Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ: Конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ

ҲАЁТИ ҲИЗБ: Конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ

10-09-2024, 16:20
Хабарро хонданд: 109 нафар
Назарҳо: 0
ҲАЁТИ ҲИЗБ:  Конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ

ШУҒНОН. 4-уми сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Конференсияи 20-уми ҳисоботӣ-интихоботи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Собирҷон Қазоқов ва раиси ноҳия Комил Шоисматуллозода баргузор гардид. Рӯзномаи Конференсия 6 масъаларо дарбар гирифта, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон оид ба фаъолияти ҳизб дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. 26 нафар ба ҳайати нави аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон ва 23 нафар ба Конференсияи 18-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ вакил интихоб гардиданд. Фаъолияти дуюнимсолаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон аз тарафи вакилон ва иштирокдорони Конференсия қаноатбахш арзёбӣ шуд. ҲАЁТИ ҲИЗБ:  Конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ

ХОРУҒ. Санаи 5-уми сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Конференсияи 16-уми ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ доир гардид. Дар кори Конференсия масъулини Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Собир Қазоқов, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, муовини раиси шаҳр, вакилон, аъзои фаъоли ҳизб ва собиқадорон иштирок карданд.
Дар кори Конференсия нахуст суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Париноз Азизова шунида шуда, тибқи тартиби баргузории Конференсия ҳайати раёсати он интихоб гардид.
Дар идомаи кори Конференсия масъалаҳо дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, дар бораи ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ва интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ ва интихоби вакилон ба Конференсияи 18-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ВМКБ баррасӣ гардиданд. Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Париноз Азизова оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз соли 2022 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Сипас, вакилони Конференсия аз рӯйи дигар масъалаҳои баёншуда ҳисобот манзур карданд. Дар идомаи кори Конференсия раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода суханронӣ карда, аз ҷумла иброз дошт, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қисми таркибии низоми сиёсии кишвар буда, аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гардиданаш тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ ва бо такя ба масъулиятшиносию неруи зеҳнии аъзои ҳизб ба омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст. Гуфта шуд, ки имрӯз ҳаёти сиёсии кишварро бе Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳсули андешаву ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин ҳар як аъзои ҳизбро водор менамояд, ки дар амри иҷрои корҳои бузурги созандагӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеш бошад. Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода дар суханронии хеш баён дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ нишон дода, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Ҳизб барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Дар идомаи кори Конференсия раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода дар вазъияти тантанавӣ бо сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ ва чанде аз фаъолон бо сипосномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, дар охир як гурӯҳ ҷавонон дар асоси аризаи пешниҳодкардаашон ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд.
ҲАЁТИ ҲИЗБ:  Конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ
РОШТҚАЛЪА. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа Конференсияи 18-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа доир гардид. Дар кори он намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова ва узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Роштқалъа Лашкар Сафарзода иштирок ва суханронӣ карданд. Ҳамзамон, дар кори Конференсия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, собиқадорон, аъзои фаъоли ҳизб, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок карданд. Дар Конференсия 7 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа Ансор Алибеков шунида шуд. Баъдан, раиси Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Қодир Қодиров оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ ахборот дод. Дар кори Конференсия аъзои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа дар ҳайати 31 нафар интихоб гардида, Ансор Алибеков аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа интихоб шуд. Конференсия 18 нафарро ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ВМКБ вакил интихоб намуд. Фаъолияти дуюнимсолаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа аз тарафи вакилон ва иштирокдорони Конференсия қаноатбахш арзёбӣ шуд. Дар охир ба 5 нафар ҷавонон, ки нав ба сафи ҳизб пайвастанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд. Инчунин, фаъолони ҳизб дар ноҳия, собиқадорон ва варзишгарон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

ХУРОСОН. 6-уми сентябри соли равон Конференсияи 18-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ва раиси ноҳияи Хуросон Носир Суризода иштирок доштанд.
Пеш аз оғози Конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Хуросон дидан карда, ба онҳо баҳои балнд доданд.
Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар кори Конференсия масъалаҳои зерин, аз ҷумла дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, дар бораи ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, интихоби вакилон ба Конференсияи 15-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рустам Бозорзода ҳисобот дода, аз ҷумла зикр кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон фаъолияташро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои Анҷуманҳои XIII ва XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлисҳои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, нақшаҳои кории Кумитаи иҷроия ва пеш аз ҳама, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ин раванд корҳои тарғиботӣ бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои бунёдкориву созандагиро ба роҳ мондаанд. Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Сипас, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон” ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан Ғолибҷон Сиддиқзода, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” Гулсун Шукурова, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармонгоҳ” Ҳабиба Дӯстова ва собиқадори ҳизб, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Алимаҳмад Аминов ба музокира баромаданд. Зимнан, раиси ноҳияи Хуросон Мурод Суризода зимни суханронӣ баён дошт, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати саросарист, ки мо, ҳизбиён дар маҷлису ҷамъомадҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбуб - Тоҷикистон сухан мекунем. Дарвоқеъ, танҳо чунин шароити созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода оид ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон андешаронӣ карда иброз дошт, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби аъзокунӣ ба сафи ҳизб ва зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ҳизбӣ яке аз фаъолиятҳои асосии ҲХДТ ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ низ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки имрӯз ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд дар муқобили хоинони миллату давлат бо устуворӣ қавӣ ва дониши мусаллаҳ истодагарӣ намоянд. ҲХДТ ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем. Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода низ дар ҷараёни муҳокимаронӣ доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону бонувон андешаҳои хешро баён дошт. Зимнан, аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон интихоб гардид. Вобаста ба масъалаи чоруми рӯзномаи Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рустам Бозорзода ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон пешниҳод гардида, аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб карда шавад. Аз рӯйи масъалаи панҷуми рӯзнома аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон интихоб гардиданд ва тибқи масъалаи шашуми рӯзнома вакилон ба Конференсияи 15-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд. Дар қисмати ниҳоии Конференсия якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон сарфароз гардиданд.
“МХ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: