Ашки шодии Роналдо19-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Дастаи мунтахаби Португалия дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо тими миллии Фаронсаро шикаст дода, аввалин бор Ҷоми қаҳрамони Аврупо ва медалҳои тиллои ин мусобиқоти бонуфузро ба даст овард.
Ин бозӣ шаби 10 ба 11 июл дар варзишгоҳи "Стад де Франс", дар шаҳри Сен-Дении наздикии Париж, бо ҳузури беш аз 80 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Бо вуҷуди он ки Криштиано Роналдо дар дақиқаҳои аввали вохӯрӣ баъди бархӯрди Дмитри Пайет бозиро идома дода натавонист ва бозубанди капитаниро ба Нани супорид, бо чашмони ашколуд майдонро тарк кард, ҳамдастаҳояш ӯ ва миллионҳо нафар мухлисони тимашонро ноумед накарданд. Замони асосии бозӣ бидуни гол анҷом ёфт. Голи ягона ва ҳалкунандаро дар дақиқаи 109-уми вақти иловагӣ Эдер аз масофаи дур бо зарбаи сахт ба дарвозаи Фаронса зад. Дар ин сабқат муҳофизатгари дастаи мунтахаби Португалия Пепе беҳтарин бозингар эълон шуд. Ҳамин тавр, мунтахаби Португалия (сармураббии даста Фернанду Сантуш) бо ҷоми қаҳрамони Аврупо ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Аз ин пеш португалиҳо соли 2004 дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ аз тими миллии Юнон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буданд. Ба мунтахаби Фаронса (сармураббии даста Диде Дешам) медалҳои нуқра супурда шуд. Фаронсавиҳо бошанд, ду бор - солҳои 1984 ва 2000-ум унвони қаҳрамони Аврупоро сазовор шудаанд. Ба ин тартиб баъди пирӯзии тими мунтахаби Португалия дар бозии ниҳоии Чемпионати Аврупо оид ба футбол Федератсияи футболи ин кишвар аз УЕФА 25,5 миллион евроро ба ҳайси ҷоиза ба даст овард. Дастаи мунтахаби Фаронса баъди мағлубияташ дар бозии ниҳоӣ соҳиби 23, 5 миллион евро гардид. Инчунин ҳамаи дастаҳое, ки дар бозиҳои ниҳоии ЕВРО-2016 иштирок карданд, бо маблағи 8 миллион евроӣ сарфароз гардиданд. Ба ҳар як дастае, ки дар як бозӣ ба ғалаба комёб шудааст, 1миллион евро ва барои мусовӣ 500 ҳазор евро пешбинӣ шуда буд. Аммо, пас аз қувваозмоии тимҳои миллии Фаронса ва Португалия дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ва сомонаҳои интернетӣ аз бозӣ дар канор кардани ҳамлагари номии дастаи мунтахаби Португалия Криштиано Роналдо аз тарафи Димитри Пайет баҳсҳои доманадор ба миён омад ва ҳатто бархе аз таҳлилгарони футбол амали бозигари фаронсавиро аз қабл тарҳрезишуда ва ноҷавонмардона унвон кардаанд. Ҷулиан Рихарт, муҳаррири нашрияи «Bild», ҳунарнамоии футболбозони Фаронсаро зери интиқод қарор дода навиштааст, ки «футболбозони фаронсавӣ дар муқобили тими мунтахаби Португалия оҷиз монданд ва барои ғалаба кардан ҳунари хуб нишон дода натавонистанд, ба ҷуз он ки беҳтарин ҳамлагари ин даста Криштиано Роналдоро аз бозӣ «бароварданд». Ин бозии шармовари тими мунтахаби Фаронса буд, ки мехост ба ҳар роҳ пеши роҳи ғалабаи Португалияро гирад», менависад Ҷулиан Рихарт. Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқот аз соли 1960 инҷониб баргузор мегардад. Аввалин шуда ҳамон сол Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин унвони баланд даст ёфт. Дастаҳои мунтахаби Олмон (1972, 1980, 1996 ) ва Испания (1964, 2008, 2012) себорӣ, мунтахаби Фаронса (1984, 2000) ду бор ба унвони Каҳрамони Аврупо мушарраф шудаанд. Италия (1968), Чехославакия (1976), Голландия (1988), Дания (1992), Юнон (2004) ин унвонро сохиб шудаанд. Алиҷон Ҷӯраев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.