Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Номзади мо»

«Номзади мо»

28-03-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 1383 нафар
Назарҳо: 4
«Номзади мо»
Ба халқу Ватан содиқ бошем, -
изҳор дошт, зимни суҳбат номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов» №16 – Алиҷон Саидзода

Муаррифнома: Саидзода Алиҷон 20 июни соли 1965 дар ноҳияи Щончӣ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1982 мактаби миёнаи №1 ноҳияи Зафарободро хатм намудааст. Солҳои 1984-1986 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар Белоруссия хизмат кардааст. Соли 1990 Институти педагогии Сирдарёро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ощоз намуда, то соли 1995 дар мактаби миёнаи №1 ноҳияи Зафаробод дар вазифаи ҷонишини директор кор кардааст. Соли 1995 раиси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардидааст. Минбаъда, солҳои 1997-1998 дар вазифаи раиси Кумитаи идоракунии амволи давлатии ноҳияи Зафаробод, 1998-2001 директори Маркази шущли аҳолии ноҳияи Зафаробод, 2001-2006 роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод, 2006-2009 мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод, 2009-2011 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ва 2011-2012 сардори шуъбаи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шущли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод фаъолият намудааст. Аз декабри соли 2012 то ҳоло роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод мебошад. Ҳамзамон дар Коллеҷи Политехникии Зафаробод дар бахши щоибона аз рӯи ихтисоси «иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» таҳсил менамояд. Оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.

Саидзода Алиҷон узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз нигоҳи сиёсӣ шахсияти огоҳ, камолёфта ва устувор буда, баҳри таъмини татбиқёбии сиёсати серҷабҳаи ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза ва амалан саъю кӯшиш дорад.

Саидзода Алиҷон санаи 15 феврали соли 2016 аз ҷониби Конференсияи якҷояи Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафаробод ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов»,№16 номзад пешниҳод гардидааст.


Алиҷон Саидзода табиатан инсони фурӯтан ва хоксор буда, миёни мардум ҳамчун як фарди зиёӣ ва ҳалолкору меҳнатдуст ошно мебошад. Шояд ҳамин гуна хислати Алиҷон Саидзода боис гардид, ки санаи 15-феврали соли 2016 аз ҷониби Конференсияи якҷояи Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафаробод ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Барҳақ, Алиҷон Саидзода бо тафаккур ва таҷрибаи комили корӣ номзади арзанда хоҳад буд. Лаҳзае, ки Алиҷон Саидзодаро аз самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботиаш пурсон шудам, сараввал бо тамкин ва хоксорӣ изҳор дошт, ки: - содиқ ба халқу Ватан будан ва аз сидқи дил бори гарони вакили мардуми меҳнаткашро дар чунин мақоми воло ба дӯш доштанро дар ин ҷода самти умдаи фаъолияти хеш мешуморам.

Бале, чунин номзад ҳамчун Алиҷон Саидзода қодир аст барои халқу Ватан содиқона хизмат намояд. Ва чуноне, ки дар барномаи пешазинтихоботии А.Саидзода дарҷ ёфтааст, ҳамчун вакил ӯ метавонад барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳияи қонунҳои мукаммали ҷаввобгӯи ниёзи ҷомеа мусоидат ва саҳмгузорӣ намояд.

Лозим ба ёдоварист, ки баъд аз таъсиси парлумони навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, Алиҷон Саидзода аввалин номзаде мебошад, ки аз шумори сокинони мардуми зафарманди ноҳияи Зафаробод, аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст. Ва мо боварии комил дорем, ки шаҳрвандони гавҳаршиноси ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафаробод ин марди асилро рӯзи 10- апрел ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов», №16 интихоб менамоянд.

Албатта, Алиҷон Саидзода ба боварии халқ сазовор гашта, ҳамчун вакили мардум дар ҳалли масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинони навоҳии Ҷаббор Расулов ва Зафаробод хизмати шоиста хоҳад кард.

Дар ниҳояти гуфтор аз ҳамаи интихобкунандагон навоҳии Ҷаббор Расулов ва Зафаробод хоҳиш менамоем: - Ба ҷонибдории номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов»,№16, аз нигоҳи сиёсӣ шахсияти огоҳ, камолёфта ва устувор САИДЗОДА АЛИҶОН овоз диҳед!
Кайҳони Суфӣ, рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (4)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: