Ҳуҷҷат ойинаи кор аст30-03-2016, 16:25
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Чунин унвон гирифта буд семинари амалию омӯзишие, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо иштироки намояндагони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид.
Дар семинари мазкур зиёда аз 60 нафар намояндагон аз Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маводҳои омӯзишӣ ва амалӣ омода ва тақсим карда шуд. Дар кори семинар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Нарсов И. иштирок намуда, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, оиди баргузорӣ ва моҳияту мақсади семинари мазкур суханронӣ намуд. Нарсов И. зимни баромади хеш қайд кард, ки имрӯз талабот оиди ҳуҷҷатгузорӣ ва корбарии ташкилотҳои ибтидоӣ зиёд гардидааст. Бояд ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошад. Мақсад аз баргузории ин семинари омӯзиши низ ҳамин нуктаро дар бар мегирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.