Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ МУШТАРАК ВАКИЛИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ ГАРДИД

ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ МУШТАРАК ВАКИЛИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ ГАРДИД

9-01-2020, 14:05
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ МУШТАРАК ВАКИЛИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ ГАРДИД
Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор-муовини аввали Раиси муаззами ҲХДТ ва Раҳмонзода Абдулло - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Конференсияи якҷояи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Кӯшониён дар ноҳияи Вахш баргузор гардид.

Дар Конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ҷиҳати пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Вахш-32” муовини аввали Раиси муаззами ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор суханронӣ карда, номзадии Сафарзода Бахтовар Амиралиро пешбарӣ намуд. Мавсуф дар бораи кору фаъолият ва сифатҳои хуби Сафарзода Бахтовар сухан ронда, аз вакилони Конференсия даъват ба амал овард, ки номзадии Сафарзода Бахтоварро ҷонибдорӣ намоянд. Вакилони Конфиренсия аз ноҳияи Вахш Садриддин Ахмедов, Зебонисо Нодирова ва аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҳмадсаид Абдулҳаев ба музокира баромада, дар бораи хислатҳои нек ва кордониву соҳибмаърифат будани Сафарзода Бахтовар суханронӣ намуда, пешниҳоди Азизӣ Абдуҷабборро ҷонибдорӣ намуданд.

Баъди баргузории овоздиҳии пӯшида, тибқи протоколи комиссияи баҳисобгирии овозҳо вакилони Конференсия ба ҷонибдории номзадии Сафарзода Бахтовар якдилона овоз дода, Сафарзода Бахтовар дар Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои Вахш, Ҷ.Балхӣ ва Кӯшониён номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: