Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Саратон «ҷавон» мешавад?!

Саратон «ҷавон» мешавад?!

3-10-2018, 08:58
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
      Саратон «ҷавон» мешавад?!
Бемории саратон ба шумули касалиҳои вазнини қарни гузаштаву имрӯз ворид мешавад. Дар дунё олимони соҳаи тандурустӣ кӯшиш ба он доранд, ки зидди ин касалӣ давояшро дарёфт намоянд, аммо, айни ҳол танҳо муяссар шудааст, ки вусъати афзоиши касалиро пешгирӣ ва дар ҳолатҳои алоҳида бо роҳҳои гуногун вобаста ба сатҳи беморӣ онро муолиҷа ҳам намоянд.
Як чиз боиси ташвиш аст, ки ин намуди касалӣ хоса байни занон меафзояд. Ташхисгоҳи мо дар 9 моҳи соли равон зиёда аз 3000 бонувонро барои муайян намудани ҳуҷайраҳои атипикии бадхим ва некхим аз ташхис гузаронд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 ташхис зиёд аст. Дар ин радиф дарёфти гирифторони касалии саратони гарданаки бачадон ва ғадуди ширӣ афзудааст. Дар давраи ҳисоботӣ баъди ташхис 70 нафар гирифторони нави бемории саратони гарданаки бачадон ошкор гардид. Бештари ин тоифаро занони ноҳияи Б.Ғафурову шаҳри Конибодом ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки касалии саратон байни занон «ҷавон» шуда истодааст. Агар солҳои пеш одатан занони калонсоли синнашон аз 60 боло аз ин касалӣ сироят ёбанд, пас таҳлилу ташхиси лабораторӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки саратон байни занон «ҷавон» шуда истодааст. Ҳақиқати талхро бояд иқрор шуд, ки ба касалии саратон занони синни репродуктивӣ (дорои қобилияти таваллуд) 18-40 сола гирифтор шуда истодаанд.
Хонандаи закитабъ айни ҳол савол доданаш мумкин аст, ки ин ҳақиқати талхро сабаб чист? Чӣ омилҳое ҳастанд, ки мӯҷиби гирифтории бонувони мо дар ин синну соле, ки мебояд бо таваллуди фарзанди солим ояндаи ҷомеро пурра созанд, аммо дучори ба қавле «дарди бедаво» мегарданд? Тадқиқоти табибону мутахассисони соҳавӣ нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии гирифтории занон ба касалии саратон илтиҳоби узви таносул, ки саривақт аз паи табобати он намешаванд, сабаби дуюм хурӯҷи ҳар гуна бемориҳои умумии пешазомосӣ аст, ки ба эктопияи гарданаки бачадон ва дисплазияи гарданаки бачадон оварда мерасонад. Даҳҳо мисол овардан мумкин аст, ки маҳз бепарвоии бонувони алоҳида ба саломатии хеш на танҳо ба гирифторшавӣ ба ин намуди беморӣ, балки вақти таваллуд ҳолаташон вазнин шуда дар ҳолатҳои алоҳида ҳамин бепаровогиашон ба марг низ оварда расонидааст. Дар ҳамин маврид бо таассуф бояд гуфт, ки ба чунин оқибатҳои ногувор аксар вақт худи беморон сабабгор мешаванд, вале одат шудааст, ки айбро ба гардани духтурон мепартоянд.
Бинобар ин ҳам яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин намуди касалӣ саривақт муроҷиат кардан ба духтур дар ҳолати худро бад ҳис кардан, бемадорӣ, камшитиҳогӣ ва камхунӣ, ки нишонаҳои аввалини ин намуди касалӣ маҳсуб мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ санаи 1 сентябр ҳини вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии кишвар гуфта буданд, ки «Ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад». Агар ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро дар мизони ақлу хирад баркашем, Ҳукумати мамлакат соҳаи тандурустиро чун соҳаи афзалиятнок ба назари эътибор гирифта, маблағгузории асосии буҷети давлатро ба ин соҳа равона кардааст. Дар ин радиф ба шарофати ҳамин гуна дастгириву пуштибониҳо дар Маркази мо бо кӯшишу эҳтимоми роҳбарияти Марказ тамоми шароитҳои ташхису табобат фароҳам оварда шудааст. Як худи дастгоҳи ташхиси «Видеомкироскоп», ки айни ҳол мо истифода мебарем, басо гаронарзиш буда, он бо дастгирии МИҲД вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шудааст, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
Ногуфта намонад, ки саривақт муайян кардани беморӣ аз малакаву маҳорати касбии мутахассисон низ вобастагии калон дорад. Ин аст, ки ҳамроҳи ман имрӯз дар ташхисгоҳи бофташиносӣ фельдшер-таҳлилгарони соҳибтаҷриба Терёхина Елена Ивановна, ҳамшираи шафқат Муҳайё Алиева ва дигарон фаъолият мебаранд, ки мекӯшем рисолати азалии худ-содиқ мондан ба қасами ёдкардаро сарбаландона адо намоем.


Насиба Қосимова,
мудири ташхисгоҳи бофташиносии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, духтури дараҷаи олӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: