Ёде аз «Шери Биёбон» ё 23 «ҷурме», ки боиси қатли Муаммар Қаззофӣ гардиданд.9-03-2016, 16:40
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
20 октябри соли 2011 риштаи умри яке аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, раҳбари Ҷамоҳирияи Сусиёлистии Арабии Либиё, муаллифи асари маъруфи «Китоби Сабз» ва консепсияи «роҳи саввуми рушд» полковник Муаммар Қаззофӣ дар синни 69- солагӣ ба таври фоҷиавӣ барканда шуд. Ин ҷо мо оиди таърихи ҳукмронии 42- солаи равоншод Қаззофӣ зиёд нахоҳем сухан ронд, такя танҳо ба сиёсати иҷтимоияш мекунему бас.
Хуб, бидуни шубҳа, дар замони ҳукумати ӯ баъзе саҳифаҳои сиёҳ, аз қабили фишоровариҳо алайҳи норозиён, қатли мухолифини сиёсиаш, авохири солҳои 70-и садаи гузашта нобуд сохтани сарвари шиамазҳабони Лубнон- Мусо ас-Садр, пахш намудани баъзе эътирозоти дохилӣ ва дигар аъмол дида мешавад. Марҳумро ба дастгирии ҷунбишу ҳаракатҳои мусаллаҳи гуногуни инқилобии ҷаҳон, ки дар Ғарб ба бархе аз онҳо тамғаи «созмонҳои террористӣ» часпонидаанд, низ метавон айбдор намуд. Вале баъди оне, ки мо шоҳиди ба хоку хун кашидани давлатҳову миллатҳои том бо баҳонаи «таҳмили демократияи асил» гаштаем, ба ҳаёти Қаззофӣ метавон аз пасманзари дигар нигарист. Либиёи як замон осудаву муваффақ имрӯз ба майдони ҳарбу зарби гурӯҳҳои ифротгароӣ террористӣ табдил гаштааст, ки акнун умри одамӣ ин ҷо қадри мӯе арзиш надорад. Мамолике, ки ин амалро роҳандозӣ карданд, ба мақсади ниҳоии худ расиданд. Яъне, ба Либиё демократия оварданду «мардуми мазлум»-и кишварро аз чанги хунхори «диктатор» озод намуданд. Ҳоло Либиё дар ҳақиқат озод аст- ин ҷо акнун озодона рӯзи равшан одамон ба қатл мерасанд, озодона ҳамарӯза миёни гурӯҳҳои мусаллаҳ задухӯрдҳои хунинбор сурат мегиранд, ҳукумати марказӣ вуҷуд надошта, анархия (беҳокимиятӣ) ҳукмфармост. Имрӯз хоки кишвар ба минтақаи таҳмили муҳоҷироне, ки мехоҳанд қитъаи бенавову ноамнро тарк бисозанд, мубаддал гашта, ки ҳамасола ҳазорҳои он дар обҳои баҳри ба онҳо номеҳрубони Миёназамин ғарқ мешаванд. «Ҳомиёни» ғарбии «демократияи асил» дар ғояти бешармӣ ҷиддӣ бар онанд, ки «бархе либиёиҳои кӯтоҳақл ин фаҳмро надоранд, ки чӣ гуна хушбахтие насибашон гаштааст, ки бар ивази ҳокими золиму мустабид мардумсолории ҳақиқиро ба даст овардаанд». Акнун бубинем, ки ин либиёиҳои «ношукр» чӣ гуна диктатураи бераҳмро ба «саодати демократия» иваз намуданд. То сарнагун шудани шоҳигарӣ, аз рӯйи нишондоди соли 1968 73% аҳолии кишвар комилан бесавод буд. Танҳо дар даҳсолаи аввалини дигаргуниҳои инқилобии Қаззофӣ дар мамлакат 225 китобхона, 25 маркази паҳни дониш, зиёда аз 20 марказҳои фарҳангии миллӣ ва 40 клубҳои варзишӣ таъсис дода шуданд. То соли 1977 сатҳи саводнокии аҳолӣ то 51% афзуд. Аз соли 1970 то 1980 дар мамлакат зиёда аз 180 ҳазор хона сохта шуда буд, ки имкони бо манзили зист таъмин намудани 80% оилаҳои эҳтиёҷмандро фароҳам сохт. Доҳии инқилоби мардумии Либиё қазияи таъмини аҳолиро бо оби ошомиданӣ дар ин кишвари биёбонӣ бо пиёда сохтани лоиҳаи бузургҳаҷми «Дарёи бузурги сунъӣ», ки худ онро «муъҷизаи ҳаштуми олам» ном гузошта буд, ҳал намуд. Ва боз иқдомоти дигар, аз қабили; 1.Нархи бензин аз об арзонтар буд. Арзиши 1 литр бензин 0,14 сенти амрикоиро ташкил медод. 2.Ба навхонадорон барои харидани манзили зист 64 ҳазор доллар тӯҳфа карда мешуд. 3.Гирифтани маълумот ва хидматрасонии тиббӣ тамоман ройгон буданд. 4.Ба ҳар як узви ойилаи либиёӣ давлат дар як сол 1000 доллар ёрдампулӣ ҷудо менамуд. 5.Ёрдампулӣ барои бекорӣ 730 доллар буд 6.Қаззофӣ пойгоҳҳои низомии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) - ро дар ҳудуди Либиё дарҳам бизад. 7.Маоши ҳамшираи тиббӣ 1000 доллари амрикоиро ташкил медод. 8. Барои ҳар як тифли навзод ба волидайнаш 7000 доллар дода мешуд. 9. Барори оғоз намудани тиҷорати шахсӣ 20 ҳазор доллар ёрдампулии яквақта ҷудо карда мешуд. 10.Андозҳои миёншикан ва маблағситонӣ манъ шуда буданд. 11.Ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ сари ҳар як сокини кишвар 14 ҳазору 192 долларро ташкил медод. 12.Маълумот ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат буд. 13.Занҷираи мағозаҳое ташкил шуда буданд, ки барои оилаҳои серфарзанд пешбинӣ шуда, анвои хӯрокворӣ дар онҳо бо нархҳои хеле пасти рамзӣ фурӯхта мешуданд. 14.Барои фурӯши маҳсулоте, ки мӯҳлати истифодабариаш гузаштааст, ҷаримаҳои калон пешбинӣ шудаву ашхоси ба ин кирдор дастдошта аз ҷониби ҷузъҳои пулиси махсус дастгир мешуданд. 15.Қисме аз дорухонаҳо баҳри тақсим намудани анвои дорувории ройгон миёни аҳолӣ ташкил шуда буданд. 16.Барои омода сохтан ва фурӯши дорувории қалбакӣ ҷазои ҳукми қатл пешбинӣ шуда буд. 17.Иҷорапулӣ умуман вуҷуд надошт. 18.Истифодаи барқ барои аҳолӣ бепул буд. 19.Фурӯш ва истеъмоли машруботи спиртӣ манъ буд. 20. Вом (қарз)- ҳо барои хариди мошин ва хона бе пардохти фойиз буданд. 21.Хидматрасониҳои риэлторӣ (миёнаравӣ) манъ шуда буданд. 22. Хариди мошинро то 50% давлат маблағгузорӣ мекард. Агар ҷанговарони нируҳои мардумӣ хоҳиши харидории автомобилро доштанд, пас 65% арзиши он аз ҷониби давлат пардохт мешуд. 23. Ҳангоме, ки Қаззофӣ сари қудрат омад, ӯ корпоратсияҳои байналмиллалиро аз хоки кишвар берун ронд. Танҳо дар замони Муаммар сиёҳпӯстони ҷануби Либиё соҳиби ҳуқуқҳои инсонӣ гаштанд. Тайи 40 соли ҳукмронии ӯ аҳолии Либиё се маротиба афзуда, марги кӯдак 9 маротиба коҳиш ёфт. Дарозии миёнаи умри маскунини кишвар аз 51,5 то 74,5 сол зиёд гардид. Шодравон Муаммар Қаззофӣ қарор қабул карда буд, ки Либиёро аз сохтори бонкии ҷаҳонӣ берун оварад ва боз 12 мамолики арабӣ ният доштанд ба ин амали ӯ пайравӣ бикунанд. Вале ба ҳамаи ин хотима дода шуд. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.