Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАЪРИХИ МИЛЛАТ МУҚАДДАС АСТ!

ТАЪРИХИ МИЛЛАТ МУҚАДДАС АСТ!

Вчера, 14:14
Хабарро хонданд: 21 нафар
Назарҳо: 0
ТАЪРИХИ МИЛЛАТ МУҚАДДАС АСТ!
Дар шароити муқовиматҳои глобалӣ вазифаи аввалине, ки дар назди мо меистад, ин ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад, зеро ин арзишҳо омили ҳастии миллат буда, нишонаи миллатро бозгӯйӣмекунанд.
Дар ин масир яке аз ҳамин арзишҳо дини ҳар миллат мебошад. Яъне миллат аст, ки Офаридгор барои ӯ дини худро ато фармудааст. Аммо баъзан мо мушоҳида мекунем, ки бо баҳона ва кӯшишҳои мусулмонсозии мардум фитнаи аз байн бурдани миллат рӯйи кор меояд.
Аз ин лиҳоз, онҳое, ки даст ба амали бегонапарастӣмезананд, бояд донанд, ки халқи тоҷик тамаддуни бостонии пеш аз исломро доро мебошад, ки онро ҳар миллат мансуби таърихи худ медонад ва нашояд, ки мо худамон аз таърих ва аз аҷдодони худ рӯ гардонем.
Ин нуқтаро Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳова асарҳои худ қайд намудаанд.
Роҳбари давлат иброз намуданд, ки “олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.
Азбаски худшиносии миллӣ аз донистани таърихи гузашта оғоз меёбад, ҳар инсон кӯшиш мекунад, ки силсилаи аҷдоди худро биомӯзад ва ин маънои бузург дорад.
Аввалан, ин таърихи мост ва аз он мо сабақ меомӯзем. Дуюм,инсон дар омӯзиши насаби худ тарзи ҳаёт, ҳунар, фарҳанг ва маънавиёти гузаштагони худро омӯхта, роҳи зиндагиро тарзе интихоб мекунад, ки он қисми табиати ӯро ташкил медиҳад.
Сеюм, донистани силсилаи аҷдодон имкон медиҳад, ки мо мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар таърихи инсоният дарк намоем.
Дар ин замина боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Аммо дар ҳар давра қувваҳоепайдо мешаванд, ки кӯшиш мекунанд моро аз таърихамон ҷудо созанд.
Далелҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки таърихи халқи тоҷик аз асри VII-VIII оғознашуда, балки он аз замонҳои қадимтарин - аз давраи ориёиён оғоз мешавад, ки5000 сол пеш аз ислом соҳиби тамаддун буданд.
Маҳз ориёиён принсипи некиро асоси ҳастии инсоният эълон намуданд, ки он дар шиори “Рафтори нек, кирдори нек ва пиндори нек” сабт гардид ва дини ислом онро ҳамчун асоси эътиқод мепазирад.
Ҳаким АбулқосимиФирдавсӣ дар китоби “Шоҳнома”-и безаволи худсобит кард, ки тоҷикон ва форсҳо қадимтарин халқи соҳибтамаддун мебошанд, ки чандин ҳазор сол пеш аз ислом давлат ва фарҳанги олӣ доштанд.
Ин васияти Фирдавсиро дар давраи нав - солҳои 20-30-юми асри ХХ фарзандони баномуси миллат - Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов ва дигар абармардони миллат ҳамчун шиори мубориза интихоб намуда, Тоҷикистонро таъсис доданд ва миллатро соҳиби давлат карданд.
Бинобар эҳтироми қаҳрамониҳои гузаштагони халқи тоҷик мо бояд, пеш аз ҳама, ба қадри давлат ва таърихи миллат бирасем, зеро омӯзиши қаҳрамониҳои гузашта барои корнамоиҳои нав ба мардум илҳом мебахшад.
Ин омил таърихро ба арзиши миллӣ табдил медиҳад ва барои ҳамин дар таҳияи он ҳамчун омили қувваи маънавӣ мардум манфиатдор мебошад, зеро муҳиммияти онро дарк менамояд.
Таърих мисли мураббии моҳир ва омӯзгорисахтгир аз бурду бохти миллат хабар дода, онҳоро таҳлил мекунад ва барои корномаи оянда миллатро муттаҳид мекунад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки надонистани таърихи худ инсонро ба ғуломи халқҳоидигар табдил медиҳад, зеро ки аз таърихи худ бехабару ноогоҳ буда, дар таърихи бегона барои худ қаҳрамон ҷустуҷӯ мекунад.
Барои ҳамин моилми таърихро таҷрибаи миллӣ меҳисобем, зеро агар инсон ба коре омода набошад, вай пеш аз оғози он ҳаматарафа андеша, мулоҳиза ва машварат мекунад ва рафти ояндаи корро таҳлил мекунад.
Аз ин лиҳоз, таърих манбаи чунин машварат мебошад, зеро таҷрибаи бойи инсониятро ҷамъоварӣ намуда, илҳом ва неруи созандаро дар миллат бедор мекунад.
Ю. САИДАСАНОВ,
номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: