда суханронӣ намуданд. Дар охири чорабинӣ ба ду ҷуфт навхонадорон, оилаҳои намунавӣ ва занони хизматнишондодаи Кӯлобшаҳр туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар фазои тантанавӣ супурда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.