Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Кӯлоб беш аз 400 нафар ба даври дуюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» роҳхат гирифтанд

Дар Кӯлоб беш аз 400 нафар ба даври дуюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» роҳхат гирифтанд

9-08-2021, 09:59
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кӯлоб беш аз 400 нафар ба даври дуюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» роҳхат гирифтанд

Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 400 нафар иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки ин аз маҳбубият касб кардани озмуни мазкур миёни аҳолӣ ва рӯ ба китобхонӣ овардани шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.

Бештари довталабонро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аксари онҳо дар номинаи хондан ва аз бар кардани адабиёти бачагона иштирок доштанд.

Сардори раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Қадамшо Ҳакимзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки «аз муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар озмуни мазкур беш аз 300 нафар ширкат доранд, ки 276 нафари онҳо дар номинаи хондан ва аз бар кардани адабиёти бачагона номнавис шудаанд».

Азбаски шумораи иштирокчиён хеле зиёд буд, довталабони номинаи хондан ва аз бар кардани адабиёти бачагона давоми ду рӯз назди ҳакамон баромад карданд. Ҳакамон вобаста ба талаботи озмун ба омодагии ҳар довталаб аҳамият дода, бештар аз адабиёти тавсияшуда ва адабиёте, ки довталабон пешниҳод карда буданд, суолу ҷавоб мекарданд. Қисми зиёди иштирокчиён хеле фаъол буданд. Имсол дар озмун шумораи калонсолон низ зиёд шуда, онҳо дар номинаҳои гуногун ширкат меварзанд.

Мақсади асосии баргузории озмун- ин бештар ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ ва таҳрики маърифати зеҳнии хонандагон мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: