Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ХУҶАНД: Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, дар сулҳу ваҳдат ва осоиштагии Тоҷикистон

ХУҶАНД: Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, дар сулҳу ваҳдат ва осоиштагии Тоҷикистон

25-02-2022, 09:24
Хабарро хонданд: 573 нафар
Назарҳо: 0
ХУҶАНД: Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, дар сулҳу ваҳдат ва осоиштагии Тоҷикистон


Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун, давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳисси таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?

Суолҳои болоӣ ва садҳо суоли дигар, ки дар даврони худшиносӣ, истиқлолияти миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар пешорӯйи мо қарор мегиранд, ҳар фарди ҷӯяндаву бедордилро ба гузаштаҳои дури таърихи халқи тоҷик ҳидоят менамояд, ки ин гуфтаҳо дар китоби Пешвои миллат, “Тоҷикон дар оинаи таърих” омадааст.

Имрӯз ҷомеи аз нав эҳё гардидаи мо тоҷикон саҳм ва нақши фарзанди фарзонаи миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон асосист.

Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гирҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд.
ХУҶАНД: Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, дар сулҳу ваҳдат ва осоиштагии Тоҷикистон

Саҳифаҳои таърих то ба Ваҳдат расидан, худ гувоҳи онанд, ки дар тӯли ҳаёти сипаригардидаи инсонӣ таърих бисёр касоеро ёд дорад, ки дар ҷомеа нақш ва саҳми босазои худро гузоштаанд. Ба монанди Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айниву, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва чанд тани дигар, ки ҷони худро нисори давлат кардаанд.

Мо ба гузашта ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Зеро чунин абармард баъди ҳазорсолаҳо бахусус дар таърихи давлатсозиву давлатдории тоҷикон ба миён омад ва дар харитаи геополитикии ҷаҳон мавқеъ ва сарзамини мо тоҷиконро на танҳо поягузошт, балки ин халқу миллатро давлати соҳибистиқлолу соҳиб тоҷ гардонд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги бародарӣ оғоз гардид. Он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта, ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, Маҳз дар ҳамин марҳилаи душвори зиндагии мардуми тоҷик аз тарафи Пешвои миллат, роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ, даст задан ба омӯзиши тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонист.

Воқеан таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург, шахсиятҳои оламшумули қавму қабилаҳои хеш огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд. Имрӯз аз файзи Истиқлолият мо ба Ваҳдат расидем ва имкон пайдо кардем, ки омӯзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими “ранҷиши дӯстон” ва бе ороишҳои дурӯғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем.

Дар ҳақиқат мо имрӯз ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ тарафдорем ва иқрор ҳам гаштаем, ки дар минбари баланди бастани Созишномаи истиқрори сулҳ дар назди халқ ваъда доданд , ки “Ман ба Шумо сулҳ меоварам!” Истиқлолият имрӯз ба мо пеш аз ҳама сулҳ дод, пару боли озод, хонаи ободу рӯзгори шод, оилаи солиму ҷомеаи солим ва парвози умедро ҳадя намуд, ки дар ин озодӣ, якдигарфаҳмӣ мову фарзандони мо хушбахтона умр ба сар мебарем. Хушбахтии ҳар як мардум пеш аз ҳама дар тинҷиву осудагии давлати ӯ ва хушбахтии сарвари ӯ зоҳир мегардад.

Имрӯз фахр аз он мекунем, ки чунин пешво дорем. Аз таҳти дил мегӯем, ки фахри миллат – Пешвои миллатам.

Пӯлотова М. – омӯзгори кафедраи фанҳои

ҷамъиятии ДДҲБСТ

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: