Зодаи навбаҳори илм17-02-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 388 нафар
Назарҳо: 0
Пулод Ҷураевич дар иҳотаи собиқ роҳбари аввали Ҳизби Комунисти Тоҷикистон Қ.Маҳкамов, собиқ президенти АИ ҶТ М.С.Осимӣ ва собиқ ноиби президенти АИ ҶТ П.М.Саложенкин.
Одами хокӣ зи ҳақ омӯхт илм, То ба ҳафтӯм осмон афрӯхт илм. Ҳар як тифли нав ба дунё омада, меваи навбаҳори умеди падару модар аст. Ва он тифл дар оламбағали чор фасли сол рушду камол меёбад ва бо орзую умедҳои неку навини худ, ба овони солорӣ қадам гузошта, аз сабақҳои устодон ва рӯзгори нек баҳраҳо бардошта, дар ҷомеъа ҷой ва мавқеи худро муайян сохта, баҳри хидмат ба халқу Ватан камари ҳиммату ғайратро сахт мебандад. То, ки бо туфайли амалҳои неку ба ҷомеа манфиатнокиаш аз худ осоре ва номи некеро боқӣ гузорад. Дар ҳадафи ин гуфтаҳо мо мехоҳем дар бораи ҳаёту рӯзгор ва меҳнати пурфайзу бобаракати олими шинохтаю варзидаи илми генетикаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки шуҳрати ҷаҳони доштаи як нафар олими тоҷик, доктори илмҳои биология, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Усмонов Пулод Ҷӯраевич суханронӣ карда, саҳифаҳои бою рангин ва аз илму хирад саршори ин шахси оқилу наҷиб ва халиму хоксор ва дониши энсеклопедистӣ доштаро барои ибратомӯзӣ, варақгардонӣ кунем. Устод П.Ҷ.Усмонов 7 майи соли 1935 дар шаҳри Конибодом дар оилаи зиёиёни мӯътабар, ки ба халқу Ватан ҷонфидоёна хизматҳои шоистаю арзанда кардаанд, таваллуд шудааст. Падараш- Усмонов Ҷӯра рӯзноманигор, омӯзгори варзида оид ба таълими фанни таърихи халқи тоҷик ва иштирокчии фаъоли Ҷанги Бузурги Ватани буда, модараш Ҳамро Усмонова ҳамчун ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон суботкорона ва софдилона хизматҳои шоиста кардаанд. П.Ҷ. Усмонов баъд аз хатм намудани мактаби миёнаи рақами 1-и овозадори ш.Душанбе, соли 1954 ба факултаи табиатшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (собиқ ДДТ ба номи В.И.Ленин) дохил шуда, онро соли 1959 бомуваффақият хатм намудааст. Дар худи ҳамон сол, дар вазифаи дастиёри калони озмоишгоҳи физиологияи растании Институти ботаникаи АИ ҶТ ба кор оғоз карда, соли 1960 ба аспирантура дохил мешавад. Таҳти роҳбарии олими барҷастаи илми генетика Н.В.Тимофеев-Ресовский, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад ба кори илмӣ шурӯъ карда, соли 1965 оид ба мавзӯи «Таъсири ҳарорат ба барқароршавии хромасомаҳое, ки аз гамма-шӯоҳо зарар дидаанд» рисолаи номзади илми биология ва дар соли 1984 пас аз ба анҷом расонидани корҳои зиёди илмӣ рисолаи доктори илми биологияро оид ба ихтисоси «генетика» дар мавзӯи «Тағйирпазирии генетикии аломатҳои дастгоҳи фотосинтетикии растаниҳои дараҷаи олӣ» дифоъ карда, ба гирифтани унвони доктори илми биология аз рӯи ихтисоси «генетика», шарафёб мешавад. Ӯ бо донишу хиради волои худ, дар илм шахси тасодуфӣ набуда, олими барҷастае буд, ки бо саҳеҳкорӣ, дақиқназарӣ ва маҳсули зиёди илмии худ, на танҳо дар соҳаи генетика ва дигар илмҳои биологӣ, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами дигар соҳаҳои илми табиатшиносӣ ва гуманитарӣ ҳусни таваҷҷӯҳ дошта, оиди масъалаҳои баҳсталаби таъриху фарҳанги бостонӣ, физика, философия, космогония (кайҳоншиносӣ) низ нуқтаи назари худро дошт. Ва ӯ инчунин, ҳамчун устоди нотакрор, нуктаандешу варзида, солҳои тӯлонӣ дар факултаи биологияи ДМТ кору фаъолият карда, оиди курси махсус аз фанни «генетика» бо лексияҳои пурмазмуну шавқовараш дар байни профессорону устодони варзида ва донишҷӯёни ин факулта соҳиби эътибору обрӯи хоса буд. Аз ҳамин лиҳоз, соли 1995 ба дарёфти унвони профессори кафедраи биохимияи донишгоҳи мазкур оиди ихтисоси «генетика» шарфманд гардид. Устод Усмонов ҳамчун ташкилотчии моҳир ва роҳбари бисёр мавзӯҳои илмӣ дар тартиб додани барномаҳо ва ташкил кардани конфронсу симпозиумҳои илмӣ ташаббускор буда, дар бисёр ҷаласаҳои илмии ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва дар хориҷи мамлакат бо дониши шоистаи таҳсин дар мавзӯъҳои гуногун баромаду гузоришҳо карда, шаъну шарафи илми Тоҷикистонро дар олами илми муосир шӯҳратёр гардонидааст. Бар замми ин, П.Ҷ.Усмонов дар бисёр барномаҳои илмии мубаррами аҳамият ҷаҳонӣ дошта, ҳамчун аъзои фаъол ширкат варзидааст. Чунончӣ, солҳои 1975-1995- аъзои бахши генетикаи радиатсионии шӯрои илмии АИ ИҶШС оид ба масоили радиобиологӣ; солҳои 1985-1991 – аъзои шӯрои илмии АИ ИҶШС тибқи «Биологияи кайҳонӣ ва физиология»; солҳои 1987-1991- аъзои бахши ҷанбаҳои генетикии масоили «Инсон ва биосфера» дар назди Кумитаи давлатии ИҶШС, оид ба илму техника ва ғайраҳо буда, саҳмкорона фаъолияти илмӣ амалӣ кардааст. Хизматҳои шоёни илмӣ ва маҳорати баланди ташкилотчигиаш ба ӯ имкон доданд, ки дар тӯли солҳои 1987-1995 дар вазифаи мудири шӯъбаи генетикаи умумии пахтаи АИ ҶТ фаъолияти илмӣ-амалӣ намояд. Таҳти роҳбарии бевоситаи эшон 8 нафар рисолаҳои номзади илмҳои биология ва зиёда аз 40 нафар донишҷӯён оиди масоилҳои гуногуни илми генетика рисолаҳои дипломии худро дифоъ карданд. Ӯ дар тӯли бисёр солҳо дар ҳайси аъзои Шӯрои диссертастионии дар Институтҳои илмӣ тадқиқотӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе, Тошкент ва Ашхобод амалкунанда ба фаъолияти баланди касбӣ иштирок намуда, дар тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаи илми биология саҳми босазое дорад. Хизматҳои баландпояи илмию амалии П.Ҷ. Усмоновро ба назар гирифта, ӯро соли 1985 ба узви вобаста ва соли 1997 ба узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб менамоянд. Инчунин, бояд қайд кард, ки ӯ дар Тоҷикистон ягона шахсест, ки бо тавсияи кафедраҳои генетикаи ДМТ ва Донишгоҳҳои калонтарини ва бонуфузтарини Россия (шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург) соли 1990 ба унвони профессори илми генетика мушарраф гардидааст. Теъдоди мақолаву асарҳои илмиаш зиёда аз 250-то буда, ба масоили мухталифи генетикаи радиатсионӣ, генетикаи пахта, генетикаи умумии растанӣ, экология ва биологияи кайҳонӣ бахшида шуда, ба ҷабҳаҳои гуногуни соҳаҳои ин илмҳо бо роҳҳои илмӣ-амалӣ равшанӣ андохта, дар пешбурди илмҳои мазкур саҳми пурфайзу пурбаракати хешро дорад. П.Ҷ.Усмонов дар асоси тадқиқотҳои гуногуни мутатсионию гибридиологӣ (дурагакунӣ) ва омӯхтани тағйирёбии генотипикии системаи (маҷмӯътартиби) аломатҳои дастгоҳи фотосинтетикӣ, тавонистааст нақшаи оригиналии (ё аслии) таҳаввулоти мембранаи фотосинтетикӣ ва сохтори хлоропластҳоро дар олами наботот, нишон диҳад. Инчунин, ӯ бо истифода аз коллексияи генетикии арабидопсис (саврак) ва пахта оид ба масоили бунёдии (фундаменталии) генетикӣ, физиологию экологӣ ва ёфтани роҳҳои ҳалли амалии масъалаҳои муҳими ба асосҳои илмии селексияи зироатҳои мазрӯъӣ дахлдор ва баҳодиҳии оқибатҳои генетикии тағйиротҳои антропогенӣ ба муҳити сукунат, тидқиқотҳои ҷолиби қайдро анҷом додаст. Дар баробари ин, усулҳои таҳлили ҳамбастагии таъсиррасонии байниҳамдигарии аломатҳои гуногуни морфофизиологӣ ва дигар хусусиятҳои (аломатҳои) аз ҷиҳати хоҷагӣ пурқиматӣ пахта аз тарафи ӯ кор карда шуда ва дар ин асос як қатор шаклҳои мутантии ояндадори пахта ба вуҷуд оварда шудааст, ки базеи онҳо дар амалияи корҳои селексионӣ барои истифодабарӣ, тавсия дода шудаанд. Моҳи апрели соли 1986 П.Ҷ.Усмонов дар вақти рӯй додани ҳодисаи мудҳиши Чернобыл ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи радиобиология, барои бартараф намудани оқибатҳои даҳшатовари он, ба он ҷо даъват карда шуд. Дар он ҷо ӯ зиёда аз як моҳ дар сафари хизматии илмӣ-амалӣ, кору фаъолият кард. Ва аҷоибаш он, ки охирин мақолаи навиштаи ӯ низ дар бораи фоҷеаи даҳшатбори Чернобыл буда, бо номи «Чёрная быль о Чернобыле» (Рӯзи сиёҳи Чернобыл), ки 25 апрели соли 2002 дар ҳафтавораи «Азия плюс» дар арафаи солгарди фоҷеаи даҳшатовар, нашр гардид. Ва П.Ҷ.Усмонов азиз ҳамчун мутахассиси варзида, оқибатҳои даҳшатовари ин садамаро таҳлил карда, барои бартараф намудани оқибатҳои онҳо маслиҳатҳои судманд дода буд. Ҳамин тавр, хизматҳи шоёни П.Ҷ. Усмоновро Ҳукумати Ҷумҳурӣ Тоҷикистон ба назари эътибор гирифта, тадқиқотҳои пурарзиши илмии ӯро бо Ифтихорномаю Раҳматномаҳо ва ордену медалҳо қадрдонӣ кардааст. Аз он ҷумла, дар соли 1996 ба ӯ унвони фахрии «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд. Айни замон қариб бештар аз 13 сол мешавад, ки профессор П.Ҷ. Усмонов ҳаётро падруд гуфт. Вале меҳнату заҳматҳои ҷонфидоёнаи ӯ, тадқиқоту натиҷаҳои пурарзиши илмиаш чашмасон номи неки ин устоди ҳалиму дурандеш ва хоксору покизаниҳодро дар дили ҳамкорон, шогирдон ва аҳли илм зиндаву ҷовид нигоҳ хоҳад дошт. Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накӯном зист, К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро. М.М. Ёқубова, узви пайвастаи АИ ҶТ, Х.А. Абдуллоев, узви вобастаи АИ ҶТ, Б.Б.Ҷумъаев ва М. Нӯъмонов ва докторони илми биология. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.