Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Давоми 6 соли баргузории озмун маблағи «Шоҳҷоиза»-и он зиёд шуд

Давоми 6 соли баргузории озмун маблағи «Шоҳҷоиза»-и он зиёд шуд

3-01-2024, 13:09
Хабарро хонданд: 96 нафар
Назарҳо: 0
Давоми 6 соли баргузории озмун маблағи «Шоҳҷоиза»-и он зиёд шудДавоми 6 соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маблағи «Шоҳҷоиза»-и он 50 ҳазор сомонӣ зиёд шуд, яъне он аз 20 ҳазор сомонӣ ба 70 ҳазор сомонӣ зиёд гардонида шуд. Дар робита ба баргузории озмуни имсола ва тағйиру иловаҳо ба он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврузи Мирзо ҳамсуҳбат гардид.

Ба озмун якчанд тағйирот ворид гардид

«Имсол таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори шашум гузаронида мешавад. Соли равон ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиён ба озмун якчанд тағйирот ворид гардид. Аз ҷумла, «Шоҳҷоиза»-и озмун аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид», — иброз дошт сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Номбурда тазаккур дод, ки ҷиҳати боз ҳам такмил бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии иштирокчиён соли 2024 ба низомномаи он якчанд тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

«Ин тағйирот, пеш аз ҳама, дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» ворид гардида, номи номинатсия ба «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз бахшҳои фаъолтарини озмун ба ҳисоб рафта, довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Инро ба инобат гирифта, соли равон ин номинатсияро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум- хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм- хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм- хонандагони 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд»,-гуфт ӯ.

Шумораи «Шоҳҷоиза»-и озмун ба 4 адад расид

Наврузи Мирзо иброз дошт, ки хусусияти синнусолии кӯдакону наврасон ба инобат гирифта шуда, Шоҳҷоизаи озмун аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид. Чунин тағйирот барои дарёфти «Шоҳҷоиза», ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмиву насриро аз рӯи чор номинатсия дар бар мегирад ва барои иштирокчиён каме душвор буд, ворид шуд. Ҳамзамон шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 ғолибро ташкил медиҳад.

«Бо назардошти тағйироти воридшуда, имсол маблағи умумии мукофоти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 миллиону 570 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад»,- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Барои иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ имтиёз пешбинӣ шудааст

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024 баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор мегардад.

Тибқи дастури Пешвои миллат, соли равон низ барои иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он, довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.

Гирандагони «Шоҳҷоиза»-и озмун давоми панҷ сол киҳо буданд?

«Шоҳҷоиза»-и озмун соли 2023 бо маблағи 70 ҳазор сомонӣ насиби донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ гардид.

«Шоҳҷоиза» ва маблағи 70 ҳазор сомонии озмун соли 2022 ба хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева сазовор дониста шуд.

Соли 2021 бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи Низомномаи озмун ягон нафар ба дарёфти «Шоҳҷоиза» муносиб дониста нашуд.

Ҳамзамон соли 2020 тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон «Шоҳҷоиза»-и озмунро Раъно Насриддинова — хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент соҳиб шуд. Ба ғолиби «Шоҳҷоиза» Диплом ва 60 000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Соли 2019 «Шоҳҷоиза»-и озмун ба Бунёд Раҳнамо сазовор дониста шуд.

Ғолиби озмун аз рӯи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Бунёд дониста шуда, ба ӯ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: