ОЛИМИ НАБОТОТШИНОС ВА МУҲАҚҚИҚИ СОҲИБМАКТАБ15-07-2025, 00:03
Хабарро хонданд: 779 нафар
Назарҳо: 0
![]() [b ] “Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале боигарии асосии он фарзандони бонангу номус ва фарҳангиаш мебошанд.” Эмомалӣ Раҳмон[/b] Дар вохўрӣ бо зиёиёни мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Номи миллатро аслан фарзандони бонангу номусаш зинда медоранд. Ва ҳар боре, ки бо роҳи паймудаи миллати хеш бо чашми хирад назар афканем, мебинем, ки бузургони ҳар давру замон чун ҳалқаҳои як занҷир бори миллатро бар дўши хеш кашидаанд. Ин занҷир аз овони “Авасто”-ву Зардушт сарчашма гирифта, бо нағмаҳои Борбад, бо нақшҳои Монӣ, бо сурудҳои оташкадаҳои Балху Суғд, бо шеъри Рўдакию теғи ҷонофарини Сино, бо каломи мавзуни Ҷомию мусаввараҳои нотакрори Беҳзод, бо саъю талошҳои тақдирсози Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзодаву Турсун Улҷабоев то ба имрўз расидааст”. Дар ҳақиқат ҳам, ин анъанаи нек то ба имрўз ҳам давом дорад. Фарзандони фарзонаи миллат дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла дар рушди соҳаи илми биология заҳмат кашида, дастовардҳои илми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд ва карда истодаанд. Ин гуна фарзандони фарзонаи миллат, олимони сатҳи байналмилалӣ, ба монанди академикҳои табиатшинос Юсуф Носиров, Хуршед Каримов, Худоёр Юсуфбеков, Бобо Сангинов, аъзои вобаста Маҳмуд Исмоилов, Усмон Холдоров буданд ва имрўз мо бо ифтихори баланд дар қатори ин абармардони илми тоҷик бе ягон муболиға ва бе ягон шакку шубҳа академикҳои табиатшинос Оғоназар Ақназаров, Муҳиба Ёқубова, Ҳикмат Ҳисориев, аъзои вобаста Сайфиддин Давлатзода, Абдусаттор Саидов, Қурбон Алиев, Ҳомидҷон Абдуллоев, Абдуманон Абдуллоев, Қозимамад Абдуламонов, Сайдалӣ Гулов, Бахшулло Ҷумъаев ва бисёр дигаронро ном бурдан метавонем. Хушбахтона, дар баробари ин абармардони масири илмҳои биологӣ, ки чун ҳалқаҳои як занҷири соҳаи табиатшиносӣ бори миллатро бар дўши худ гирифтаанд, имрўз дар партави сиёсати оқилона ва дурбинона, сиёсати илму маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалқаҳои занҷири илмҳои табиатшиносӣ боз ҳам зиёд шуда истодаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо, ки идомадиҳандаи ин ҳалқаи бузурги илмҳои табиатшиносӣ аст, доктори илмҳои биологӣ, профессор, сарходими илмии Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Довутшо Наврўзшоев мебошад. Довутшо Наврўзшоев соли 1955 дар Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ин мавзеи мъруф мебошад дар Бадахшон, зеро чандин нафар ходимони давлатӣ ва олимони машҳурро, ба монанди Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов, олим ва сиёсатмадор Моёншо Назаршоев, академик Баҳодур Искандаров, узви вобаста Хаёлбек Додихудоев, докторони илм Раҳим Додихудоев, Сафаралӣ Қурбоншоев, сиёсатмадор Соҳибназар Бекназаров ва дигар шахсони муътабари миллатамонро ба камол расонидааст. Табиати ин деҳоти мазкур низ нотакрор аст ва шоирону нависандагон онро доимо чун “Поршиневи хушманзара” тасвир мекарданд. Довутшо Наврўзшоев мактаби миёнаи рақами 12 ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури ноҳияи Шуғнонро бо баҳои хубу аъло ва соли 1979 факултети биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бомуваффақият хатм менамояд. Худи ҳамон сол тибқи роҳхати Донишгоҳи мазкур ба Институти биологии Помири Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор фиристонда мешавад. Ў фаъолияти илмиашро аз лаборанти калони Институти биологии Помир оғоз намуда, солҳои 1980-1982 аспиранти аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон, баъдан таҳсилашро дар шаҳри Санкт-Петербурги Институти ботаникаи ба номи В.Л.Комарови Академияи илмҳои Русия бо роҳбарии доктори илмҳои биологӣ, профессор В.В.Писякова идома додааст. Соли 1988 Довудшо Наврўзшоев рисолаи номзадиро дар мавзуи ”Флораи қисми ғарбии қаторкўҳҳои Рўшон” аз рўйи ихтисоси “ботаника”, ҳимоя карда солҳои 1992-1996 дар докторантураи Институти ботаникаи ба номи В.Л.Комарови шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Русия бо роҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳои Русия ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Р.В.Камелин таҳсил кардааст. Соли 1996 дар Шурои диссертатсионии назди Институти ботаникаи шаҳри Санкт- Петербург рисолаи докториро дар мавзуи “Флора ва растаниҳои ҳавзаи дарёи Бартанг (Помири Ғарбӣ)” дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои биологӣ аз рўйи ихтисоси ботаника мегардад. Солҳои 1999-2005 ба ҳайси директори Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурскийи Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ҳамзамон, ў аз соли 2005 ба ҳайси профессор ва мудири кафедраи ботаника ва физиологияи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев фаъолият кардааст. Баъдан, солҳои 2014-2018 дар вазифаи директори Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор карда, аз соли 2018 то ҳозир ҳамчун сарходими илмӣ ва роҳбари лоиҳаи илмӣ дар Боғи ботаникии Помири Институти биологии Помири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар натиҷаи таҳқиқоти илмӣ Довутшо Наврўзшоев бори нахуст аз растаниҳо ду намуди нав барои илм, як намуди нав барои флораи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, 3 намуд ва як ҷинс барои флораи Бадахшон, 22 намуд барои ҳудуди Помири Ғарбӣ муайян кардааст. Ў аввалин шуда, аз рўйи таърихи пайдоиш, растаниҳои минтақаҳои Бадахшонро ба 55 гурўҳ ҷудо кард, ки ин барои илми ботаника навгонӣ ба шумор меравад. Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми таҳқиқотҳои илмиаш ў бори аввал дар омўзиши полиморфизм (гуногуншаклӣ) ва гуногуннамудии биологии растаниҳои нодири Бадахшон ва инчунин, растаниҳои шифоиро омўхта ҳудуд, захираҳо ва ҳосилнокии онҳоро дар агросенозҳо ва фитосенозҳо муқаррар намуд. Инчунин, ў ҳамчун флорист ва геоботаник интродуксияи растаниҳои нодиру камёфти Бадахшонро муайян кардааст. Барои муҳофизат ва нигоҳдории популятсияҳои растаниҳои камёфт ва нодир, ки барои илм хеле муҳим мебошанд, бо ташаббуси Довутшо Наврўзшоев дар Боғи ботаникии Помир парваришхона ва коллексияи интродуксияи растаниҳо ташкил карда шуда, он аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шудааст. Довутшо Наврўзшоев нозир ва муаллифи монографияи байналмилалии ”Лўбиёгиҳои ҷаҳон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Донишу ҷаҳонбинии мавсуф васеъ буда, корҳои илмӣ ва таҷрибаи олимони барҷастаи соҳаи биология ва кишоварзии давлатҳои дигари дунёро омўхта, бо онҳо ҳамкории зич дорад ва дар тарбияи шогирдон низ ҳиссагузор аст. Олим дар доираи таҳқиқоти илмӣ мактаби илмии набототшиносони Тоҷикистонро таъсис дод, ки шогирдони вай ба омўзиши ҳаматарафаи растаниҳои дараҷаи олӣ ва мутобиқшавии онҳо дар минтақаҳои гуногуни табиати зебоманзари Тоҷикистон, ҳамзамон, таъсири фаъолиятҳои хоҷагидории инсон ва тағйирёбии иқлим машғул мебошанд. Таҳти роҳбарии ў се нафар рисолаи номзадии илмҳои биологиро дифоъ намуда, ду нафари дигар бо рисолаҳои номзадиашон аз зинаи пешдифо гузаштанд. Чор нафари дигар барои ҳимоя омодаанд, ки дар Шуроҳои диссертатсионӣ рисолаҳои илмии худро дифоъ хоҳанд кард. Ҳамзамон, роҳбарии илмии се нафар аспирантон ва се нафар унвонҷўёнро ба уҳда дорад. Доктори илмҳои биологӣ, профессор Довутшо Наврўзшоев дар Тоҷикистон ва берун аз он аз ҷониби олимони илми ботаника ҳамчун олими соҳибмактаб эътироф шудааст. Ўро барои хондани лексияҳо барои донишҷўёни курсҳои болоӣ, магистрон, аспирантон ва докторантҳо ба Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар муассисаҳои илмию омўзгорӣ мунтазам даъват мекунанд. Ба ғайр аз ин, Довудшо Наврўзшоев донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ буда, дар симпозиумҳо, конфронсҳои байналмилалӣ дар кишварҳои зиёди дунё Тоҷикистони азизи моро дар соҳаи илми биология муаррифӣ кардааст. Довутшо Наврўзшоев ба сифати муқарризи (оппоненти) расмӣ ба зиёда аз 20 рисолаҳои докториву номзадӣ тақриз навишта, баромад кардааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияҳои олии аттестатсионии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қирғизистон тасдиқ шудаанд. Худи Довутшо Наврўзшоев узви Шуроҳои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Ў, ҳамзамон, муҳаррири илмии 3 монографияи илмӣ ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Паём”-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аст. Қаҳрамони маводи мо дорандаи Гранти хазинаи байналмилалии Макартуров дар мавзуи ”Флора ва набототи Бадахшони Кўҳӣ”, ”Намудҳои нодир ва дар арафаи нестшавӣ қарордоштаи растаниҳо, қобилияти интродусионии онҳо”, ”Растаниҳои шифоие, ки дар тибби халқӣ истифода бурда мешаванд” мебошад. Довутшо Наврўзшоев, инчунин, дорандаи Дипломи аълочии илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 аст. Доктори илмҳои биологӣ, профессор Довутшо Наврўзшоев ҳамчун олими собитқадам дар самти масъалаҳои назариявию амалии биологияи муосир ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури амиқ дорад. Ў муаллифи зиёда аз 150 мақолаи илмӣ, 10 монографияи калонҳаҷм, 4 дастурамали илмӣ-амалӣ барои истеҳсолот, 3 брошюра мебошад, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудаанд. Ў, ҳамчунин, 3 тавсияномаҳои илмии муфидро барои хоҷагиҳо, ки аҳаммияти илмӣ-амалӣ доранд, ба нашр расондааст. Довутшо Наврўзшоев дастовардҳои илмии худро аз тариқи ширкати фаъол ва гузоришҳои илмӣ дар маҷлису машваратҳо, маҷаллаҳо, иттилоотномаву энсиклопедияҳо, семинару конфронсҳо, симпозиуму конгрессҳои илмии маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дастраси донишмандони дохиливу хориҷӣ гардонд. Натиҷаи корҳои илмиашро дар соҳаҳои ботаника, систематика, интродуксияи растаниҳо ва растаниҳои шифоӣ борҳо дар конфронсҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия, Украина, Чин, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар давлатҳо ба муҳокимаи ҳамкасбонаш пешнҳод карда, шарафи илми тоҷикро баланд бардоштааст. Бузургтарин мутафаккири асримиёнагии тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ илмро аз кулли ғановати моддӣ афзалтар дониста, дар “Маснавӣ” мефармояд. Ҳотами мулки Сулаймон аст илм, Ҷумла олам сурату ҷон аст илм. Бузургвор Ҷалолиддини Балхӣ илмро шабеҳи нигини ҳазрати Сулаймон кардааст, ки воситаи ҳалли кулли мушкилоти заминии инсонист ва илм дар рўйи Замин бемисл аст ва мо чунин мепиндорем - он одамоне, ки ҳамчун набототшинос, доктори илмҳои биологӣ, профессор Довутшо Наврўзшоев тамоми умри бобаракати хешро ба илм бахшидаанд, ба монанди илм бемисл ҳастанд. Олими ҷўянда, набототшиноси маъруф, шахси оқилу доно, хоксор, инсоне, ки дилаш бо забон якест - Довутшо Наврўзшоев ба ин зинаҳои пурифтихор бе такопўю заҳмати пайваста, ҷустуҷў, омўзиш, шабҳои бедорхобӣ, қатъияту устуворӣ дар пешаи интихобкардааш ба қуллаи мурод нарасидааст. Олими пурмаҳсул аз қуллаи баланди фатҳгардидаи илму маърифату маънавият ба шоҳроҳи тайкардаи рангини хеш назар афканда, то дараҷае қаноатмандӣ эҳсос мекунад, вале нақшаҳо, корҳои анҷомнаёфта, кашфиёти навтарини сирри пурасрори кўҳистон, тарбияи мутахассиони баландихтисоси илмӣ, хизмат ба Тоҷикистони азизамон ҳанўз хеле ҳам зиёданд... Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои сеюм, чорум, панҷум, собиқадори ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


