Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МОДАР САРЧАШМАИ МУҲАББАТ

МОДАР САРЧАШМАИ МУҲАББАТ

10-03-2016, 06:45
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
МОДАР САРЧАШМАИ МУҲАББАТ
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур мувофиқи нақша-чорабиниҳо аз 1 -уми марти соли равон як қатор вохӯриҳоро бо фаъолзанони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия баргузор намуда истодааст.

Дар маҷлисгоҳи Литсейи Хизмат ва туризми шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо фаъолзанони маҳаллаҳои Бадахшон 1 ва Бадахшон 2 баргузор гардид, ки дар он Ширин Қурбонова- вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, Сабоҳат Маҳмадалиева-намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамида Исломова –роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Сабоҳат Қадамова-мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар рафти чорабинӣ саволу ҷавоб миёни занони маҳаллаҳои Бадахшон 1 ва Бадахшон 2 бо намояндагон сурат гирифта, занони маҳаллаҳо ба суолҳои худ ҷавобҳои дақиқ гирифтанд. Сипас аз ҷониби хонандагони литсейи мазкур шеърхонӣ ва сурудҳо дар васфи Зан-Модар пешкаши меҳмонон гардида, дар охир 10-нафар занони фаъоли маҳаллаҳои мазкур бо туҳфаҳои молиявии таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: