Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» муайян гардиданд

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» муайян гардиданд

13-01-2020, 10:46
Хабарро хонданд: 498 нафар
Назарҳо: 0
Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» муайян гардидандМураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом Розия Нурматова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ва мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони ВМКБ Ангома Атомамадова бо гирифтани 207 хол дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» 10 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар маросими ҷамъбастии озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва ҳайати ҳакамон озмунро натиҷагирӣ намуда, ғолибони даври ниҳоиро эълон намуданд.

Ҳамчунин сазовори ҷойи дуюм бо гирифтани 190 хол мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Бохтар Ойтилло Тағоева ва сазовори ҷойи сеюм бо гирифтани 185,5 хол мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова гардиданд.

Зимни ҷамъбаст зикр шуд, ки дар таърихи баргузории озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» бори аввал намоянда аз марказҳои инкишофи кӯдак ширкат намуданд.

Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа мебошад.

Ғолибон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоиза, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорнома, роҳхат барои осоишгоҳ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 8-уми январ оғоз гардида, давоми ду рӯз иштирокчиён тибқи шартҳои муайяншудаи Низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро санҷиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: