БОЛУ ПАРИ ХЕШ КУШОДАН ОМӮЗ3-07-2020, 14:38
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
Зиндагии маънавии мо аслан ба кору пайкори шахсиятҳое такя мекунад, ки вуҷуди хешро барои рушди маърифат, таҳаввули илму фарҳанг бахшида, бо чароғи хираду заковати олии хеш дирӯзу имрӯз ва фардои моро фурӯзону мунаввар медоранд. Мояи ифтихор аст, ки босиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеа ба омӯзиши раванди такомули маърифат, мероси ниёгон ва пеш аз ҳама олимону мутафаккироне, ки дар пешрафти маънавиёту илму иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоштаанд, афзун гардидааст. Яке аз фарзандони барӯманди халқамон олими варзидаи соҳаи парандапарварӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи академик С.У.Умаров, олими беҳтарини соҳаи кишоварзӣ(2012) Комилзода Давлатҷон Қаюмӣ мебошад. ӯсоли 1950 дар ноҳияи Деваштич дар муҳити кишоварзӣ ба дунё омадааст. Маҳз ҳамин муҳит ва маърифати волои оилавӣ сабаб шуданд, ки ӯ ба чорводорӣ ва парандапарварӣ рағбат пайдо кунад. Ин аст, ки Давлатҷон Комилзода баъди хатми мактаби миёна ба факултети зоотехникии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) дохил шуда, онро соли 1972 хатм намуда, соҳиб унвони олим-зоотехник мешавад. Комилзода Д.Қ. дар баробари таҳсили намунавӣ, дар корҳои ҷамъиятии факултету донишкада фаъолона иштирок мекард. Вай аъзои фаъоли дастаи ҳаваскорони санъати донишкада буд, ки роҳбарии онро бародараш Қаҳрамон(донишҷӯи факултети ҳимояи растаниҳои донишкада) ба уҳда дошт. Калонсолон шоҳиди онанд, ки солҳои 70-уми қарни ХХ ансамбли оилавии «Бародарон Комиловҳо» дар ҷумҳурӣ машҳур буд ва махсусан таронаи «Ситораи ман» бо шеъри Мирзо Турсунзода, ки Давлатҷон Комилзода бо бародараш Қаҳрамон иҷро мекарданд, ҳаводорони зиёд дошт. Комилзода Д.Қ. ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш дарк намуда буд, ки кас бо омӯзиши илм бузург гашта, шафоате ба маънии будану зистан маҳсуб мешавад. Маҳз бо василаи ҳамин гуна ҷонфидоиву кӯшиш дар ҷодаи омӯзиш олим метавонад зиндагии худро лабрезу неру, зиё ва маърифату маънавият гардонад, ки муҷиби ифтихор ва эҳтироми ҳамагон шавад, ба қавли шоир, ки гуфтааст: Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз, Ки паридан натвон бо пару боли дигарон. Давлатҷон Комилзода аввалин шуда, дар донишкада рисолаи дипломиро оид ба парандапарварӣ иҷро намуда, онро бо баҳои аъло дифо намуд ва бо роҳхати донишкада ҳамчун ҷавонони болаёқат барои фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба Институти илмӣ-тадқиқотии чорводорииТоҷикистон сафарбар шуд. ӯ тадҳқиқоти мақсаднокро оид ба ҳалли масъалаҳои рушди парандапарварӣ дар шароити гарму хушки Тоҷикистон оғоз намуда, бо ташаббусаш дар институт аввал озмоишгоҳ, баъдан шуъбаи илмӣ доир ба парандапарварӣ таъсис додашуд. Бахту толеи баландаш буд, ки вай аз ҳамин даргоҳи илми соҳавӣ ба яке аз марказҳои бонуфузи илмии соҳа Академияи кишоварзии ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва барои таҳсил ба аспирантура сафарбар шуда,бо муваффақият таҳсилро ғоибона ба итмом расонида, ба гирифтани унвони номзади илм сазовор гардид. Дар Институти чорводорӣ Комилзода Д.Қ дар вазифаҳои озмоишгар, ходими илмӣ, мудири озмоишгоҳу шуъба, муовини директор оид ба корҳои илмӣ бо муваффақият фаъолият намудааст. Аз соли 1998 фаъолияти меҳнатиашро дар муассисаи навтаъсиси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон идома дода, дар вазифаҳои котиби илмӣ, сардори раёсати илмию ташкилӣва саркотиби илмӣ кор кардааст. Аз соли 2018 то ҳол вазифаи мушовири президенти АИКТ-ро ба уҳда дорад. Ҳамзамон, аз соли 1997 то ҳол ба ҳайси профессор дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҳамчун ҳамкор фаъолият менамояд. Бо ташаббуси бевоситаи ӯ дар факултети зооинженерии донишгоҳ ихтисоси зоотехник-парандапарвар ва инчунин, кафедраи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ таъсис дода шудааст. Вай соли 1996 рисолаи докториро дар шаҳри Москва дифо намуда, соли 2001 аъзои вобаста АИКТ ва соли 2015 академики АИКТ интихоб гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки Комилзода Д.Қ. дар дастгоҳи марказии АИКТ чоряк асрфаъолият намуда, дар қатори академикҳо А.Н.Махсумов, Ғ.А. Алиев, Б.С.Сангинов,Ҳ.Ҷ.Ҷумонқулов, И.Сатторӣ, Т.Н.Набиев, Ҳ.М.Аҳмадов дар рушди илми соҳавӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст. Фаъолияти илмии академик Комилзода Д.Қ. гуногунсамт буда, асосан ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии чорводорӣ ва махсусан парандапарварӣ бахшида шудаанд. Муҳтавои тадқиқотҳои он дар кулл ба ҳалли масъалаҳоитаъмини аҳолӣ бомаводҳои ғизоӣ (тухм, гӯшти паранда) мебошад, ки он аз талаботи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Тарҳрезиҳои илмии Комилзода Д.Қ. ба селексия, технология ва хӯронидани парандаҳоро дар бар мегиранд. Натиҷаи тадқиқотҳои бисёрсолаи муҷтамавӣ бо роҳбарии ӯ имконият доданд, ки 3 дурагаи мурғони сертухм офарида шуда, 5 кроссҳои сермаҳсули мурғон, мурғобию мурғи марҷон ва 3 зоти бедона муайян гардида, дар истеҳсолоти хоҷагиҳои парандапарварии ҷумҳурӣ татбиқ шуданд. Дар як вақт аз тарафи академик Комилзода Д.Қ. технологияи самараноки парвариши чӯҷаҳои мурғу мурғобӣ, реҷаҳои нигоҳдории мурғони сертухм ва беҳтар намудани сифати тухми онҳо тарҳрезӣ гардидааст. Комилзода Д.Қ. бешак олими навовар буда, бори аввал дар шароити ҷумҳурӣ хӯрокаҳои ғайрианъанавии серсафедаи маҳаллӣ (ҷойҷуворӣ, тритикале) ва иловаҳои минералдорро (бентонит, палигорскит, оҳаксанг) омӯхта, меъёрҳои самараноки онҳоро дар вояи чӯҷаю мурғон ва бедонаҳо кор кардааст. Ҳоло бо роҳбарии ӯ оид ба муайян намудани зотҳои сермаҳсули кабк ва технологияи самараноки парвариши онҳо дар Институти чорводдорӣ АИКТ, меъёрҳои самараноки истифодаи иловаи ғайрианъанавӣ орди кирмаки пилла дар ғизои бедонаҳо дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур тадқиқотҳо идома доранд. Қобили қайд аст, ки натиҷаи татқиқотҳои илмии ӯ дар хоҷагиҳои парандапарварӣ, деҳқонию инфиродии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба таври васеъ татбиқ гардида, барои баланд гардонидани самаранокии фаъолияти онҳо тавассути бештар шудани истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамоянд. Вай дар пешбурди фаъолияти бисёр хоҷагиҳо ва махсусан КВД-и «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» мунтазам ёрии машваратию амалӣ расонида,оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами рушди соҳа ба воситаи ахбори оммамунтазам баромад менамояд. Академик Комилзода Д.Қ. дар таҳияи «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» (2010), «Барномаи маҷмӯавии рушди чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2018-2022» ва лоиҳаи Стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тухми озуқавии мурғ» бевосита иштирок намуда, саҳми арзанда гузоштааст. Вай аъзои Ассосиатсияи илмии умумиҷаҳонӣ оид ба паррандапарварӣ буда, илми тоҷикро дар зиёда аз 20 мамлакати хориҷӣ муаррифӣ намудааст. Олимро аз рӯйи осори илмиаш баҳо медиҳанд. Комилзода Д.Қ. олими сермаҳсул буда, муаллифи зиёда аз 270 асари илмӣ, аз он ҷумла 14 китобу рисола, 26 тавсиянома ва дастурамали таълимию методӣ, 15 таклифҳои беҳсозию навоварӣ мебошанд. Вай дар тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ ва мутахассисони соҳа ҳамчун профессор ҳамкори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур саҳми арзанда мегузорад. Бо роҳбарӣ ва машварати илмию методии ӯ 11 номзаду доктор ва магистрон рисолаҳои илмии хешро дифо намудаанд ва ҳоло 7 нафар унвонҷӯён дар зинаҳои тадқиқоту дифо мебошанд. Комилзода Д.Қ. ҷомеачии фаъол мебошад. Вай аъзои раёсати АИКТ, Шӯроҳои илмии институтҳои чорводорию ветеринарии АИКТ, муовинираиси Шӯрои экспертии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илмҳои кишоварзӣ ва байторӣ, Раиси бахши кишоварзии Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои назорати илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик буда, дар рушди илми кишоварзӣ, тайёр намудани кадрҳои илмии соҳавӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодааст. Академик Комилзода Д.Қ. бо меҳнати софдилона ва пурсамараш ба дастовардҳои назаррас соҳиб гашта, асосгузори мактаби илмию таълимии соҳаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.ӯ аввалин доктори илм ва академики соҳаи парандапарварӣ марбут ба коркард ва такмили технологияи саноатии истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Комилзода Д.Қ. барои хизматҳои софдилонааш ҷиҳати рушди илми соҳавӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ ва мутахассисони соҳа бо ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои соҳавӣ сазовор гаштааст. Комилзода Д.Қ. дар баробари олими варзида ва омӯзгори моҳир буданаш, пеш аз ҳама бо маънии томаш инсони комиласт. Вай шахси хоксори ватандӯст, самимию заминӣ буда, хушгуфтору хушмуомила, тарбиятгару ғамхор мебошад. Ин аст, ки бо ин хислатҳояш сазовори ҳурмату эҳтроми мутахасисону олимони соҳа ва мардум гаштааст. Ҳаёт ва фаъолияти пурсамари академик Комилзода Д.Қ. шоистаи ибрати ҳамагон, махсусан, ҷавонон мебошад. Бовар дорем, ки ӯ дар оянда боз ҳам дар рушди илми кишоварзӣ, тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ ва мутахассисони соҳа ҳиссаи бештар мегузорад. У. Маҳмадёрзода, ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, профессор М. Сардоров, профессори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, аъзои вобастаи АИКТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.