Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Саҳми олмониҳои шуравӣ дар Ғалабаи Бузург

Саҳми олмониҳои шуравӣ дар Ғалабаи Бузург

18-03-2016, 13:10
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Саҳми олмониҳои шуравӣ дар Ғалабаи БузургТо миёнаи солҳои 90-уми қарни гузашта миёни мардум ақидае ройиҷ буд, ки олмониҳои маскуни ҷумҳурии мо асирони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ҳастанд. Шумораи онҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 50 ҳазор нафар маҳсуб мегардид. Авохири солҳои 80-ум, ҳангоме, ки ҷумҳуриро аҳолии русзабон шурӯъ ба тарк сохтан кард, миёни онҳо олмонитаборон низ буданд. Умуман, олмониҳое, ки дар шаҳри Душанбеву водиҳои Ҳисору Вахш овони шуравӣ ба сар мебурданд, бо меҳнатдӯстиву ҳалолкорӣ миёни мардуми маҳаллӣ шӯҳратёр буданд.

Хуб, агар ба таърих назар биандозем, олмонитаборони маскуни Тоҷикистон насли ҳамон олмониҳое буданд, ки дар замонаш шоҳи Русия Пётри Кабир (худи ӯ низ, чун аз дудмони Романовҳост, аҷдодан «реша»-и олмонӣ дошт) ба ин кишвар даъват сохта буд. Сабаби ин амал бо ёрии мардуми тамаддунофару меҳнатдӯсти олмонӣ Русияро ба як кишвари пешрафтаи аврупоӣ табдил додан буд, чун ҳамон замон дар муқоиса бо дигар мамолики Аврупо Русия аз ҷиҳати рушд як ҳоли табоҳ дошт. Аз ҳамон замон олмониҳои муҳоҷиршуда барои пешрафти илму текнолоҷӣ ва қудрати ҳарбии Русия корҳои хеле бузург ба анҷом расонида. Корҳое бузургтар аз пиндори мо…

19 октябри соли 1918 аз ҷониби В.И.Ленин Қарор оиди таъсис додани Коммунаи меҳнатии (вилояти автономии) олмониҳои Поволжйе ба тасвиб расид. Соли 1924 вилояти мазкур ба Ҷумҳурии Мухтор дар ҳайати Русия табдил мегардад. Тибқи барӯихатгирии аҳолӣ дар соли 1939 дар ҳудуди ин воҳиди маъмурӣ 605,5 ҳазор нафар ба сар мебурданд, ки 66,4 % онро олмонитаборон ташкил медоданд. Авохири солҳои 30-и қарни гузашта ин Ҷумҳурии Мухтор ба як минтақаи дорои хоҷагии деҳот ва иқтисодиёти мунтазам дар ҳоли рушдбуда мубаддал гардид (яъне, метавон гуфт, ки ирсияти олмонӣ ин ҷо низ боз авлавияти худро нишон дод). Ҷумҳурӣ ҳамчунин дар самти маорифи халқ ва фарҳангу дигар соҳот ба дастовардҳои назаррас ноил бигашт.

Дар қатори ҷумҳурии мухтор, ки ин ҷо тақрибан сеяки аҳолии олмонитабори Иттиҳоди Шуравӣ ба сар мебурд, олмониҳои шуравӣ то оғози ҷанг боз як қатор ноҳияҳои милли(ба истилоҳ «национальные районы»)- ро доро буданд. Дар Украина, Сибир, дигар манотиқ макотиби олмонӣ дар амал буда, рӯзномаву маҷалла ва китобҳо бо забони олмонӣ нашр мешуданд.

Шахсиятпарастии Сталин ва ба ин алоқаманд ба андозае халалдор шудани қонунияти сусиёлистӣ дар ҳаёти олмониёни шуравӣ низ бетаъсир намонд. Дар вазъи боло гирифтани сатҳи шубҳаоварӣ ҳанӯз то оғози ҷанг минтақаҳои миллии онҳо барҳам дода шуда, рӯзномаи «Дойче Сентрал-Тсайтунг», ки аз соли 1926 дар Маскав бо забони олмонӣ нашр мешуд, баста гардид.

Ҳуҷуми Олмони фашистӣ тамоми мамлакатро ба ҳам муттаҳид сохт. Умеди фашистон оиди ба «колоннаи панҷум» табдл додани ақаллияти миллии олмонитабори шуравӣ барбод бирафт. Олмониҳои шуравӣ мардонавор алайҳи урдуи ғосиб дар Украинаву Белорус, самти Маскаву Ленинград ва дигар манотиқи ишғолшуда ҷангида, дар ақибгоҳи душман амалиёти махсус мегузарониданд. Матонату мардонагии ҳазорон намояндагони ин халқ бо мукофотҳои ҷангӣ қадрдонӣ шуданд. Генерал-майор Сергей Валкенштейн, қумандони партизанӣ Александр Герман, кашшофи (разведкачии) машҳур Рихард Зорге ва ҳамтои ӯ Роберт Клейн ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Дар шароити бисёр мураккаб чораҳои фавқулодда оид ба таъминоти ақибгоҳ андешида мешуданд. Яке аз ин чораҳо баровардани олмонитаборони маҳаллӣ аз минтақаи аврупоии Иттиҳоди Шуравӣ буд. Аммо ин амал на бо мақсади муваққатан кӯчонидани аҳолӣ, балки бо баҳонаи беасоси « ҳамкорӣ доштан бо душман» амалӣ мегашт. Ҳазорон нафар таъҷилан бо тартиби маъмурӣ ба қисми шарқии мамлакат кӯчонида ва зиёда аз ин, паси симхори зиндонҳо «партофта» шуданд. Чуноне сармуҳаррири рӯзномаи «Нойес Лебен» Владимир Чернишев менигорад, Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС қароре аз санаи 28 августи соли 1941 ба тасвиб расонд, ки тибқи он Ҷумҳурии Мухтори олмониҳои Поволжйе, ки аз соли 1924 вуҷуд дошт, бо баҳонаи гӯё дар ҳудуди он ошкор сохтани «даҳҳо ҳазор диверсант» барҳам дода шудааст. Баъд аз ин қарор фавран ба таври иҷбори кӯчонидани олмонитаборони Поволжйе ва дигар навоҳии қисми аврупоии Шуравӣ ба вилоятҳои Новосибирск, Омск, диёри Олтой, Қазоқистон ва Осиёи Миёна оғоз гардид.

Миёни бархе кормандони ҳарбиву мулкӣ, ки солҳои ҷанг мансабҳои муҳимро доро буданд, ақидае бартарӣ дошт, ки кӯчонидани олмонитаборон аз лиҳози «бехатарӣ» чораи лозимӣ буд. Душман ба Маскав, рӯдхонаи Волга наздик меомад. Олмонитаборони шуравӣ ба таври «автоматикӣ» аз ҷониби ҳукуматдорони олмонӣ дорои мақоми махсуси шаҳрвандӣ шуданд, ки онҳоро аз дигар сокинони манотиқи ишғолшуда боло мегузошт. Ин мақомро ном «фолксдойче», яъне бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ «олмониҳои мардумӣ» буд. Дар ситоди Гитлер нақшаҳои бевосита ҳамроҳ кардани ҳудудҳои олмонинишини назди Волга ба ҳудуди Рейхи Саввум кашида мешуданд.

Аммо ҷанг нишон дод, ки хавфи хиёнати олмониҳои маҳаллӣ беасос буда, такя бар ин интизорӣ мерафт, ки муттаҳамии онҳо ба ин амали пиёданашуда аз байн хоҳад рафт. Мутаассифона, чунин нашуд. Зиёда аз ин, амалҳои ғайриқонунии поймол сохтани ҳуқуқҳои олмонитаборон пурзӯр карда шуданд. Соли 1948 қароре қабул карда шуд, ки тибқи он ба муҳоҷирини олмонӣ бозгашт ба макони аввалаи зисташон манъ карда шуда, барои онҳое, ки минтақаҳои махсуси ҷудошударо кӯшиши тарк сохтан доштанд, ҷазо бо мӯҳлати 20 сол маҳрумият аз озодӣ муқаррар гардид.

Ҳақиқат пас аз марги сарвари кишвари Шӯравӣ Иосиф Сталин (вале ба тамоми гуноҳҳо айбдор сохтани танҳо ӯ аз рӯйи адолат нест) «тантана» кард. Ҳанӯз то съезди 20-и ҲКИШ бархе маҳдудият нисбат ба олмониҳо бекор карда шуданд. Моҳи майи соли 1957 дар Маскав шумораи якуми рӯзномаи «Нойес Лебен», баъд аз як моҳ дар Олтой рӯзномаи «Роте Фане» шӯрӯъ ба нашр карданд. Баъдан дар шаҳри Селиногради Қазоқистон рӯзномаи «Фройндшафт» рӯйи табъро бидид. Радиошунавонӣ ба забони олмонӣ шурӯъ гашта, дар фурӯш китобҳои бо забони олмонӣ навишташудаи олмониҳои шуравӣ пайдо гардиданд. Аз соли 1981 маҷаллаи фарҳангии «Хайматлихе вайтен» арзи ҳастӣ намуд.

Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 29 августи соли 1964 тамоми айбҳо аз олмониҳои шуравӣ баргирифта шуданд. «-Ҳаёт нишон дод,-гуфта мешуд дар ин қарор,- ки ин муттаҳамсозиҳо асос надошта, нишонаи ғайриқонуниятӣ дар шароити шахсиятпарастии Сталин буд. Дар ҳақиқати ҳол дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисми зиёди аҳолии олмонитабор дар ҳамдастӣ бо мардуми шуравӣ бо меҳнати худ ба ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ мусоидат намуда, дар солҳои баъдиҷангӣ дар барқарорсозии мамлакат иштироки фаъолона даштааст».
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: