Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

Даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

6-04-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
Даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ
Даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ташкил ва баргузории вохӯрию сӯҳбатҳо бо волидону наздикони ҷавонони ноҳияи Шоҳмансур баҳри таблиғи ақидаҳои созанда доир ба ҳифзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳофизати Модар-Ватан ба таври мунтазам амалӣ мегардад.

1-уми апрели соли 2016 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С., Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сиёмардзода С., мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Қадамова С., роҳбарони сохторҳои марбутаи ноҳия, ветеранҳои ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист, раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-нафар ҷавонони диловари ноҳияи Шоҳмансур, ки ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ омада буданд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.

Ҷавонон садоқат бар Ватани азизро ифтихору виқори ҷавонмардӣ ном бурда, омодагии ҳамешагии худро дар дифои марзу буми аҷдодӣ иброз доштанд.

Чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ бо ҳаракатҳои басо дилпазири аскарони Полки комендантӣ, парафшонии парчамҳо, суруду мусиқиҳои таҷассумгари зебогиҳои Ватан, суханони раҳнамои афсарону диловарон ба ҷавонон қувваю нерӯи тоза бахшида, боиси сарфарозии ҳозирин гардид.
Муродов Ҷурабек, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: