Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пайғоми меҳр

Пайғоми меҳр

23-05-2022, 09:49
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
Пайғоми меҳр
Як пора меҳр атрофи китоби «Пайғом»-и адиби ширинкалом шоири хушқалам Сафар Амирхон

Дунёи пур аз назокату латофати шеъри шакарини форсии оҷикӣ тули сад соли охир дар қаламрави назми оламгири Ориёӣ, тавониста, ки бо шукуҳу шаҳомати хоси хеш соҳиби ҷойгоҳи шоистаи суханварӣ бигардад. Агарчанде, ки шеъри оламгири тоҷик беш аз ҳазор сол, бо номи пурифтихори устод Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бини Рўдакии Самарқандии Сомонитабор, бар қалби беш аз садҳо миллион порсибунёдони олам пайғоми меҳр овардааст. Шеъри замони пуршукуҳи Истиқлоли давлатӣ, ки бунёдашро устодони варзидаи каломи бадеӣ Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо ва даҳҳои дигар дар киштзори маъонӣ гузоштаанд, боғи ҳамешабаҳори маърифати миллиро сарсабзу хуррам намудаанд. Шоирони соибэъҷози тоҷик устодон Бозор Собир, Ашур Сафар, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Қутби Киром, Ҳадиса Қурбон, Гулрухсор Сафиева садҳо муштоқону шефтагони сухани ноби назми оламгири тоҷикро ба майдони назокати суханварӣ оварданд. Адиби хушзавқ ва хушкаломи тоҷик Сафар Амирхон аз зумраи он адибонест, ки бо самимият ва муҳаббати зиёди суханварӣ дар ин қаламрави маънихезу маънирез гомҳои устувори хешро гузошта. Китоби ашъори шоир, ки ба номи «Пайғом» бо ибтикори шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Рўдакӣ Муҳаммад Ғоиб ва шоиру муҳаққиқи шинохта устод Муҳтарам Ҳотам дар нашрияи Адиб рўи чоп омадааст, миёни хонандагони сершумор соҳиби эътибори баланд гардидааст.
Хонандаи тоҷик ба ашъори шоир ҳанўз оғози солҳои ҳаштодуми садаи гузашта аз тариқи маҷаллаву рўзномаҳои кишвар ошно гардида, шеъраш миёни аҳли маънӣ ва дўстдорони шеър мавриди гуфтугў қарор гирифтааст. Субҳи пурсаодати Истиқлол, ки дар ашъори шоир ҷойгоҳи пурэътибореро касб намудааст, бар ашъори шоир накҳату назокати хосае бахшидааст. Он гуна, ки шоир фармуда:

Ифтихори мо зи Истиқлоли мост,
Аз сафои бахту аз иқболи мост.
Соҳибистиқлолу соҳибдавлатем,
Мурғи дунёи фараҳ ҳамболи мост,
Шукри ободии даврон мекунем.
Шукри хоки Тоҷикистон мекунем.
Ҷонфидо чун Коваи оҳангарем,
Сарбадорон дар дифои кишварем.
Парчами нанг аз ватандорӣ ба каф,
Шуҳраташро аз фалак боло барем.
Ҳамчу фарзанди вафодори Ватан,
Дар дифояш бигзарем аз ҷону тан.
Мулки худро боғу бустон мекунем,
Сабзу хуррам чун гулистон мекунем.
Бо сарафрозиву бо азму талош,
Зиндагии хубу шоён мекунем.

Ҳамин истиқбол намудан аз Истиқлол ва ҷоннисор будан дар роҳи ормонҳои худшиносии миллӣ, шоирро ҳамқисмати ватанаш намуда, бо як самимият ва муҳаббати ватандорӣ қалби хонандагонро саршор аз меҳри Ватан намудааст. Дар боли орзуҳои ватандорӣ аз гузаштаи пурифтихори худ аз сафаҳоти рангини «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тўсӣ ёдоварӣ намуда, қаҳрамониҳои Коваи оҳангарро ливои ватанхоҳон намуда, садоқати Сарбадорон ё худ Сафедҷомагонро дар роҳи ҳимояи Ватан ва Истиқлоли давлатӣ сутудааст. Ин тасвири шоир хонандаро дар боли муҳаббати ватандори вориди таърихи пурифтихори меҳан намуда, ифтихори ватандориро дар қалби онҳо зиёд менамояд. Ҳамин суннати аҷдодии ватанхоҳиву ватансозӣ муҳаббати хонандаро ба Ватан афзун намуда эътибори шоирро миёни хонандагон баланд менамояд. Ҳар сатри пур аз муҳаббати ватандории шоир гувоҳи садоқати ў ба ҳар як ваҷаб хоки диёр мебошад. Мавқеъ ва мақоми иттиҳоду якпорчагӣ ва дўстиву баҳамоии мардумони Тоҷикистон дар маркази тасвирҳои шоир қарор гирифта, бо самимияти зиёд дўстиро бақои давлат ва миллат ном бурдааст. Онгуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохўриҳояш бо мардум ба таъкид аз боби дўстӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ ва баҳамоии мардум мегўяд, ин таъкид аз ҷониби шоир сари ҳар сатр дастгирӣ ёфтааст. Чунончӣ шоир дар шеъри «Баҳори дўстӣ» с:10 овардааст:

Сарфарозем аз баҳори дўстӣ,
Дар самои беғубори дўстӣ.
Роҳи фардоро мунаввар кардааст,
Офтоби пурбори дўстӣ.
Ҳамдилӣ оварда дунёи вафо,
Аз шукуҳу эътибори дўстӣ.
Тоҷикистон рашки сад гулшан шуда,
Аз нумуи навбаҳори дўстӣ.
Аз азал бо ҳам қарину ҳамдилем,
Балки ҳастем аз табори дўстӣ.
Дил самарқанду Бухоро мебарад,
Холи ҳиндуи нисори дўстӣ.
Марҳабо эй дўстони меҳрубон
Бар Душанбею Ҳисори дўстӣ.
Сарфарозӣ аз дилу ҷон мекунем,
Дар ҳавои ифтихори дўстӣ.
Баъд аз ин то авҷи гардун меравад,
«Нағмаҳои чангу тори дўстӣ».

Халқи тоҷик, ки табиатан оини созандагӣ ва муҳаббати дўстиву бародариро дар сиришташ мепарварад бо зумра халқҳои олам дўст ва хеши наздик гардидааст. Шоири шаҳири миллат, Қаҳрамони халқи тоҷик, устод Мирзо Турсунзода, ки бо силсилаи шеърҳои ба дўстиву бародарӣ бахшидааш «Силсилаи шеърҳои қиссаи Ҳиндустон» номгузорӣ шудааст, ҳанўз замони Шўравӣ бо садҳо забони мардуми Шўравӣ тарҷима гардида миёни тамоми мардуми собиқи Шўравӣ соҳиби эъҷози баланд мебошад. Шоири дардошно Сафар Амирхон, ки парвардаи замони пурифтихори Шўравии инсонсолор мебошад, дўстиву муҳаббати ватандорӣ дар ашъораш мақоми хосаеро касб намудааст. Манзараҳои зебои диёр, табиати афсункор ва олами пурмўъҷизаи кишвар дили шоирро ба шўр оварда, баҳори гулбасару гул ба домони Ватани азизаш мурғи илҳомашро баландпарвоз намуда, бо нағмаи ҳазор ово ва оҳангу замзама мегўяд:

Чун чеҳраи ту баҳор омад хандон,
Гулчеҳраву гулнисор омад хандон.
Дар домони кўҳу пушта гулхезӣ бин
Рухсора чу лолазор омад хандон.
Гулбасти ҳазорранг дорад бар тан,
Бо зам-замаи ҳазор омад хандон.
Шуд кокули чашмаҳои кўҳӣ пурчин,
Ҳар нахл шукуфабор омад хандон.
Гул дар бару, гул дар кафу, гул дар домон,
Шукрона, ки навбаҳор омад хандон.
Бо тоқии гулдўз ба Наврўзи Ватан,
Навошиқи пурхумор омад хандон.

Ҳамин замзамаҳои наврўзи диёр ва шукуфоиву сарсабзиҳояш мурғи илҳоми шоирро ба парвоз оварда қаламроҳи эҷодашро муаттар гардонидааст. Тасвири кўҳу пуштаҳои сабзпуши диёр, чаҳ-чаҳи мурғакони ошиқи баҳор, дамидани сабза ва гулбасар гаштани ниҳолу дарахтони боғҳо ашъори шоирро сабз андар сабз намуда, хонандаро мафтуни тасвирҳо менамояд. Он гуна, ки шоир дар шеъри «Гулбарги тари сабза» с:13 овардааст:

Оинаи Наврўз аст шабнам ба сари сабза,
Хуршед шавад хандон дар чашми тари сабза.
Рақсанд сафедорон дар роҳу хиёбонҳо,
Аз хандаи гул хандад шому саҳари сабза.
Рахшон чу гули дўғӣ ҳар қатраи боронаш,
Ҳар сунбули навруста дорад асари сабза.
Гулқолии сабз инҷо, сад болини сабз инҷо,
Чашмат нашавад кандан, аз бому дари сабза.
Дарё таги пул хандад, себаргаву гул хандад,
Ку дида гули қоқу пеши назари сабза.
Синҳор нигаҳ дорад, ру ҷониби шаҳ дорад,
Ду дида ба раҳ дорад, пурсад хабари сабза.
Гулҷўши баҳор омад, сабзинанигор омад,
Бо чашми хумор омад, сайри гузари сабза.

Ҳамин зебогии тасвир, ки варақи эҷоди шоирро ҳазорранг намудааст, қалби хоса хонандаро ба шўр оварда, ўро вориди чамани сабзқабо менамояд. Чаманистони сабзи андешаҳои шоир қолии гулдору гулбадомони баҳорро пойандози чашму гўшу ҳуш намуда, дар боғи ҳусн ба меҳмониаш мехонад. Бо чашми дил ва нигоҳи пурмуҳаббати андеша вориди ҷаҳони розҳои шоир гардида, аз тасвирҳояш маҳви тамошо мешавӣ.
Шоир ин маҷмуаи мукаммали ашъорашро дар шаш дафтар муратаб сохта, дафтари аввалро бо номи «Гулбазми баҳор» бо фарогирии 68 таронаи сабз андар сабз манзури хонандагон гардонидааст.
Дафтари дувум бо номи «Ёди рафтагон» фарогири ҳафт шеъри шоир буда, ин дафтар ёдҳои ширини шоир дар пиромуни зиндагӣ ва рузгори аҳли ҳунар, ки ба эҷодиёти шоир таъсири хосаи хешро расонидаанд ҳикоят менамояд. Дафтари саввум бо номи «Сурудҳо» фарогири ҳашт шеъри шоир буда, онҳо ҳукми тарона ё худ чакомакро дошта дар ҳавои замзамаҳои мардумӣ руи саҳфа омадаанд.
Дафтари чаҳорум бошад фарогири 34 ғазал буда, хонандаро вориди гулбоғи розҳои шоир менамояд.
Дафтари панҷум бо номи «Базми Хуршед» манзури хонандагон гардида фарогири 65 шеъри шоир мебошад. Ин дафтар ангораҳо ва бардоштҳои шоир аз хирмани пурбори умр мебошад.
Дафтари шашум бо номи «Гулбарг» фарогири рубоиву дубайтӣ ва чаҳорпораҳо буда, ба хонанда, аз талошу ҷоннисориҳои шоир дар қаламроҳи эҷод ҳикоят менамояд. Ин маҷмуаи ашъори шоир дар қалби хонандагон ва ҳаводорони ашъораш соҳиби ҷойгоҳи хоса буда, ҳамчун «Пайғоми меҳр» ва ҳадяи Наврўз тақдими онҳо гардидааст.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА

Р.S. Чун муждаи баҳори ҳафтодуми милоди шоирро боди хотираҳо ба ёди мо овард, ўро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок ба ўву хонадони покмаҳзараш сиҳатмандиву сарбаланди дархост намуда, умед бар он дорем, ки қалами эҷодаш шаҳдрез бошаду рўзгораш шакаршикан.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: