Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «ЛОИҲАИ CASA-1000». Интизор меравад, ки корҳои сохтмонии он то охири соли 2021 пурра ба анҷом расанд

«ЛОИҲАИ CASA-1000». Интизор меравад, ки корҳои сохтмонии он то охири соли 2021 пурра ба анҷом расанд

15-07-2020, 10:05
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
«ЛОИҲАИ CASA-1000». Интизор меравад, ки корҳои сохтмонии он то охири соли 2021 пурра ба анҷом расанд
Айни замон дар соҳаи электроэнергетика 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар марҳилаи татбиқ қарор доранд, ки яке аз онҳо «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000» мебошад. Дар доираи қисматҳои лоиҳаи минтақавии CASA-1000 корҳои лоиҳакашию ҷустуҷўӣ, сохтмонӣ, иҷрои чорабиниҳои иҷтимоию экологӣ ва таҳияи нақшаи муҳоҷиркунонӣ идома дода шуданд.
Дар ин бора 13 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Муовини вазир зимни шарҳи бештари ин мавзӯъ иброз дошт, ки «дар доираи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ корҳои заминию бетонӣ идома дода шуда, ҳамчунин то ин муддат конструксияҳои металии равоқпояҳо, болтҳои анкерӣ ва қубурҳои заҳкашӣ ба майдони сохтмонӣ ворид карда шуданд. Ҳарчанд хурӯҷи бемории COVID-19 ба суръати корҳои сохтмони бе таъсир намонд, вале корҳои сохтмони вусъати тоза доранд. То кунун бештар аз 30 дарасади таҷҳизоти зарурии сохтмони тарҳи мазкур ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст».
«Аз ҷумла, таҳти ҳамоҳангсозии Вазорат музокиротҳо байни ширкати пудратии Калпатару ва ҶДММ «Ноқили Талко» вобаста ба харидории ноқили навъи «ФАЗАН» дар ҳаҷми 1780 км ба анҷом расида, санаи 11 майи соли 2020 шартнома ба маблағи 9,7 млн. доллари ИМА ба имзо расида, маблағи пешпардохт ба ширкати мазкур дар ҳаҷми 1,9 млн. доллари ИМА пардохт карда шуда, вобаста ба баррасии масъалаҳои ҷории лоиҳа аз ҷониби Ситоди доимоамалкунандаи лоиҳа 7 ҷаласа гузаронида шудааст»,- афзуд номбурда.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони тарҳи CASA-1000 дар ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон бо маром идома дорад ва интизор меравад, ки то соли охирҳои соли 2021 корҳои сохтмонии он пурра ба анҷом расанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 хати интиқоли барқро, ки шароити содироти барқро аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон фароҳам меоварад, дарбар мегирад. Ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон солона дар ҳаҷми 1300 мВт. неруи барқро содирот намоянд.
Коршиносон мегӯянд лоиҳаи CASA-1000 беҳамто буда, аз бунёди он ҳам кишварҳои содиркунанда ва ҳам кишварҳои истеъмолкунанда суд хоҳанд дид. Агар кишварҳои содиркунанда ба даромади хуб даст ёбанд, пас кишварҳои истъемолкунанда низ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон таъмин хоҳанд шуд, ки дар самти густариши робитаҳои иқтисодӣ ва аз байн бурдани камбуди неруи барқ хеле муҳим аст.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: