Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » 30 -солагии ҲХДТ ҷашни ифтихору шарафмандист

30 -солагии ҲХДТ ҷашни ифтихору шарафмандист

25-08-2023, 13:45
Хабарро хонданд: 416 нафар
Назарҳо: 0
 30 -солагии ҲХДТ ҷашни ифтихору шарафмандист

Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини сари қудрат омаданашон тамоми қувваю дониш ва таҷрибаи нодири хешро барои рушду пешрафти сарзамини муқаддаси мо равона намуда, баҳри зиндагии беҳтар ва шоистаи мардум иқдому ташаббусҳо ва корҳои хайру бузургро ба анҷом расондаанд.
Сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣбарои мо қутбнамое гардид, ки дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатмо ба марҳилаи нави зиндагӣ-барқарорсозӣ,ободонии Ватан, рушди иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардумқадам гузоштем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ буда, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолият менамояд.
Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятиро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ,зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум карда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
ҲХДТ дар роҳи ташаккули миллат, эҳёи таъриху фарҳанг ва бунёди давлати мустақили миллӣ корҳои азимеро анҷом дода, барои расидан ба мақсадҳои наҷиби ватандорӣ барномаҳои муҳиму вусъатманди худро амалӣ намудааст.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо менамояд, ки ҲХДТ бо истифода аз таҷриба ва сабақҳои таърихӣ, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои солҳои оянда, барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноаткунонии босуръати кишвар тамоми қудрату неруи худро равона месозад.
Ҳифзу ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он, хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир ва рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии ҷаҳон, шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлоли давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
ҲХДТ фарзанди замони пурошӯбу фоҷеабор дар заминаи таърихи дуру дарози талошҳои халқ барои ба даст овардани худшиносӣ, худогоҳӣ ва соҳибистиқлолии хеш арзи вуҷуд карда, мақсади асосии он муттаҳид намудани тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои истиқрори сулҳ дар мамлакат, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва ба кишвари шукуфон табдил додани Тоҷикистони азиз мебошад. Ин ҳизб, ҳизби халқӣ буда, дар Оиннома ва Барномаи хеш беҳтарин ҷиҳатҳои халқу давлатпарастии ҳамаи қувваҳои сиёсии Тоҷикистонро дар идеологияи ҳизбии худ фаро гирифтааст.
Мо, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарафдори нигоҳ доштани тамоми дастовардҳои иҷтимоӣ мебошем, ки ба системаи муносибатҳои нав мувофиқ гардонида шудаанд ва ба мардум имконият медиҳад, ки саломатии худро ҳифз намояд, соҳиби маълумоту касбу кори гуногун бошад, кафолати суғуртаи иҷтимоӣ дошта бошад, аз бекорӣ ҳимоят карда шавад, дар вақташ маош ва нафақаи худро дастрас кунад вақишри осебпазири ҷомеааз ҷонибидавлат дастгирӣ ёбанд.
Дар давоми 30соли пурмаҳсулҲХДТтаҳтисиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои самарабахшро ба даст оварда, нақш ва таъсири ҳизб дар арсаи сиёсӣ рӯшан ба чашм мерасад ва имрӯзҳо аксари ҷавонони сазовори Тоҷикистон ба сафи ин ҳизби бонуфуз мепайванданд.
Мо, мардуми сарбаланди тоҷик,дар фазои сулҳу субот, амният, шодиву сурур меҳнати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми асосии зиндагӣ қарор дода, баҳри ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол нерую заковати хешро дареғ надорем ва орзуи онро дорем, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният дар сарзаминамон ҳамеша пойдор бошад.

Сироҷиддин Фатҳуддинов, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: