Вохӯрӣ бо маорифчиён22-10-2015, 18:15
Хабарро хонданд: 535 нафар
Назарҳо: 0
Дар МТМУ №1 бо сарварони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Очилов Рустам ва мудири шуъбаи ташкилӣ Бойтемиров Мавлон иштирок намуда, оиди иҷроиши ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, қабули аъзоёни нав ба сафи ҳизб, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои ифротию террористӣ, вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ва рафти маъракаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» баромад карданд. Аз номи маорифчиён сарвари Гимназияи №1 Яқубов Мамарофӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки маорифчиёни ноҳия сиёсати созандаи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишварро тарафдорӣ менамоянд ва барои амалишавии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.