6 январи соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Қубодиён баргузор гардида, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 пешбарӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар маҷлис масъалаҳои тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 баррасӣ гардиданд. Маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Қубодиёнро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Лола Сулаймонзода оғоз намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро ба ҳозирин тавзеҳ дода, гуфт, ки ин санад навиди навгониҳо ва нақшаҳои ояндасози мамлакат маҳсуб мешавад.
Аз рӯи масъалаи дуюми маҷлиси якҷояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин ноҳияҳо муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода сухан гуфта, номзадии Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназарро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 пешбарӣ намуд. Иброз шуд, ки интихобот ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ раванди муҳими сиёсие аст, ки пешрафту рушди минбаъдаи давлати мо ба натиҷаҳои он сахт вобаста мебошад.
Интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ мақоми махсус дошта, иштироки фаъолонаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ ва интихоби огоҳонаи онҳо омили муҳимми суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тибқи нақшаи баргузории маҷлис Комиссияи баҳисобгирии овозҳо тасдиқ карда шуда, номзадии Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботи Ҷалолиддини Балхӣ №30 пешбарӣ шуд.
Дар анҷом бо овоздиҳии аъзои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Қубодиён номзадии Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботи Ҷалолиддини Балхӣ №30 интихоб гардид.