ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ4-09-2024, 17:57
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон кард, ки аз ба даст овардани ин неъмати бебаҳо 33 сол сипарӣ мешавад. Дар харитаи дунё давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуда, марҳила ба марҳила ба рушди давлатдории худ муваффақ гардид. Истиқлоли давлатӣ чун рамзи озодию ягонагӣ, дунёи пурсафо, зиндагии шоиста, баҳори орзуҳо ва пирӯзии нангу номуси миллӣ ва ватандорист, ки на ба ҳар миллату давлат насиб мегардад, на ҳар роҳбару сарвар бо хиради азалӣ ва муҳаббату садоқат ва ҳувияти баланди миллӣ мардуми кишварашро зери як парчами нангу номус ба ҳам оварда, пояҳои Истиқлоли кишварашро таҳким мебахшад ва ҷони худро барои нигаҳ доштани якпорчагӣ сипар мекунад. Чун давлатҳои абарқудрат ҳамеша кӯшиш бар он доранд, ки бо ҳар роҳу восита давлатҳои дигарро зери итоати худ қарор диҳанд. Пеш аз ҳама, забону фарҳанги худро болои миллатҳо бор карда, пояҳои Истиқлоли кишварҳоро заиф намуда, ҷангҳои шаҳрвандиро рӯи кор оварда, иқтисодиёту иҷтимоиётро ба нестӣ мебаранд ва давлатҳоро аз рушд бозмедоранд. Мо хуб медонем, ки миёни миллатҳои зиёде, ки кӯшиши истиқлолхоҳӣ доранд, ҳамешагӣ ҷангҳои таҳмилӣ идома ёфта, ин кишварҳо ба ҳолате гирифтор мешаванд, ки бе дастгирии дигар давлатҳои абарқудрат наметавонанд ҳастӣ бикунанд. Сипас, абарқудратҳо тамоми боигарии ин кишварҳоро ба нафъи худ истифода бурда, бо кумакҳои ночизи худ боз онҳоро муттаҳам месозанд. Ҳамин ки мардуми ин кишварҳо аз истиқлол сухан намуданд, боз аз хоинону зархаридон истифода бурда, тавассути ҷанги нави таҳмилӣ миёни онҳоро мешикананд. Мусаллам аст, ки ба ин фишору таҳдидҳо ва таъсироти абарқудратҳо танҳо миллате истодагарӣ карда метавонад, ки сарвари боору номус, сиёсатмадори зираку хирадманд ва нотарсу далер, ки ҷони худро барои миллату Ватан дареғ намедорад, дошта бошад. Халқи тоҷик чунин сиёсатмадорро аз байни миллат дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Президенти мардумӣ интихоб кард, ки тамоми ҳастиашонро барои рушди кишвар, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии Ватан равона намуда, миллату давлатро аз вартаи нестию парокандагӣ раҳо бахшиданд. Мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки хоинони миллат барои пора-пора кардани ҷумҳурӣ ва аз байн бурдани истиқлол нангу номусашонро фурӯхта зархариди бегонагон шуданд ва манфиати шахсии худро аз манфиати миллӣ боло гузоштанд. Аз таърихи гузашта то имрӯз ба мо маълум аст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ якчанд даҳсола идома ёфта, хисороти зиёди ҷонию молиро дар пай гузошт. Мисоли оддӣ ин ҷанги шаҳрвандии давлати ба мо ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, ки тӯли зиёда аз панҷоҳ сол идома дошта, бо баргузор гардидани вохӯрию гуфтушунидҳои зиёд миёни қишрҳои манфиатдори ҷомеаи шаҳрвандӣ, то ин муддат ҷонибҳо ба ягон дастоварди барои давлату миллат мусоид ноил нагардидаанд. Ҷавоб якест. Чунки онҳо роҳбари хирадманду баномус, ватандӯсту сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро мисли Президенти мамлакатамон, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон надоранд. Тавре ки Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин маврид гуфта буд: “Истиқлол ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад”. Натиҷаи заҳматҳои содиқонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи нек дода истодааст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд ва бо ин Ватани биҳиштосо ифтихор намуда, барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Лозим ба ёдоварист, ки пешрафти иқтисодиёт ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии калон дорад. Бинобар ин, иқдомҳои навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро таҳлил намуда, механизми баромадан аз ин мушкилотро низ дарёфтанд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, кушодани нақбҳо, бунёди шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуд, ки аз файзу нусрати даврони соҳибистиқлолӣ гувоҳӣ медиҳанд. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд ба хотири таҳкими соҳибистиқлолӣ, тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида, пеш аз ҳама, ба тарбияи насли нави даврони истиқлол аҳамияти ҷиддӣ диҳем”. Дар тақвияти ин суханони тақдирсоз инчунин қайд намудаанд, ки Истиқлол, пеш аз ҳама, ин шаъну шараф ва нангу номуси ватандорист ва ҳар яки мо барои дифоъ аз соҳибистиқлолии кишвар ва шукуфоии он, зери парчами нангу номус ҷамъ омада, тамоми донишу малака ва қувваи худро равона хоҳем кард. Боиси зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ибтидои замони соҳибистиқлолии мамлакат маншаъ гирифта, айни замон дар арафаи 30 - юмин солгарди фаъолияти он қарор дорем. Ин ҳизби созандаву бунёдкор бо дарназардошти таҳаввулот ва навсозии ҷомеа роҳандозӣ гардида, фаъолияти он дар давоми 30 сол таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияту густариш ёфт. Дар ин марҳила Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти Роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дод ва ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар мебошад. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамоянд. Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба бахши муҳимми фаъолияти ҳизбӣ табдил ёфтааст. Бояд таъкид намоем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва қувваи бузурги сиёсӣ рисолати худро дар рушди пайвастаи ҷомеа, татбиқи ормонҳо ва арзишҳои миллӣ, бунёди низоми демократӣ ва расидан ба зиндагии шоиста ва ҳаёти арзанда мебинад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёт такя намуда, донишу маҳорати аъзои худро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавӣ сафарбар намуда, барои таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат қадамҳои устувор мегузорад. Чуноне, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо дар ин маврид изҳор доштанд; “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли кишвар буда, аз умқи дили мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои садоқати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад”. Зафар Гулмаҳмадзода, и. в. роҳбари Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.