Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

9-04-2024, 13:23
Хабарро хонданд: 468 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ


Омили муҳимтарини ҳастии миллат,ҳувияти миллӣ, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин муттаҳид будани халқи Тоҷикистон мебошад.
Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттифоқии ҷомеа асоси он ба шумор меравад.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таърих миллати тоҷикро бо имтиҳони сахту сангин -ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ кард.
Кишвари тозаистиқлоли мо дар вазъияти нобудшавӣ ва халқи Тоҷикистон дар ҳолати парокандашавӣқарор дошт.
Мардуми тоҷик интизори он буд, ки шахсе пайдо шавад миллатро аз нобудшавӣ ва халқро аз парокандагӣ наҷот диҳад.
Хушбахтона, баъд аз ба сари ҳокимият омадани Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби мардуми тоҷик боз дубора шуълаи умед пайдо шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти бисёр ҳам душвору ҳассос мардумро муттаҳид карданд ва ба мардуми азияткашидаи тоҷик ваҳдати миллиро эҳё намуданд, ки ин таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистонро тамоми дунё эътироф менамояд ва онро меомӯзад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар вазъи хеле ҳассоси давлатдории кишвар ба арсаи сиёсат ворид гашт ва давоми қариб 30 соли фаъолият рисолати худро таҳти шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” таҳти сарварии Президенти ҷумҳурӣ, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро карда истодааст.
Тавре Пешвои миллатиброз доштанд: “Ҳизби мо зодаю парвардаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва худро бо мардум чун ҳизби дорои масъулияти баланди сиёсӣ муаррифӣ намудааст, ки ин заминаи воқеии таърихӣ дорад”.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи Барномаи худ бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзояш ва дастгирии бештари қишрҳои дигари солимфикри ҷомеа дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣсаҳми намоён гузоштааст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ин тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва таъмини якпорчагии кишвар ваҷалби сокинон ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб меравад.
Воқеан, тамоми халқи Тоҷикистон тӯли фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарк карданд, ки маҳаки асосии фаъолияти ин ҳизбро созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад.
Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштоз ба фаъолият шуруъ намуда, ҳадафи аслиаш ваҳдату ягонагӣ, устувориву пойдории сулҳ ва таъмини ояндаи неки шаҳрвандони мамлакат аст”.
Тӯли ин солҳо ҳизбтаҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, некуаҳволии халқ ва рушду пешрафти тамоми соҳаҳо ҳиссагузор бошад.

Беҳрӯз ОЛИМҶОНОВ,
мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: