Саратони гарданаки бачадон яке аз намудҳои бемории саратон дар байни занон мебошад, ки асосан аз вируси папилломаи одам (ВПО) ба вуҷуд меояд. Тибқи маълумоти омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи паҳншавӣ ва дарёфти он дар байни бемориҳои саратонии занон, пас аз саратони ғадуди ширӣ, дар ҷойи дуюм меистад. Саратоншиносон бар ин назаранд, ки яке аз роҳҳои пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам дар синни 10-14-солагӣ мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин синну сол иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам самарабахшии бештар дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тақрибан 20 сол инҷониб иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам ба аҳолии дунё дастрас буда, тӯли ин муддат дар 148 мамлакати дунё зиёда аз 500 миллион вояи ваксина истифода шудааст.
Айни замон миллионҳо нафар духтарони иммунизатсияшуда аз хатари гирифторшавӣ ба бемориҳое, ки сабаби пайдоиши онҳо вируси папилломаи одам мебошад, аз ҷумла саратони гарданаки бачадон, муҳофизат шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси папилломаи одам ва аз байн бурдани хатари гирифторшавии духтарон ба бемории саратони гарданаки бачадон, бо харҷи миллионҳо сомонӣ ваксина бар зидди ин вирусро дастрас намудааст.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, № 408 “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, шуруъ аз 1 октябри соли равон иммунизатсияи нақшавии духтарони 10-сола бо ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба таври доимӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, аз 1-ум то 31-уми октябри соли ҷорӣ чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам бо фарогирии духтарони синни 11 – 14-сола амалӣ мешавад.
Мутахассисони соҳа мегӯянд, воридкунии як вояи ваксина бар зидди вируси папилломаи одам масунияти боэътимод ва тӯлониро дар бадани инсон ба вуҷуд меорад ва модарони ояндаро аз хатари гирифторшавӣ ба бемории саратони гарданаки бачадон эмин нигоҳ медорад.
Ҳамзамон саратоншиносон аз он нигаронанд, ки аксар духтарону занон нисбат ба саломатӣ ва ояндаи худ беаҳаммиятӣ зоҳир мекунанд. Бинобар ин, мутахассисон зарур мешуморанд, ки занон мунтазам аз муоинаи профилактикии гинекологӣ гузаранд, то саратони гарданаки бачадон дар марҳилаҳои аввал ошкор карда шавад, вақте ки табобат самараноктар аст.
Мусоҳибаи моро бо саратоншинос, доктори илмҳои тиб Саида Умарзода мутолиа намуда, аз сабабҳои асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон ва хатари гирифторшавӣ ба он, ҳамчунин роҳи пешгирии ин беморӣ тавассути иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам бохабар шавед.
-
Пеш аз ҳама, ба таври мухтасар дар бораи бемории саратони гарданаки бачадон маълумот медодед. Вазъи омории он дар ҷаҳон ва Тоҷикистон чӣ гуна аст? Оё солҳои охир гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар кишвар афзудааст ё коҳиш ёфтааст? - Саратони гарданаки бачадон омоси бадсифат буда, аз эпителияи суфтаи гарданаки бачадон ё аз эпителияи ғадудии найчаи сервикалӣ пайдо мешавад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар дунё ҳамасола беш аз 640 ҳазор нафар занон ба ин беморӣ гирифтор шуда, 311 ҳазор нафари онҳо мефавтанд.
Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар соли 2023 ҳамагӣ 2067 нафар беморон дар қайди муассисаҳои саратоншиносӣ қарор дошта, бори аввал 384 нафар занон ба ин беморӣ гирифтор шуда бошанд, соли 2024 дар қайд 2259 нафар ва бори аввал 423 нафар занон бо саратони гарданаки бачадон дарёфт карда шуданд, ки ин рақамҳо тамоюли афзоиши бемориро инъикос мекунад.
Тибқи маълумоти омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи паҳншавӣ ва дарёфти саратони гарданаки бачадон дар байни бемориҳои саратонии занон ҷойи дуюмро ишғол намудааст.
- Сабабҳои асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон кадомҳоянд? Оё роҳҳои дигари сироятёбӣ ба вируси папилломаи одам, ба ғайр аз роҳи ҷинсӣ вуҷуд доранд? - Сабабҳои асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон сироятёбӣ ба вируси папилломаи одам (ВПО) мебошад. Соли 2006 олими олмонӣ Ҳаралд сур Хаузен дар натиҷаи тадқиқоти илмӣ исбот кард, ки вируси папилломаи одам омили асосии пайдошавии ҳолатҳои пешазсаратонӣ ва саратони гарданаки бачадон мебошад. Айни ҳол дар илми тиб беш аз 200 намуди вируси папилломаи одам муайян карда шудааст. Оилаи папилломавирусҳо ба 2 гурӯҳ ҷудо мешаванд: гурӯҳи якум – намудҳои 6 ва 11-и вируси папилломаи одам, ки боиси пайдошавии омосҳои хушсифат ба монанди кондилома, папиллома ва озахҳо буда, дорои хатари пасти пайдошавии бемории саратон мебошанд. Гурӯҳи 2 – намудҳои 16 ва 18-и вируси папилломаи одам, ки хатари баланди пайдошавии саратони гарданаки бачадон доранд.
Роҳҳои дигари сироятёбӣ ба вируси папилломаи одам, ба ғайр аз роҳи ҷинсӣ, ҳамчунин сироятёбӣ ҳангоми мавҷудияти захм дар пӯст ё пардаҳои луобӣ ва сироятёбии кӯдак аснои таваллуд буда метавонад.
- Аломатҳои аввалини саратони гарданаки бачадон кадомҳоянд?- Дар ҳолати бемориҳои пешазсаратонӣ ва марҳилаҳои аввали саратони гарданаки бачадон аломатҳои махсус вуҷуд надоранд. Дар ҳолати пайдошавии ихроҷоти хунолуд баъд аз алоқаи ҷинсӣ, маҳлули хунолуд аз маҳбал новобаста ба давраи ҳайз ё пас аз давраи ҳайз, зан бояд дарҳол ба табиби гинеколог муроҷиат намояд.
- Кадом омилҳо хатари гирифторшавӣ ба ин бемориро зиёд мекунанд? - Омилҳои сироятёбӣ ба вируси папилломаи одам ва гирифторшавӣ ба бемории саратони гарданаки бачадон пеш аз ҳама рафторӣ буда, ба онҳо алоқаи ҷинсии бетартибона, риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва паст будани масуният аз ҳисоби сигоркашӣ, бемориҳои ҳамрадиф, фарбеҳӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.
- Барои пешгирии саратони гарданаки бачадон чӣ тавсия медиҳед?- Пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон ба тарзи ҳаёти мо вобаста аст. Аз омилҳои хатарнок, аз қабили алоқаи ҷинсии бетартибона, беэътиноӣ ба тозагӣ, сигоркашӣ, истеъмоли машрубот ва вазни зиёдатӣ худдорӣ кардан лозим аст. Бояд дар бораи аломатҳо ва роҳҳои пешгирии саратон маълумот дошт, тарзи ҳаёти солимро пеш гирифт, фаъол буд ва хӯроки солим истеъмол кард. Ба ғайр аз ин, иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам то 15-солагӣ роҳи хеле муассири эмин мондан аз саратони гарданаки бачадон аст.
Роҳи дигари пешгирӣ ин ошкор кардани саривақтии бемориҳои ғайрисаратонӣ, ҳолатҳои пеш аз саратон ва худи саратони гарданаки бачадон мебошад. Барои ин, занон бояд мунтазам дар марказҳои саломатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз муоинаи гинекологӣ (скрининг) бо истифода аз тестҳои далелнок (визуалӣ, ситологӣ, ДНК ВПО) гузаранд.
Ҳамчун саратоншинос ба падару модарон ва парасторони дигар тавсия медиҳам, ки иммунизатсияи духтарони 10-14-соларо бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намоянд ва фарзандони худро сари вақт бо ваксина фаро гирифта, дар фикри солимии онҳо бошанд ва ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.
Бонувон агар хоҳанд, ки солим бошанд, ҳамасола аз муоинаҳои профилактикии гинекологӣ гузаранд. Барои рушди оила ва ҷомеа занон ба ҳифзи солимии худ бояд аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд.
- Ташхиси барвақтӣ (скрининг) барои пешгирии саратони гарданаки бачадон чӣ аҳаммият дорад? Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом барномаҳои скрининг мавҷуданд? - Скриниг яке аз усулҳои муосир буда, барои сари вақт муайян кардани бемориҳои хушсифат, ҳолатҳои пешазсаратонӣ ва саратони гарданаки бачадон равона шудааст. Ба усулҳои скрининг – муоинаи гинекологӣ –визуалӣ бо истифода аз маҳлулҳои йод ва уксус, гирифтани молишакҳо барои таҳлили ситологӣ ва таҳлили ДНК ВПО дохил мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштани занон аз ин намуди муоинаҳо дар марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои солимии репродуктивӣ ва дар шуъбаҳои гинекологии таваллудхонаҳо тамоми шароит фароҳам шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2016-2018 скриниги визуалӣ дар 2 ноҳияи таҷрибавӣ гузаронида шуд ва натиҷаи самарабахш нишон дод. Айни ҳол он дар сатҳи миллӣ гузаронида мешавад.
- Усулҳои муосири табобати саратони гарданаки бачадон кадомҳоянд? Табибони тоҷик барои табобати ин беморӣ аз кадом усулҳо истифода мебаранд? - Муолиҷаи саратони гарданаки бачадон ниҳоят гаронарзиш буда, аз табибони саратоншинос маҳорати баланди касбиро талаб мекунад. Табобати саратони гарданаки бачадон вобаста ба марҳилаи беморӣ гузарнида мешавад ва истифодаи ҷарроҳӣ, кимиёдармонӣ ва шуодармониро дар бар мегирад. Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо марказҳои саратоншиносии хориҷи кишвар, табибони саратоншиноси мо аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, имрӯз барои муолиҷаи ин беморӣ бомуваффақият фаъолият карда истодаанд. Дастрасӣ ба ҳама намуди табобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Барои харидории дорувориҳои гаронарзиши кимиёвӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим арзёбӣ мегардад, чунки сол то сол дастгирии молиявӣ зиёд шуда истодааст. Ба ғайр аз ин, барои дастрасии табобати нурӣ ба беморон ва омӯзонидани мутахассисон – радиологон, бо марказҳои саратоншиносии бонуфузи хориҷӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст.
- Чаро иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам барои духтарони 10-14-сола муҳим аст? Ваксина ба зидди ин беморӣ то чӣ андоза самаранок аст? - Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам барои духтарони 10-14-сола ҳамчун воситаи самарабахши пешгирии саратони гарданаки бачадон бо тиби далелнок исбот карда шудааст. Дар кишварҳое, ки ин ваксина солҳои тӯлонӣ истифода мешавад, сатҳи гирифтории занон ба саратони гарданаки бачадон ва фавт аз он коҳиш ёфтаст. Ҳангоми гузаронидани иммунизатсия ба духтарони то 15-сола самаранокии он ба 91-100% баробар аст.
Аз ин лиҳоз, “Стратегияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба ҳарчи зудтар аз байн бурдани саратони гарданаки бачадон дар дунё то давраи соли 2030”, ки онро 194 давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дастгирӣ кардааст, 3 ҳадафи калидиро дар бар мегирад – 90х70х90. Ҳадафи аввал – 90% ҷавондухтарони то 15-сола бо ваксина бар зидди вируси папилломаи одам фаро гирифта шаванд. Ҳадафи дуюм – 70% занон дар синни 35 ва 45 аз муоинаҳои скринигӣ бо истифода аз тестҳои далелнок гузаронида шаванд. Ҳадафи сеюм – 90% занон, ки дар онҳо бемориҳои пешазсаратонӣ ва саратони гарданаки бачадон дарёфт шудааст, бояд ба табобат фаро гирифта шаванд.
- Оё ваксина оқибатҳои номатлуб дорад? Агар дошта бошад, онҳо то чӣ андоза ҷиддӣ ҳастанд? - Ваксина бар зидди вируси папилломаи одам оқибатҳои номатлуб надорад. Ба монанди дигар ваксинаҳо ва дорувориҳо, ваксинаи зидди вируси папилломаи одам низ метавонад аксуламалҳои сабук, аз ҷумла дардмандӣ, сурхшавӣ ва ё варамак дар ҷойи тазриқ, дарди сар ё каме баландшавии ҳарорати бадан дошта бошад. Ин аксуламалҳо одатан кӯтоҳмуддат буда, дар давоми якчанд соат ё як рӯз пурра аз байн мераванд.
Мувофиқи коркардҳои илмӣ ва натиҷагирӣ дар ҷаҳон аз 1 миллион вояи истифодашуда, ҳамагӣ як адад ҳолати тоқатнопазирӣ (аллергия) муайян шудааст, ки ин ҳам аз бехатарии ин ваксина шаҳодат медиҳад.
-
Шумо ба волидоне, ки дар мавриди иммунизатсияи духтарони худ дудилагӣ мекунанд, чӣ гуфтанӣ доред? - Таҷрибаи дигар давлатҳо, ки тӯли зиёда аз 20 сол ваксинаро бар зидди вируси папилломаи одам барои пешгирии саратони гарданаки бачадон истифода мебаранд, нишон медиҳад, ки иммунизатсия оризаҳои ба ҳаёти инсон хатарнок надорад. Волидайн бояд ба ҳар гуна маълумоти бардурӯғ бовар накунанд ва дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ё дудилагӣ ба табибон муроҷиат кунанд. Табибони муассисаҳои тандурустӣ ба онҳо иттилооти дурустро, ки илман исбот шудаанд, пешниход менамоянд.
- Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои давлатӣ оид ба иммунизатсия ва пешгирии саратони гарданаки бачадон вуҷуд доранд?
- Бояд кайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мубрами саратоншиносӣ яке аз самтҳои афзалиятноки тандурустии ҷамъиятӣ дониста шуда, дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030”, “Стратегияи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040 ” ва “Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ барои солҳои 2025-2029” масъалаҳои иммунизатсия ва пешгирӣ, ташхиси саривақтии саратони гаранаки бачадон дарҷ шудаанд.
- Шумо ба ҷавондухтарон, ки модарони оянда ҳастанд, чӣ маслиҳат медиҳед ва дурнамои мубориза бо саратони гарданаки бачадонро дар кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?- Дар замони пешрафти технология ва имкониятҳои фаровон, ба ҷавондухтарони тоҷик тавсия медиҳам, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб кунанд, фаъолнокии ҷисмонӣ, истифодаи ғизои солим ва беҳдошти гигиенаи шахсиро ҳамчун воситаҳои солимии худ истифода баранд. Аз одатҳои зараровар худдорӣ намоянд, зеро аз батни зани солим фарзанди солим ба дунё меояд. Ба ғайр аз ин, ҳамасола аз муоинаҳои тиббӣ гузаранд.
Дар ҳолати бомуваффақият ва самаранок гузаронидани иммунизатсияи ҷавондухтарони 11-14-сола, бо муоинаҳои скринингӣ фаро гирифтани занон, саривақт гузаронидани табобат ҳангоми бемориҳои хушсифат, пешазсаратонӣ ва саратони гарданаки бачадон, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои актуалии саратони гарданаки бачадон ҳамчун проблемаи тандурустии ҷамъиятӣ аз байн бурда мешавад. Барои расидан ба ҳадафҳои калидии Стратегияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамкории судманди сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим аст.
Ибодулло ТОҲИРОВ