Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавонон дар мубориза бо тундгароӣ нақши калидӣ доранд

Ҷавонон дар мубориза бо тундгароӣ нақши калидӣ доранд

14-05-2025, 15:46
Хабарро хонданд: 903 нафар
Назарҳо: 0
Дар даҳсолаҳои охир, экстремизм ва радикализми хушунатомез ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои амният ва суботи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Зимни таҳлили омилҳои рушди ин зуҳуроти хатарнок, аксар таҳқиқот ба гурӯҳи ҷавонон ҳамчун ҳам осебпазиртарин ва ҳам нерӯи калидӣ дар муқовимат ба он ишора мекунанд. Аз ин рӯ, фаҳмидани нақши ҷавонон дар мубориза бо экстремизм на танҳо муҳим, балки зарурии амалӣ ва сиёсӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон ба далели синну соли фаъол, эҳсосоти қавӣ, ҷустуҷӯи ҳувият ва дучоршавии бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ба таблиғоти гурӯҳҳои ифротгаро бештар осебпазиранд. Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ таҳти унвони "Youth, Peace and Security" (2020) зикр мекунад, ки беш аз 70% иштирокчиёни ҷангҳо дар баъзе минтақаҳо ҷавонон мебошанд, ки бештари онҳо аз бекорӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва набуди имконият ранҷ мебаранд, вале ҳамзамон, маҳз ҳамин гурӯҳ метавонад бо роҳандозии ташаббусҳои сулҳҷӯёна, корҳои маърифатӣ ва иштирок дар сиёсату ҷомеа ба як омили пешбарандаи сулҳу субот табдил ёбад.

Мутахассисони соҳаи илмҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ бар ин назаранд, ки ҷалби ҷавонон ба равандҳои таҳлили сиёсӣ, муҳокима ва қабули қарорҳо метавонад ангезаҳои онҳоро барои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ коҳиш диҳад. Ҷомеашиноси амрикоӣ Ричард Барретт, бар он назар аст, ки "Мутааллиқ будан ба ҷомеа ва эҳсоси манфиатовар будан, ду омили муҳиме ҳастанд, ки дар коҳиши экстремизм нақши муҳим доранд." Имрӯз маҳз ҷавонон бо истифодаи имконоти рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва муоширати фаромарзӣ метавонанд таблиғоти ифротиро рад карда, дар паҳн кардани паёми сулҳ ва ҳамзистӣ саҳмгузор бошанд.

Тайи солҳои охир созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди СММ, ЮНЕСКО ва СААД, лоиҳаҳоеро роҳандозӣ карданд, ки ҷавононро дар мубориза бо ифротгароӣ ҷалб менамоянд. Аз ҷумла, Қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти рақами 2250 (2015) оид ба “Ҷавонон, сулҳ ва амният” барои аввалин бор нақши ҷавононро дар тақвияти амният ва муқовимат ба зӯроварӣ ба таври расмӣ эътироф кард. Дар Тоҷикистон низ барномаҳои "Стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021–2025" мавҷуданд, ки иштироки фаъолонаи ҷавононро дар маркази худ қарор медиҳанд. Ташкилотҳои ҷавонон, форумҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ пайваста ҷавононро ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ҷалб менамоянд.
Яке аз роҳҳои асосии ҷалби ҷавонон ба муқовимат бо ифротгароӣ – ин боло бурдани сатҳи саводнокии идеологӣ ва фарҳангии онҳо мебошад. Мутахассисони соҳаи омӯзиши сабабҳои ифротгароӣ ва гаравидан ба тунгароӣ таъкид мекунад, ки яке аз омилҳои дигари ин мушкилот, надоштани саводи расонаӣ ва дониши интиқодии ҷавонон аст, ки ба осонӣ метавонанд ба доми таблиғоти ифротӣ афтанд. Аз ин рӯ, нақши муассисаҳои таълимӣ, муҳитҳои фарҳангӣ ва ВАО дар ташаккули тафаккури солими ҷавонон ҳаётан муҳим аст. Дар садҳо кишвари ҷаҳон, маҳз ҷавонон роҳбарии ташаббусҳои созандаи зидди ифротиро ба зимма доранд. Мисоли равшан – ташаббусҳои шабакаи байналмилалии YouthCAN (Youth Civil Activism Network), ки дар он ҷавонон аз кишварҳои гуногун таҷриба иваз мекунанд ва механизмҳои мубориза бо ифротгароиро мубодила менамоянд. Дар Тоҷикистон низ ҷавонон кӯшиш менамоянд дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбута бар муқобили ин падидаи номатлуб мубориза бурда, ташаббусҳои зиёд, аз қабили мақолаҳои таҳлилӣ, таҳияи видеороликҳои иҷтимоӣ, ки аз паёмади ногувори тунгароӣ маълумот медиҳанд, роҳандозӣ мекунанд. Мубориза бо ифротгароӣ кори муштараки тамоми қишрҳои ҷомеа аст, вале нақши ҷавонон дар ин раванд беназир ва калидӣ мебошад. Маҳз ҷавонон метавонанд бо эҷоди муҳити мутақобилаи эҳтиром, ҳамзистӣ ва таҳаммулгароӣ, бо шикастани қолабҳои таблиғоти радикалӣ ва бо ташаббусҳои навоварона роҳҳои муассири пешгирии ифротгароиро таҳия ва татбиқ намоянд.

Коршиноси соҳа ва олими барҷастаи исломшиносӣ Оливье Руа, гуфтааст, ки «Агар мо ба ҷавонон имконият диҳем, ки худашон созанда бошанд, онҳо ҳеҷ гоҳ вайронкунанда нахоҳанд шуд». Имрӯз ҷавонон дар кишвар, аз имкониятҳои хеле зиёде бархӯрдор ҳастанд. Онҳо ба таври фаъол дар тамоми соҳаҳо кор карда, ҳамқадами замон ҳастанд. Бинобар, огоҳӣ ва муборизаи онҳо ба муқобили чунин мушкилоти номатлуб боиси осоиштагӣ ва пешрафти зиндагии худи онҳо низ мебошад.


Мавод дар доираи лоиҳаи «Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо байни ҷавондухтарону ҷавонписарони осебпазир ба тундгароӣ», ки аз тараифи Ҳукумати Ҷопон ва БРСММ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва дастгирӣ ёфта, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим” амалӣ мегардад, омода шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: