Соли оташ, соли ашку соли хун…6-01-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 469 нафар
Назарҳо: 0
Соли 2015-и милодӣ низ ба интиҳо расид. Соли мураккаб, соли таҳримот, соли буҳронҳо… Соле, ки душмани асосии инсоният- Давлати ба ном «исломӣ»-ро муайян сохту ҷомеаи башариро дар мубориза алайҳи он раҳнамун. Соле, ки бисёр моҷароҳои дар гӯшаҳои гуногуни олам давомдоштаро натавонист анҷом бахшаду садди роҳи дигар ноамниҳо бигардад. Хурофотиён мураккабии соли гузаштаро аз Соли Гӯсфанд мебинанд, ки бо «вазнинӣ»-и хоси худ авзоро муташанниҷ сохта, дигарон аз бозиҳои хадамоти махсуси абарқудратон сабаб меҷӯянд. Соли сипаригашта барои журналистикаи тоҷик низ соли вазнин буд, ки аз сафҳои мо зиёда аз 15 нафар ҳамкасбонро даррабуд. Бар асари ҷорӣ намудани таҳримот алайҳи Русия аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ, ба буҳрон дучор гаштани иқтисодиёти ин кишвар, бамаротиб паст гаштани нархи ҷаҳонии нафт боиси коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳо ба кишвар аз ҷониби муҳоҷирини мо гардид, ки ба иқтисодиёти мо низ бетаъсир набудааст. Қазияи Украина низ ин сол ҳалли худро наёфт…
Аммо ин сол дар сатҳи байналмилалӣ дастоварди хубу умедбахш дар самти ба ифоқа расидан дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон низ ба бор овард, ки ҷаҳониёнро ба ислоҳ гардидани боз як қазияи хатарбор умедворӣ бахшид. Вале ҳамаи ин акнун бо ба қатл расидани рӯҳонии шиаи саудӣ ан-Нимрӣ ва зиёда аз 40 шиамазҳабони Саудӣ ба вазъи амниятии Ховари Наздик, ки минтақа бе ин ҳам як набардгоҳи бузургеро мемонд, халали ҷиддӣ ворид намуд. Сафорати Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ба оташ кашида шуда, дар Ироқу Баҳрайн, Яману Аврупо ҷамъияти шиаён ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд. Раҳбари Эрон Алии Хоманаӣ ба сари хонаводаи Саудӣ «лаънати Худовандӣ»-ро ваъда дод, ки аҳли мутамаддини ҷомеаи башариро хавотир намуд. Муносиботи дипломатии ин ду абарқудрати минтақавӣ қатъ гардиданд. Ҳамакнун коршиносон ҳатто аз эҳтимолияти оғози амалиёти ҳарбӣ миёни ин ду кишвар ҳадс заданд-аммо мо мебинем, ки бисёр пешгӯиҳои таҳлилгарону коршиносон дар дилхоҳ масоилу қазияҳои сиёсӣ на ҳама вақт ҷомаи амал пӯшидаанд. Мо шоҳиди он гаштем, ки бозигарон қартаи «сунниву шиа»-ро дар қатори Сурияву Ироқ боз миёни бевосита худи ин ду кишвари бонуфузи минтақа кӯшиши ба роҳ андохтан доранд. Соли сипаригашта ҳамчунин соли амалиёти сершумори террористӣ буд, ки дар фазои Мисру кӯчаҳои Париж, дар Лубнону Тунис, Туркияву Сурияву Ироқу дигар манотиқи олам ҷони садҳо, балки ҳазорҳоро даррабуд. Тарконидани ҳавопаймои русӣ дар фазои Миср, ки 224 қурбониро ба бор овард, сабаби амалиёти ҳарбии қувваҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия алайҳи террористони ДИИШ гардид, ки то ҳол идома дорад. Соле буд бо фавҷҳои диданашудаи муҳоҷирон аз манотиқи ноамни Осиёву Африқо ба қитъаи Аврупо, ки таҳлилгарон онро «муҳоҷирати бузурги мардумон» номиданд ва Айлон Курдии се солаи ғӯрамаргу дигар қурбониёне, ки дар обҳои баҳрӣ ба онҳо номеҳрубони Миёназамин ҷони худро аз даст доданд, рамзи сангдилии инсонҳо шуда… Ҳамчунин соли 2015 феномени ҳайратовари ДИИШ-ро ба ҷаҳониён рӯшан намуд, ки оламиён то ҳол бо чунин гурӯҳи муташаккил ва касбӣ рӯ ба рӯ нагардида буданд. Ин гурӯҳ ҳамагӣ чанд соле қабл рӯйи кор омада, аммо ба таврӣ фаврӣ ва ҳайратовар ҳудудҳои бузурги ду кишвар-Ироқ ва Сурияро тасхир намуд. Агар дар симои ҷанговарони ҳаракатҳои террористие чун «Толибон»-у «ал-Қойида», «Ихвон-ул-муслимин»-у «Лашкари тайиба» ва амсоли ин мо одат намуда будем ифротиёни ҷоҳили бемаълумотро бубинем, пас зуҳуроте чун ДИИШ лобалои мо афроди соҳибмаълумоту аксар маврид муваффақро низ аз қораи Аврупову Осиё қарор дод, ки хатароти боз ҳам зиёдтаре пайи худ дорад. Президенти Русия Владимир Путин дар маърӯзаи хеш дар маҷмааи СММ таъкид дошт, ки онҳо «аз мову шумо нодонтар набуда, дар аксар маврид донотар низ ҳастанд». «Фарзанд»-и Абу Мусаб аз-Заркавӣ, ки соли 2003 дар Ироқ ҳамчун «ал-Қойида дар Ироқ» тавлид шудаву соли 2006 бо дигар гурӯҳҳои террористӣ якҷо шуда, тағйири ном кард, имрӯз, мутаассифона ба як қувваи аз лиҳози ҳарбӣ муқтадире табдил шуда, ки фаъолияти дигар ҳаракатҳои террористиро дар Лубнону Алҷазоир, Покистону Либия, Мисру Яману Нигерия ва Афғонистони ҳамҷавори мо таҳти назорати хеш табдил додааст. Ҷангиёни ДИИШ ба таври ҳайратовар аз оғози амалиёти хеш дар чанд рӯз шаҳрҳои Ироқро аз дасти артиши ҳукуматӣ зада гирифтанд (гирифтани шаҳри Рамодӣ умуман мӯҷиби ҳайрат аст, ки чун як «мӯъҷиза»-и ҳарбӣ метавон онро қаламдод намуд-ҳамагӣ 200 нафар ҷангӣ ҳазорҳо нафар сарбозони сар то по мусаллаҳи артиши ҳукуматиро водор ба гурез намуда буданд, ки аз тарс тамоми лавозимоти ҷангиро партофтанд, ки ғанимати ифротиён гардид). Дар оғоз ҳаракатҳои нусратонаи ДИИШ бисёр таҳдидовар буд ва дар Сурия низ мавқеи ҳукумати Башор Асадро ба танг оварданд, ки ғайри Димишқу ағлаб шаҳрҳои камшумор инони назорати кишварро аз даст дод. Аммо ба кӯмаки ӯ Эрону Русия расиданд, ки ҷанговарони «Ҳизбуллоҳ»-у «Сипоҳи Қудс» дар замину ҳавопаймоҳои Русия дар фазо ДИИШ-ро мавриди ҳамла қарор доданд. Акнун мавқеи ДИИШ батадриҷ танг шудан гирифт. Акнун хатсайрҳои интиқоли ғайриқонунии нафт, ки ҷониби Туркия мебурд, таҳти бомбаборони шадиди қиркунандаҳои русӣ қарор гирифтанд. Дар замин низ артиши давлатии Сурия ғалаба ба даст оварданро одат намуд (аммо таҳлилгарон меафзоянд, ки акнун дар вазъи баамаломада «Давлати исломӣ» тактикаи ҷангии худро тағйир додааст. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу 11 декабр эълом дошт, ки «70 фисади хоки Сурия то ҳол таҳти назорати ДИИШ буда, ҳудуди таҳти нуфуз доштааш рӯ ба афзудан дорад»).Давлати исломӣ», ки аз фурӯши нафту ёдгориҳои таърихӣ ва ғорату қатли «ғайримусалмонон» манфиати беш мегирифт, ба талафоти ҷониву молии бузург мувоҷеҳ гардид, ки на бар мазоқи он, на бар мазоқи ҳомиёнаш мувофиқ буд, ки дар натиҷа тайёраи ҳарбии СУ-14 Русия аз ҷониби қиркунандаи туркии Ғ-16 зада афтонида шуд ва ин боиси комилан сард гардидани муносиботи ду кишвар гардид. Таҳлилгарони русӣ иддао доранд, ки ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғонро бо ДИИШ на танҳо манофеи нафтӣ, балки аҳдофи тавъами сиёсӣ ба ҳам мепайванданд-мубориза алайҳи курдҳо ва қудрати Эрон дар минтақаву амсоли ин. Коршиносон меафзоянд, ки Эрдуғон аз насли муосири «неоусмониҳо»-ст, ки дар сар орзуи ташкили «Тӯрони Бузург»-и туркзабонро таҳти сарварии Анқара доранд ва рақибони аввалиндараҷаи табиии онҳо сари пиёда сохтани ин лоиҳа Эрони форсзабони шиамазҳаб ва курдони «сарсахт» ҳастанд. Фаромӯш нашавад, дар масъалаи курдҳо: шаҳри курднишини Кубонӣ дар шимоли Сурияро бояд зикр намуд, ки ДИИШ-иён натавонистанд онро бо қувваҳои даҳчанд бузург бигиранд, қаҳрамонони муҳофизонаш вирди забонҳо шуд ва онро ҳатто «Сталинград»-и Ховари Наздик номиданд. Имрӯз зиёда аз 60 мамолики олам алайҳи ин ҳаракати аждаҳосират эътилоф ташкил додаанд. Азҷумла Арабистони Суудӣ низ ба ташкили «Эътилофи Исломӣ» алайҳи терроризм эълон дошт-новобаста аз оне, ки маҳз Саудӣ ва Қатарро аз сармоягузорони бархе гурӯҳҳои террористӣ медонанд… Рӯйи кор омадани гурӯҳҳои ифротгарое чун ДИИШ-у амсоли инҳоро дар минтақа ҳамчунин дар набудани унсурҳои демократӣ ва сохтори авторитарии ҳукуматҳо маънидод мекунанд, ки нақзи ҳуқуқи сокинон онҳоро ба сафи чунин гурӯҳҳо мепайвандад. Сабаби дигарро дар зиёд гаштани аҳолии кураи Замин, алалхусус мамолики мусалмоннишин мебинанд, ки бо моҳирона роҳандозӣ намудани ҷангҳои мазҳабӣ институтҳои тадқиқотӣ ва хадамоти махсуси Ғарб мехоҳанд онро кам кунанд (имрӯз дар Аврупо сатҳи тавлид бамаротиб коҳиш ёфта, шумораи нафақахӯрон батадриҷ аз шумораи аҳолии қобили кор афзун гашта истодааст). Барои мо ташвишовар пайвастани бархе аз шаҳрвандони ноогоҳи мо ба ин Давлати ба ном исломӣ буд, ки сардори гурӯҳи таъиноти махсуси ВКД-и ҷумҳурӣ Гулмурод Ҳалимов ва афроде чун Абу Холиду Муовия ва садҳо ҷавонони дигарро ба тори анкабути ифротгаройӣ гирифтор намуд. Ҳаводиси сентябрии кӯшиши табадуллоти давлатӣ аз ҷониби собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ ва фирори сарвари он Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар, муташанниҷ гаштани авзои амниятии Афғонистони ҳамҷавор-пайдо шудани намояндагони ДИИШ дар баъзе вулусволиҳои он ва байъат намудани аъзои бархе аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ин кишвар ба ин «Давлати исломӣ» аз ташвишовартарин рӯйдодҳои сол буданд, ки думболагири ҷомеаи мо шуданд. Ба ҳар ҳол, рӯйдодҳои гузаштаи сол батамом манфӣ набуданд, ки битавонем онро «соли фоҷиаҳо» маънидод кунем. Тайи он дар кишвар иншооти зиёди гуногунтаъинот ба истифода дода шуданд ва чорабиниҳои фарҳангие, чун 3000-солагии бостоншаҳри Ҳисору амсоли ин бо шукӯҳу шаҳомат гузаронида шуданд. Соли гузашта устувории давлатдории тоҷикро таҳти раҳбарии Пешвои Миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро баръало ба ҷаҳониён нишон дод. Пас, умед ҳаст, ки соли ҷадид боз ҳам хубтар хоҳад буд аз пешина ва ин ҷо мегӯем, ки «Соли маймун, қадамат маймун бод!». ©Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.