Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид

Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид

Вчера, 08:49
Хабарро хонданд: 32 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардидИмрӯз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар даври ниҳоии озмун, ки дар литсейҳои касбии политехникӣ, сохтмонӣ ва дӯзандагии шаҳри Душанбе идома дорад, 150 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин, челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ иштирок доранд.

Зимни ифтитоҳи озмун дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» барои соҳибкасб гардонидани аҳолии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Зеро дар ҷаҳони муосир бе доштани ҳунар ё ихтисоси мувофиқ шахс наметавонад мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад ва рӯзгорашро пеш барад.

«Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Президенти Тоҷикистон зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд, ин мувофиқ ба талаботи рӯз омӯзонидани касбҳои коргарӣ ва дар ин замина соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи дуру наздик ворид намудани онҳо мебошад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбир меандешад, ки ба наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ касбҳои коргарӣ омӯзонида шаванд»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ёдовар мешавем, ки даври якуми озмун аз 10 то 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд. Дар он аз рӯйи 10 ихтисос 1000 нафар иштирок намуда, 150 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

Маросими даври ҷамъбастии озмун 27 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо мақсади такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо гузаронида мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: