Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сӯхтори ҷангалзор дар Фаронса ва Португалия: ҳазорон нафар сайёҳон кӯчонида шуданд

Сӯхтори ҷангалзор дар Фаронса ва Португалия: ҳазорон нафар сайёҳон кӯчонида шуданд

21-08-2024, 09:36
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
Сӯхтори ҷангалзор дар Фаронса ва Португалия: ҳазорон нафар сайёҳон кӯчонида шудандДар Португалия танҳо давоми ду ҳафта 3,5 ҳазор гектар ҷангал нобуд гардид. Дар Мадейра аз сабаби шамоли сахт оташро хомӯш карда наметавонанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Kazinform бо истинод ба «Еuronews» хабар додааст.

Дар департаменти Эро, воқеъ дар ҷанубу ғарби Фаронса 350 гектар ҷангали санавбар оташ гирифт. Ин ҳолат сайёҳонеро, ки дар он ҷо истироҳат мекарданд, маҷбур намуд корвонҳо ва хаймаҳояшонро ба ҷойҳои амн кӯчонанд.

Мақомот гуфтанд, ки баъдан сӯхтор таҳти назорат гирифта ва хомӯш карда шуд.

Дар Португалия моҳи август давоми сол аллакай хисороти рекордӣ овард — танҳо давоми ду ҳафта сӯхтор 3,5 ҳазор гектар ҷангалро нобуд намуд.

Дар яке аз ҷазираҳои галаҷазираи Мадейра сӯхтор дар се тараф аланга дорад. Сӯхтор ба минтақаҳои аҳолинишин расидааст- 160 нафар кӯчонида шуд.

Барои ёрӣ аз қитъа даҳҳо сӯхторхомӯшкун фиристода шуд.

Фаронса ва Португалия эстафетаи ғамангезро аз Юнон, Албания ва Италия қабул карданд- онҳо пас аз чанд ҳафтаи мубориза тавонистанд оташро хомӯш кунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: