ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ28-09-2023, 11:28
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлоли давлатӣ нодиртарин дастоварди миллати тоҷик дар ҳазор соли охири таърих маҳсуб меёбад. Ин падидаи нодир, ки ормони ҳазорсолаи тоҷикон буд, дар умум, калиди асосии амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳими миллӣ гардид. Дар ин замина, ба мо муяссар гардид, ки бо истифода аз таҷрибаи ғании ниёгон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташкили шаклу низоми мутамаддини давлатдорӣ даст ёфта, дар ин роҳ ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардем. Ҷиҳати эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор институтҳои нав таъсис дода шуданд. Ташаккули сохтори бисёрҳизбӣ яке аз ниҳодҳои асосии ҷомеи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Маҳз чунин сохтор сарчашмаи ҳокимият будани халқро аз ҳар ҷиҳат таъмин менамояд. То кадом сатҳ дар амал татбиқ гардидани ормонҳои миллӣ ва бунёди чунин ҷомеа аз фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ вобастагии калон дорад. Таҷрибаи аксар кишварҳои мутамаддин бори дигар собит менамояд, ки яке аз механизмҳои асосии рушди давлат ва зиндагии шоистаи шаҳравандони он аз фаъолияти самараноки ҳизбҳои сиёсии миёни мардум мавқеи махсусдошта бастагӣ дорад. 10-уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бояд гуфт, ки меъмори ҲХДТ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, Барномаи он пурра фарогир аз манфиатҳои миллист. Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат дар асоси Барнома ва Оинномаи мушаххас ва фарогир аз манфиатҳои миллию давлатӣ ба таври самаранок ба роҳ монда шуд. То имрӯз фаъолияти ҳизб собит месозад, ки мақоми он дар роҳи амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хеле назаррас ва барҷаста аст. Таҳлили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз ба номи худ содиқ буда, ҳамеша бо халқ аст. Фаъолияти ҲХДТ дар асоси Барномаи мушаххаси худ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар ва дастуру супоришҳои Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст. Бо сарварии Пешвои миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва муттаҳидкунанда табдил ёфта, шумораи аъзои он аз ҳисоби шахсони донишманду ватандӯст ва бомасъулият зиёд гардида истодааст. Ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ асоси фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Имрӯз дар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ячейкаҳои ҳизбӣ - ташкилоту кумитаҳои ибтидоӣ, кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ ба таври самаранок роҳандозӣ шудааст. Шиори барномаи ҳизбро «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ташкил медиҳад, ки барҳақ, амалан тасдиқи худро ёфта истодааст. Барномаи ҲХДТ сарчашма ва асоси тамоми муваффақиятҳоро аз ваҳдати миллӣ дониста, ҷомеаро ба ягонагӣ, сулҳу субот ва якдилӣ баҳри рушди устувори кишвар даъват менамояд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин ҳадафи барномавӣ кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту кумитаҳои ибтидоӣ дар байни қишрҳои мухталифи минтақаҳои кишвар ҳамеша соатҳои сиёсиро дар мавзуъҳои мубрами рӯз доир карда, мардумро ба ягонагӣ ва меҳнати софдилона баҳри рушду инкишофи давлат даъват менамоянд. Фаъолияти самараноки кормандони ҳизб мебошад, ки рӯз то рӯз шумораи ячейкаҳои ҳизбӣ дар заминаи муассисаву корхонаҳо дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамчунин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои хуштарҳу замонавӣ барои кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ сохта ба истифода дода мешавад. Дигар ҳадафои муҳими Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳкими Истиқлоли давлатӣ аз он вобастагии зиёд дорад, ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ аст. Имрӯз аъзои фаъоли ҲХДТ дар доираи нақшаи чорабиниҳои кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ҳамеша доир ба аҳамияти сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар бо мардум вохӯриҳои судманд доир намуда, дар таҳкими суботи сиёсӣ нақши хешро мегузоранд. Пешрафти ҷомеа аз суботи сиёсӣ вобастагии зиёд дорад. Таҷрибаи кишварҳои ба моҷароҳои сиёсӣ гирифторшуда бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки ҷиҳати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ боз ҳам талош намоему дар баланд гардидани ҳувияти миллӣ ва худшиносии насли наврасу ҷавони кишвар саҳмгузор бошем. Вазъи минтақа ва ҷаҳон, ки пур аз тазоду бархӯрди манфиатҳои стратегӣ ва геосиёсӣ аст, бори дигар аз муҳимияти суботу оромӣ ва гиромидошти Истиқлолият хабар медиҳад. Зикр намудан бамаврид аст, ки ободониву созандагӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар ҳадафи муҳими ҲХДТ маҳсуб ёфта, дар ин самт фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ба таври назаррас роҳандозӣ гардидааст. Имрӯзҳо бо мақсади амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, ки омили устувории Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, аз ҷониби Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ташаббусҳои бисёр саривақтӣ амалӣ гашта истодааст. Озодиҳои иқтисодӣ, аз қабили имкони мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият ва рақобати озоди онҳо, рушди иқтисоди бозорӣ ва соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва дигар тадбирҳо, ки дахолати давлатро ба ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон ва ба фаъолияти иқтисодии онҳо коҳиш додааст, заминаро барои рушди босубот фароҳам меоваранд. Мақсади ниҳоии мо бунёди ҷомеаи шаҳрвандиест, ки дар асоси худидоракунӣ ва иқдомҳои инфиродии шаҳрвандон пеш хоҳад рафт. Ҳамаи ҳадаф ва мақсадҳои мушаххас, ки дар умқи ҷомеаи Тоҷикистон реша гирифта, хостаҳои дили аксари мардуми кишварро ифода мекунанд, дар Барномаи ҳизб ҷой дода шуда, миёни аксари шаҳрвандон ҷонибдории амиқ пайдо намуданд. Мақсаду маром ва ҳадафҳое, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди худ гузошта, барои амалӣ гардонидани онҳо талош мекунад, бо дарназардоши манфиатҳои кулли ҷомеаи кишвар ва ҳамаи қишрҳои мардум ба миён омадаанд. Сафарбек Саъдуллозода, узви Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ "Дониш" дар ДМТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.