“МЕҲРИ ВАТАН”-И МУҲАММАД ҒОИБ11-09-2024, 15:59
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»-и пойтахт таҳти унвони «Меҳри Ватан» шоми эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ҷоизаи Чингиз Айтматов Муҳаммад Ғоиб баргузор гардид. Зимни чорабинии бошукӯҳи адабиву фарҳангӣ роҳбарони як зумра ташкилоту муассисаҳо, ходимони илму фарҳанги кишвар, намояндагони ВАО ва дӯсторону пайравони каломи меҳри шоири маҳбубу ватансаро устод Муҳаммад Ғоиб иштирок намуданд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ сараввал иштирокдорони маҳфили адабиро ба ифтихори 33 – юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ самимона шодбод гуфта, қудуми шоири ватансарову маҳбуби дилҳо Муҳаммад Ғоибро ба маҳфили адабии “Меҳри Ватан” хайрамақдам гуфтанд. Илова намуд, ки воқеан Муҳаммад Ғоиб аз саромадони шоирони ватанпарвар ва ватандӯсти тоҷик буда, муҳтавои асосии ашъори ӯро Ватан, Тоҷикистон, пос доштани хоки ин сарзамини биҳиштосо ва рамзҳои муқаддаси миллӣ ташкил медиҳад. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суханронӣ хеле бамаврид зикр намуд, ки маҳсули эҷоди Муҳаммад Ғоиб саршор аз ғояҳои озодиву ободӣ, огоҳиву ватандӯстӣ, ишқу муҳаббат ва накукориву самимият буда, ихлосмандони каломи нобашон аз он баҳравар шудаву лаззати маънавӣ мебардоранд. Мавзуи иҷтимоӣ бо тамоми вусъат ва масоҳат дар шеъри устод салтанат дорад ва тобишҳои тозаи эҷодӣ дар ин самт рангу ҷилои нав ба навро эҳдо мекунад. Каломи мавзунашон зиндагии инсонҳоро бо ҳама каму афзунаш дар худ таҷассум карда, диди шоирона ва эҳсоси дурпаймову ниҳонбинашон ба ҳар мавзуе ру оваранд, ҷавҳари онро дарёфт менамояд. Аз мутолиаи ашъори устод Муҳаммад Ғоиб таърихи гузаштаи миллат, имрӯзи пуртаҷаммули Тоҷикистон, корномаҳои беамсоли бузургмарди даврони муосир, ҷонфидоиҳои родмардони Ватан, талошҳои рӯзафзуни мардуми кишвар дар арсаи ободкориву созандагӣ пеши назар ҷилвагар мешавад. Ҷавҳари шеъри оламафрӯзи устод, аслан муҳаббат аст, муббати ҷовидонаи Ватан. Ошноӣ бо осори Муҳаммад Ғоиб хонандаро ангезаву омузаҳои бузурги ватандориву меҳанпарварӣ мебахшад. Шеърҳои устод оинадори дарду муаммоҳои ҷомеаи имрӯз, худшиносиву худогоҳӣ, ҳувият ва ҳуррияти миллӣ, ихтилоф ва пайкор бо адувони дохиливу хориҷӣ буда, хонандаро ба шинохти асолати миллӣ ва посдории арзишҳои бузурги Ватан ҳидоят мекунад. Ҳамин як мисраи машҳури "Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст"-и утод, хулосаи садҳо рисолаи илмиву адабӣ дар бобати шинохти зодбуми Наврӯзи ҷаҳонии мост, ки манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои таърихии миллати куҳанбунёди тоҷикро дар талотуми бархурди тамаддунҳо дифоъ мекунад. Мисраъҳои ҷонафрӯзи шоир ҳамеша моро ба масъулиятшиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлол ва саҳмгузорӣ дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат даъват ва ҳидоят менамояд. Гӯш ҳарфи Роҳбар бояд кунем,
Дуртар роҳи назар бояд кунем. Дасти нанги худ сипар бояд кунем, Қатраҳоро ҳам гуҳар бояд кунем. Дар ҳама майдон зафар бояд кунем, Тоҷикистонро дигар бояд кунем! «МХ» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.