Шанбегӣ ба истиқболи Истиқлолият5-09-2015, 12:30
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар шанбегӣ бештар аз 12300 нафар иштирок намуда, 750 кӯчаю маҳаллаҳо, 35 хиёбонҳо ва зиёда аз 3 км қубуру ҷӯйборҳо тозаю озода карда шуданд. Дар маркази шаҳрак, ки ҷои ҷашни ноҳиявӣ мебошад, шиору овезаҳо, байрақчаҳои ранга овезон карда шуданд. Дар амалӣ шудани ин чорабиниҳо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшҳои ҷавонону занон хеле калон мебошад. Бо ташабусси ТҶҶ «Созандагони Ватан» варақаи махсус бо номи «ҲХДТ – ҳизби халқ» паҳн карда шуд. Минбаъд низ то рӯзи ҷашни Истиқлолият баъди вақти корӣ мардум, аз ҷумла фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ, ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» ин корҳоро идома хоҳанд дод. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.