Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мароми мо бунёди ҷомеаи адолатпарвар

Мароми мо бунёди ҷомеаи адолатпарвар

7-04-2016, 14:10
Хабарро хонданд: 390 нафар
Назарҳо: 0
Мароми мо бунёди ҷомеаи адолатпарвар
Дар Муассисаи Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе маҷлиси таъсиси ташкилоти ибтидоӣ гузаронида шуд, ки дар он муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадов З.А., мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Бурҳонзода М.Т., роҳбари муассисаи мазкур Наврӯз Юнусов ва кормандони ин муассиса ширкат доштанд.

Сараввал роҳбари муассиса Наврӯз Юнусов намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Шоҳмансурро хайрамақдам гуфта қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ, яке аз ҳизбҳои пешсафи ҷомеаи имрӯза буда, дар пешрафту тараққиёти мамлакат саҳми назаррас гузошта истодааст.

Ҳамзамон муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадов З.А. оид ба мақсаду мароми ҲХДТ дар ҷомеа суханронӣ намуда, қайд кард, ки мутобиқи моддаи 3 зербанди 3.2-и Оинномаи ҲХДТ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва зиёда аз он ташкил карда мешавад.

Инчунин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Ороишгар” номгузорӣ карда шуд. Раиси он Юнусов Наврӯз ва муовини раис Талабов Шарофиддин интихоб шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба 9 нафар кормандоне, ки тоза ба сафи ҳизб шомил гаштанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Муродов Ҷурабек, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: