Даъвати баҳорӣ оғоз гардид8-04-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 717 нафар
Назарҳо: 0
Куҳистони Мастчоҳ ва Истиқлол нақшаи даъватро пурра иҷро карданд ![]() Дар асоси фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», аз 1-уми апрели соли 2016 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар нахустин рӯзи ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва баъдан Истиқлоли вилояти Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Даъвати баҳорӣ оғоз гардид Рӯзи гузашта дар назди Қасри фарҳанги навтаъсиси ба номи М.Воҳидови ноҳия чорабинии гусели даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид, ки дар он роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни барқароркунии сохти конститусионӣ, ҷанговарони интернасионалист, инчунин сокинони ноҳия, махсусан ҷавонону наврасон ширкат варзиданд. Даъватшавандагонро, ки ҳар яке бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан-Модар омада буданд, раиси ноҳия Азимбой Азизӣ муборакбод намуда, қайд кард, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва ватанпараст мебошад ва ба ҳамагон дар иҷрои ин ӯҳдадорӣ комёбиҳо орзу намуд. Собиқадори меҳнат Машарипов Асадулло ҷавонони шуҷои диёрро дуои нек намуда, афзуд, ки моён пирону собиқадорон дар ҳаққи шумоён ҷавонон дуои нек менамоем, ки бо сари баланд аз хизмати аскарӣ баргардед. Модари наваскар Қосимова Сабоҳат зимни баромади хеш зикр намуд, ки имрӯз ҷавонон бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан-Модар саф кашидаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони бору номуси ноҳияи мо низ ватандӯсту меҳанпарастии хешро бори дигар собит намуда истодаанд. Баъдан ба наваскарон бо дуои модарона роҳи сафед таманно намуд. Сипас баъди намоиши қисми фарҳангӣ, бо дуои пирону собиқадорон, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маросими ноншиканӣ 80 нафар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.Мо ҳомиёни ин Ватанем ![]() Гусели ҳомиёни Ватан ![]() |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.