Вохӯриҳо дар ташкилотҳои ҳизбӣ25-03-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Дар арафаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз ва истиқболи шоиста аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, ки муҳимтарини онҳо эҳёи арзишу суннатҳои миллиамон мебошад, суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодааст.
Бо ин мақсад чунин вохӯрӣ дар Маркази вилоятии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд. Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва сардухтури Маркази вилояти бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб Пулодов Равшан вобаста ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолият ва сарҷамъии миллати тоҷик баромад намуданд. Чунин вохӯриҳо дар 200 ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Кӯлоб дар назар гирифта шуда, мувофиқи ҷадвали алоҳида то моҳи сентябри соли равон идома дода мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.