ТАЪРИХ - ВАСИЛАИ ХУДШИНОСӢ ВА ВАТАНДӮСТИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН27-10-2025, 15:55
Хабарро хонданд: 115 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ифтихори миллӣ дар қалби ҳар як ҷавони баору номус ва ҳар халқу миллат маҳз ба воситаи хуб донистани таърих ҷой мегирад. Ифтихори миллӣ танҳо такрор ба забон кардан нест. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр кардаанд: “Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест! Ин хитоби сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину ойини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас, ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзиён, манқурт мешавад. Яъне, инсон аз таърихи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад”. Тайи 34 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, ба озодиҳои воқеии шаҳрвандон кафолат дода мешавад. Пайваста бо чунин таѓйироти куллӣ дар соҳаи маориф низ навгониҳо ба амал омада истодаанд. Силсилаи ислоҳоти соҳаи маориф боиси он гашта истодааст, ки стандартҳои давлатӣ аз нав коркард шуда, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо, китоби дарсӣ ва методҳои таълим такмил ёфта, дигаргун шуда истодаанд. Сарчашмаи ин дастовард ва таѓйирот, пеш аз ҳама, инсондӯстӣ, тафаккури миллӣ ва арзишҳои демократие мебошанд, ки нигоҳи навро ба таълиму тарбияи насли наврас тақозо менамояд. Бо ин мақсад мактаби таҳсилоти миёнаи имрӯза кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки маҷмуи донишҳои муайянро ба хонанда диҳад, иловатан, дар ҷомеаи имрӯзаи шаҳрвандӣ шахсиятҳои бомаърифат, умедбахшу меҳанпарастро тарбия намояд. Чунин шахсиятҳо бояд дӯстдор ва ҳимоятгари Ватани худ ва чун шаҳрванд дар шукуфоии ҷомеа саҳмгузор бошанд. Талаботи иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд чӣ тавр бошад? Ин суолест, ки аз мактаби имрӯз, пеш аз ҳама, тарбияи меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва шаҳрвандиро талаб менамояд. Бо ин мақсад фанни таърих дар баробари дигар фанҳои ҷомеашиносӣ нақши муҳимми тарбиявию таълимӣ дорад. Сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳони мутамаддин пайваста бо илм ва босуръат инкишоф ёфта истодааст. Айни замон таваҷҷуҳи бештари омӯзгор ба ташкили таълиму тарбияи дуруст ва бомуваффақият анҷом додани он дар раванди таълим равона шудааст. Мактаб ҳамчун муассисаи таълимии давлатӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии маълумот”, “Консепсияи миллии тарбия”, қарору нишондодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самти фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар “Консепсияи миллии тарбия” оид ба тарбияи миллӣ оварда шудааст: “Тарбияи миллии шаҳрванд ташаккули тафаккури миллии шаҳрвандро дар назар дорад. Он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои арзишманди миллӣ дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад”. Ба насли наврас омӯзонидани ин нишонаҳои арзишманди миллӣ вазифаи ҷонии натанҳо омӯзгори фанни таърих, балки кулли омӯзгорон ва ҷомеа мебошад. Азбаркунии таърих танҳо барои донистани гузашта нест, он барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Ҳар як миллат аз гузаштаи худ бояд огоҳ бошад, хоҳ дурахшон аст ва ё тира аз он сабақ гирифта, дурнамоии ояндаашро муайян кунад. Таърих ҳақиқати воқеаҳои гузашта ва инъикоси он дар тафаккури мо мебошад. Аз ин рӯ, таърих чун илми ҷомеашиносӣ яке аз шаклҳои муҳимтарини афкори халқ аст. Дуруст мегӯянд, ки таърихдонӣ, худшиносӣ ва ҷаҳондонӣ яке аз нишонаҳои баланди маданияти инсон аст. Албатта, дигар илмҳое низ ҳастанд, ки дар қатори илми таърих ба омӯзишу инкишофи ҷамъият машѓуланд. Аз ҷумла фалсафа, ҳуқуқ, назарияи иқтисод, этнография, демография, сотсиология, психология (равоншиносӣ), биология, антропология ва дигар илмҳои ҷомеашиносӣ. Аммо ин фанҳо мазмунан аз таърих фарқ доранд. Дар мазмуну мундариҷаи онҳо ҳодисаю воқеаҳо моҳияти дуюмдараҷа доранд. Дар ҷамъбасту хулосаҳои алоҳида дар мисоли баъзе аз онҳо диққати махсус дода намешавад. Масалан, агар ба фалсафа назар намоем, он қонуниятҳои умумии инкишофи табиат, ҷамъият ва шуури мардумро меомӯзад. Ҳар яке аз ин илмҳое, ки мо номбар кардем, дар омӯзиши ҷамъият саҳми чашмраси худро доранд. Вале дар системаи илмҳои ҷамъиятӣ таърих мавқеи муҳимро ишѓол мекунад. Вижагии илми таърих дар он аст, ки он ба омӯзиши ҳодисаҳои аллакай баамаломада машѓул аст. Воқеа ба итмом мерасад, аммо аз ёдҳо гум намешавад, он дар хотири мардум, дар манбаъҳои таърихӣ ва ёдгориҳо боқӣ мемонад. Чунончӣ, таърих таҷрибаи бисёрсолаи оламро гирд оварда, то кунун ҳифз кардааст. Илми таърих ҳаёти гузаштаи инсонро ишѓол намуда, ба мо имкон медиҳад, ки ҳаёти имрӯзаро дарк карда, самти ояндаро аниқ созем. Дар илми таърих далелу рақамҳо ҷойи муҳимро ишѓол мекунанд, зеро илми таърих мазмуни илми дақиқро дорад. Аз ин рӯ, ҷамъоварии далелҳо ва ба мубодилаи илмӣ ворид кардани онҳо аз таърихшинос малакаи хуби касбӣ талаб мекунад. Агар дар дигар илмҳои ҷомеашиносӣ барои мустаҳкамкунӣ ва ё хулосабарорӣ як ё ду далел кифоя бошад, дар таърих барои шарҳи воқеа маҷмуи далелу мисолҳо лозим аст. Доираи илмии таърих рӯз то рӯз васеъ мешавад, зеро ҳозира бо гузашта алоқаи зич дорад. Ҳар як рӯз ва моҳу соли гузашта боиси зиёдшавии маводи таърихӣ мегардад. Дуруст ба роҳ мондани омӯзиши фанни таърих яке аз омилҳои муфиди тарбияи ватандӯстӣ ва ба камол расонидани мутахассисони ҷавон ба ҳисоб меравад. Рафти ҳаёти инсонӣ исбот мекунад, ки ҳар як миллат дар рӯйи Замин набояд худбехабару ноогоҳ бошад, балки таърихи гузаштаи худро бидонад ва ба хубӣ дарк намояд, ки аз куҷо омадааст ва ба куҷо меравад. Хотираи инсон ба мисли ойинаи пурҷилоест, ки бани одамро аз насл ба насл мерос гузошта, дар роҳҳои пурпечутоби таърих эҳтиёткорона ҳифз намудааст, то гаштаю баргашта дар ойинаи таърих осореро бубинанд, ки орзую омол, шикасту пирӯзиҳо ва лаҳзаҳои наҷотбахши замонҳои пешинро ифода менамояд. Огаҳӣ аз таърихи гузашта наслҳои минбаъдаро бо донишҳои нав мусаллаҳ месозад, ба онҳо сабақҳои волою хирадмандона медиҳад, дар мисоли корнамоиҳои аҷдодон ибрату илҳоми тоза мебахшад. Ин яке аз шартҳои асосии ҳаёти огоҳонаи таърихӣ ва муборизаи роҳи сарнавиштсозист. Огоҳии хуб аз таърихи миллати хеш на танҳо ифтихори миллиро ба замона созгор месозад, балки ба таҳкими робитаи тамаддунҳо ва халқҳои гуногун, инчунин, ба густариши сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Ҳар як шахси бомаърифат бояд таърихро донад. Шиносоӣ бо воқеаҳои муҳимми таърихӣ ва дарк кардани онҳо яке аз аломатҳои ҳатмии маълумотнокӣ ва масъулияти баланди ҳар як фард мебошад. Аз ин рӯ, донишҳои таърихӣ на танҳо хусусияти маърифатӣ, инчунин, аҳаммияти амалӣ доранд. Таърихдонӣ, худшиносӣ, ҷаҳондонӣ яке аз нишонаҳои муҳимми инсони комил аст. Вобаста кардани таърихи гузашта ба замони ҳозира ба масъалаи сарфаҳм рафтан ба воқеаву ҳодисаҳои кунунӣ кумак расонда, дар мисолҳои таърих наслҳои нав ба камол расида, роҳи ояндаи ҷамъиятро пешбарӣ мекунанд. Донишҳои таърихӣ дар ҷустуҷӯйи роҳи беҳтарини эмин будан аз хатогиҳои гузаштагон саҳми арзанда доранд. Мо бояд аз тафсири асноди таърихӣ баҳра барем ва донишҳои худро дар бунёд намудани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди шаҳрвандӣ истифода барем! Инчунин, бояд дар назар дошт, ки илми таърих на танҳо замони гузаштаро меомӯзаду ба мо дастурамали рафтору кирдор, интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, ташаккули фикру ақида ва муносибати моро ба масъалаҳои муҳимми ҷамъиятӣ дида, ҳамчун устоди зиндагӣ хидмат мекунад, балки оид ба ояндаи мо низ баҳс карда, барои интихоби роҳи дурусти ояндаи ҷомеа саҳмгузор аст. “...Омӯхтани таърих,-гуфтаанд Пешвои миллат,-танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дастурамалест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешояндҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хидмат мекунанд”. Ба туфайли соҳибистиқлолӣ омӯхтани ҳарҷонибаи таърихи кишварамон аз ҷониби олимону мутахассисон, махсусан, таърихи Ватан, ки мақоми он дар ҷомеа торафт афзуда истодааст, давом дорад. Таърихи халқи худ ва ҳамчунин, ҳафт пуштро бояд бидонем. Донистани худ аз донистани таърихи Ватан ва авлоду аҷдод сарчашма мегирад. Шояд бо донистани ҳамин таърих ба қадри кишвар беҳтару бештар бирасем. Барҳақ аст, ки донандаи таърихи сарзамин ва миллат инсони комил аст. Аз донистанҳо одамӣ камол меёбаду аз надонистанҳо ба завол мерасад. Халқи тоҷик яке аз аввалин халқҳои соҳибкитоб (дар мисоли “Авесто”), соҳибсухан ва соҳибназари рӯйи Замин аст, ки ҳам дар соҳаи дунёшиносӣ ва худшиносӣ ва ҳам дар соҳаи давлатдорӣ ва зироаткорӣ, ҳам дар тарбия ва маърифати инсон ва адаби ҷомеа дар таърих хидмати дурахшон кардааст ва сазовори ифтихори мо гардидаст. Ҳамин тавр, худшиносӣ роҳи асосии ба камол расонидани инсон мебошад. Ҳар як шахс бояд бидонад, ки моҳияти ҳастии ӯ чист, он гоҳ моҳияти ҳастии атрофиён, ҷамъият ва дунёро хоҳад фаҳмид. Пас, инсон барои он ки таърихи миллатро донад, лозим аст, ки аввал худро дарк намояд. Шинохтани таърихи дигарон боз барои шинохти шахсияти худ заминаро васеътар мекунад ва дар ин асос пайваста дар ислоҳи худ кӯшида инсон ва камолёбии ӯро дараҷа ба дараҷа боло мебардорад. Аз ин рӯ, ҳар нафар биниши хештаншиносиро аз шинохти худ сар карда, то масъалаҳои маънавият ташкил дода тавонад, ба дунёи мақсуди инсонӣ зудтар мерасад. Омӯхтани таърихи миллат ба ҳар ҷавон, умуман, инсон сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд. Нисбат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз лиҳози танқидӣ назар кунад, Ватани худро дӯст дорад ва манфиати онро ҳимоя намояд. Ҷавонон бояд соҳиби тафаккури миллӣ ва посдори тамаддуни миллат, инчунин, дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Худшиносии миллӣ ин шинохтани худ ва миллати хеш аст. Агар мо аз таъриху фарҳанги хеш огоҳ набошем, онро ҳифз карда наметавонем. Аз ин рӯ, бояд мо гузаштаи хешро донем ва онро ба дигар миллатҳо шинос намоем. Он вақт мо метавонем гӯем, ки ватандӯст ҳастему маданияти воло дорем. Яъне, дар ин кор ҷавонон низ вақти пурқимати худро беҳуда сарф накарда, ба мутолиаи китоб машѓул шуда, насли наврасро дар руҳияи хештаншиносиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намуда, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷалб намоянд, то Ватанамонро ободу халқамонро сарбаланд гардонем. Сайфиддин МУРОДОВ,
мудири шуъбаи иттилоот ва нашриёти Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


