
Соли 2022 бар асари 1096 садамаи нақлиётӣ, ки аз инҳо 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд. Дар ин бора 15 феврал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамчунин зикр гардид, ки аз рӯи ҳисоботӣ оморӣ соли сипаришуда, 1262 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 19 нафар шаҳрвандон фавтидаанд. Маблағи зарар 58 миллиону 716 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Нисбати маблағи эмин нигоҳ доштани молу мулк аз сӯхтор 806 миллиону 356 ҳазору 098 сомонӣ мебошад.
Саида ХОҶАЕВА