НАҚШИ КИТОБ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ4-12-2025, 11:22
Хабарро хонданд: 32 нафар
Назарҳо: 0
![]() Бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замонҳои қадим ҳамчун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз наслу насаби хеш барои ҳар як фард, хусусан насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бинобар ниёз доштани ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ соли 2019 бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров - китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи Роҳбари давлат – бознашр шудани асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров - “Тоҷикон” мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар ошно карда, дар болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо мусоидати фаъол намуд. Инчунин, дар асоси дастури Пешвои миллат шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ - “Шоҳнома” нашр ва ба ҳар як оилаи Тоҷикистон ройгон тақсим гардида истодааст. Ин иқдом ба хотири огоҳии бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш маънидод мешавад. Ташаббуси мазкурро Роҳбари давлат дар шинохти дурусти гузашта ва арзишҳои фарҳангии хеш муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард. Иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат: “Пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад”. Бояд ин нуктаро зикр кард, ки омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои имрӯз ва фардои дурахшони ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи боифтихори худ сабақ гирифта, дурнамои ояндаашонро муайян созад. Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бо истифода аз сабақҳои таърихи гузаштаи худ бо дарки масъулият дар назди наслҳои оянда бояд бо хотири Истиқлол ва ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро анҷом диҳем. Зеро вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо дар замони муосир ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварда, дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯйи илму донишро парварда, ба истифодаи самарабахши неруи фарҳангӣ, маънавии миллат таваҷуҳи хосса зоҳир намоем, дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту ифротгароӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботию ташвиқотиро пурзӯр ва рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоем. Ваҳҳоб ААБДУЛЛОЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


