Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАМОИШИ БОШУКӮҲИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

ҲАМОИШИ БОШУКӮҲИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

6-03-2023, 19:48
Хабарро хонданд: 622 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМОИШИ БОШУКӮҲИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРСубҳи 6-уми марти соли равон саҳни Маҷмааи “Кохи Наврӯз”, ки дар маркази пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҷойгир аст, фазои идона дошт. Зеро дар ин маҷмааи назаррабо бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили “Рӯзи Модар” таҳти унвони “Нақши Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар густариши рисолати иҷтимоии занон” чорабинии бошукӯҳи идона доир шуд.

Иштирокчиёни ин маҳфили идона қабл аз оғози чорабинӣ аз толорҳои Маҷмааи “Кохи Наврӯз”, ки нодиру нотакрор ба назар мерасанд, дидан намуданд.

Дар чорабинӣ Абдуҷаббор Азизӣ - Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Эмомалӣ Насриддинзода - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Сатториён Матлубахон - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳасанзода Гулнора - Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Зулфия - Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб - Шоири халқии Тоҷикистон, собиқадорони хизмати давлатӣ ва ҳизбӣ, фаъолзанони пойтахт, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз ҳисоби занон, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Ҷамъомади идонаро Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ намуда, қабл аз ҳама кулли бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар табрику муборакбод гуфта, изҳор доштанд, ки зиндагӣ аз домони поку мусаффои Модар ибтидо мегирад. Зан-Модар олиҳаи зебоӣ, чашмаи ҷӯшони меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат аст, ки ҷаҳонро ҳамарӯза бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ нуру сафо мебахшад.

-Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллатро ба дунё оварда, дар домони муҳаббати поки худ парваридааст, оини ватандорӣ ва хидмат ба ҷомеаи башарро чун амонати муқаддас дар вуҷуди онҳо сириштааст. Дар ҳама давру замонҳо тоҷикон зан - модарро гиромӣ медоштанд, дар ҷавоби ҷоннисориҳои ҳаётангези ин фариштаи заминӣ, ки ба як даст гаҳвораи фарзанд ва бо дасти дигар гаҳвораи фарҳангу тамаддуни миллат дошт, сари таъзим фуруд меоранд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо шарофат ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар ҷомеа мақоми баландро соҳиб гаштааст ва манзалати он сол то сол устувору тақвият ёфта истодааст,-афзуданд Абдуҷаббор Азизӣ.

Ӯ ҳамзамон илова намуданд, ки дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиву адолатпарвар, ки Тоҷикистон онро интихоб намудааст мо ба неруи бузурги маънавӣ, рисолати тарбиятгарӣ ва зиндагисози шумо - модарон ва хоҳарону духтарони азиз такя хоҳем кард.

Таърих гувоҳ аст, ки занон бо хислати наҷиби тарбиятгаронаи худ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан, равнақи илму ҳунар ва бузургдошти арзишҳои миллӣ ҳидоят мекарданд.

Эмомалӣ Насриддинзода низ дар навбати худ занону бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, изҳор доштанд, ки ҳанӯз аз ибтидои шуруи рисолат, Пешвои муаззами мо Ватанро аз ҷумлаи аввалин муқаддасоти ҳаёти худ пазируфтанд ва бо ҳастиву пайкору ибтикорҳои шарафмандашон зимомдору оинанамои ҷовидони Тоҷикистон гаштааст.

Чуноне Президенти маҳбуби мо, Пешвои сулҳовару наҷотбахш, модарнавозу модарпарвари мо, ки худ рӯшантарин намунаи ибрати модардорӣ барои аҳли ҷомеа ҳастанд, пайваста таъкид мекунанд, ки ҷойгоҳи модарону бонувон барои давлат ва миллати мо муқаддамтарин ва муқаддастарин аст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масоили густариши рисолати ҷамъиятии бонувон, ҷалби бештари онҳо ба корҳои давлатӣ тамоми иқдомҳои бузургу муваффақонаро анҷом додаанд ва дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон нақши занону бонувонро дар рушди тамоми соҳаҳои кишвар назаррас арзёбӣ мекунанд.

Дар идомаи маҳфили идона Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бузургии Зан-Модарро ситоиш намуда, уро волотар аз фариштаи ҳаёт унвон намуда, чароғи фурӯзони хонадон маънидод карданд. Шоири маҳбуб ҳамзамон оид ба рисолати беназири занону бонувон дар осори донишмандону мутафаккирон ва шоирону нависандагон ёдовар шуда, бо чанд мисра шеъри дилнишин аз ашъори худ дар васфи Зан-Модар табъи ҳозиринро шоду масрур намуданд.

Ҳамин тариқ, дар чорабинии идона ба занону бонувон туҳфаҳои идонаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта идомабахши чорабинии бошукӯҳи идона гардид.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: