Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Масъалаҳои марбут ба саломати модару кӯдак

Масъалаҳои марбут ба саломати модару кӯдак

25-07-2018, 07:17
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
Масъалаҳои марбут ба саломати модару кӯдак
Муҳимтарин шарти пешрафти мамлакат саломатии мардум маҳсуб меёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад, зеро ҷомеаи солим аз фарди солим маншаъ мегирад. Омили асосии ҳифзи саломатии мардум ва дарозумрии эшон аз тарзи ҳаёти солим ва тарзи солим аз сатҳи баланди маърифат, алалхусус маърифати тиббӣ сарчашма мегирад.
“Саломатии миллат – боигарии миллат”, - ин нукта дар сархати баромад, дастуру супориш ва амру фармонҳои Асосгузори сулҳу вааҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қарор дорад, зеро маҳз сиҳадмантӣ ба дарозумрӣ сабаб мешавад.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар робита бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи МИҲД – и шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи васеи маҳфили ҳафтуми “Рози бону” масъалаҳои хеле муҳиму зарурӣ - саломатии модару кӯдак, пешгирии касалиҳои камхунии модару фарзанд, бемориҳои сироятӣ, аз қабили зардпарвин, гепатитҳои вирусии В,С,Д, фалаҷи кӯдак, иллати майнаи сари кӯдакон, уфунати бемории ангезандаи масъунияти одам (ВИЧ) ва бемории норасоии масъунияти одам (СПИД), саратони ғадуди сина ва бачадон, зиёд шудани бурриши қайсарӣ , валодати хонагӣ, ки ба саломатии модару кӯдак хатари ҷонӣ ворид менамояд, мавриди баҳс қарор доданд.
Дар ҷаласаи мазкур занону модарон, ҷавондухтарон аз 22 Ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд намояндаҳо аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шаркат варзида, баромадҳои судманди Гулчеҳра Бобоҷонова аз Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд, Дилфуза Ғафурова аз Таваллудхонаи вилояти Суғд, Раҳматов Ҷонмуҳаммадро аз Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пайдоиши норасоии масъулияти одам шунида, фикру андеша, пешниҳоду дархост ба амал оварданд.
“Мо, - мегӯяд собиқадори ҲХДТ Мавлуда Саидова, - аз ташаббусҳои беназири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди тандурустӣ, аз ҷумла, таъмини аҳоли бо оби тозаву босифати нӯшокӣ, омили асосии ҳифзи саломатист, ифтитоҳ гардидани 32 корхонаи тиббӣ, ки зиёда аз 240 номгӯи маводи доруворӣ ва тиббиро истеҳсол мекунад, воридоти технологияҳои навтарини тиббӣ, ройгон солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ – кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор миннатпазирем! ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: