Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДИПЛОМАТИЯИ ҲУСНИ ҲАМҶАВОРӢ ВА ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

ДИПЛОМАТИЯИ ҲУСНИ ҲАМҶАВОРӢ ВА ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

10-07-2024, 17:03
Хабарро хонданд: 837 нафар
Назарҳо: 1
ДИПЛОМАТИЯИ ҲУСНИ ҲАМҶАВОРӢ ВА ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

Тоҷикистони навин бо дарёфти истиқлолият робитаҳои хориҷии худро бо ҳамаи кишварҳо оғоз кард. Ҳамин тариқ, бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созанда ин робитаҳоро тақвият бахшид. Барои рушд ва тавсеаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат доштани Истиқлолият ва таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ ба шумор меравад.
Барои тақвият ва таҳким бахшидани муносибатҳо ҳамаи кишварҳо талош менамоянд, ки ба мақсади асосии худ ноил гарданд. Дар ин масир ҳар яке аз кишварҳо барномаҳои афзалиятноки худро ба таври дуҷониба, сеҷониба ё муштарак амалӣ менамояд.
Дар ин зимн, муносибатҳои дипломатӣ байни ҳамсоякишварҳо, бахусус Тоҷикистон ва Чин санаи 4-уми январи соли 1992 ба таври расмӣ барқарор шуданд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13-уми марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7-уми апрели соли 1997 фаъолият оғоз намуданд.
Ҳамин тариқ, бо муаррифӣ гардидани сафирони якдигар ин равобит тақвият ёфта, соли ҷорӣ аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Чин беш аз 30 сол пур мешавад.
Ҳарду кишвар чун шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва бисёрҷониба бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Аз даврони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023 барои беҳтар шудани фаъолиятҳои стратегӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарҳои расмӣ анҷом доданд.
Ҳамин тариқ, роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2023 бо сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд.
Дар нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993 ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, заминаҳо дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя гузошта шуданд.
Моҳи августи соли 2017, зимни сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо натиҷагирӣ аз ҷараёни сафар ва санадҳои баимзорасида сатҳи ҳамкориҳо то шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуд.
Бо чунин рафтуомади роҳбарони ҳар ду кишвар моҳи августи соли 2023 ҳайати нави Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаласаи умумичинии намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шуд.
Ҳамин тавр, рӯзҳои 20-23-юми августи соли 2023 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Чин доир гардида, робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ғанисозии муҳтавои муносибатҳои дуҷониба ва робитаҳои минбаъдаи дӯстонаю шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бештар тақвият ёфт.
Зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чаҳорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар механизми машваратҳои сиёсӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, миёни ду кишвар зиёда аз 200 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидааст. Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15-уми январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 майи соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13-уми сентябри соли 2014 чун санадҳои асосӣ пазируфта шуданд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар муҳим арзёбӣ шуда, Чин аз калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.
Гардиши савдо дар тӯли беш аз 30 соли равобит бо суръати баланд рушд ёфта, соли 2022 он 1 210 миллион доллари америкоиро ташкил медод, ки нисбат ба соли 2021-ум 370,7 миллион доллар ё 44,2 фоиз зиёдтар мебошад.
Ҳамин тариқ, дар соли 2023 дар раддабандии сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чин дар ҷойи 2-юм қарор гирифта, ҳиссаи ин кишвар 20,7 фоиз буд.
Ин ҷо бояд ишора кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи се даҳсолаи охирро дар роҳи рушди робитаҳои Тоҷикистону Чин ва то сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баровардани онҳо муҳим шуморида, татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла “Як камарбанд - як роҳ”-ро созгор ба манфиатҳои ҷонибҳо арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, дар муқовимат бар зидди терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа миёни ҳар ду кишвари ҳамсоя роҳандозӣ шуданд.
Робитаҳои фарҳангӣ миёни ин ду кишвар низ хеле муҳим арзёбӣ шуда, воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ нақши асосӣ мебозанд.
Дар замони муосир техника ва технологияҳои телевизионӣ дар ҷаҳон, бахусус, дар кишвари Чин хеле тараққӣ ёфтааст.
Истгоҳи Радио ва Телевизиони Пекин (BRTV), қаблан Шабакаи медиаи Пекин (BMN), як шабакаи телевизионии Ҳукумати Чин аст. Он аз Пекин пахш шуда, бо забони чинӣ дастрас аст. Пахшҳо дар Пекин тавассути AM, FM, кабели FM, радиои рақамӣ, телевизиони рақамӣ ва онлайн мебошанд.
Шабакаи медиаи Пекин 16-уми майи соли 1979 таъсис ёфта, Чин, Осиё ва Амрикои Шимолиро фаро мегирад.
Телевизиони марказии Чин аз соли 1958 то 1978 дар пахши хабару маълумот саҳмгузор буда, Телевизиони Пекин ном дошт.
Аз рӯйи баррасиҳо, синамои Чин, саноати филмсозӣ ва синамоии қитъаи Чин дар якҷоягӣ бо синамои Гонконг ва синамои Тайван фаъолиятро ба роҳ монда, рушд кардаанд.
Ин ҷо бояд таъкид кард, ки санъати синамо дар Чин дар соли 1896 муаррифӣ шуда, аввалин филми чинӣ бо номи "Кӯҳи Динҷун" соли 1905 ба навор гирифта шудааст.
Дар даҳсолаҳои аввал саноати синамо дар маркази шаҳри Шанхай фаъол буда, солҳои 1920-ум студияҳои хурд ва филмҳои тиҷоратӣ бартарӣ доштанд.
Нахустин филми садоии “Sing-Song Girl Girl Red Peony” бо истифода аз технологияи садо дар диск соли 1931 дар ин кишвар сохта шуд.
Ҳамин тариқ, солҳои 1930, ки аввалин “давраи тиллоӣ”-и синамои Чин ҳисобида мешуд, пайдоиши ҳаракати синамогарӣ мушоҳида гардид. Ҷунбиши нави ҳуҷҷатӣ дар вақтҳои охир бо филмсозии D-Generation мувофиқат карда, аксари филмҳои мустанад бо нархи арзон ва мустақилона дар формати рақамӣ ба навор гирифта мешаванд. “Карамай”-и Сю Син (2010), “Бегемот”-и Чжао Лян, “Бемории Хуан Вейкай” (2009), “Шаҳри арвоҳи Чжао Даёнг” (2009), “Ду Хайбин 1428” (2009), “Фолбин”-и Сю Тонг (2009) ва “Ли Тапе” (201) дар формати рақамӣ таҳия шудаанд.
Бояд зикр кард, ки ҳамаи ин филмҳо дар саҳнаи ҳуҷҷатии байналмилалӣ таъсири худро гузоштанд.
Дар Чин санъати синамо ва телевизион ба як идораи пуршукӯҳи тараққикардаи таблиғотӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар шабакаҳои телевизионӣ фаъолият доранд, ки бештарашон аз ҳаёти иҷтимоии мардум барномаҳо таҳия карда, мутахассисони касбӣ дар марказҳои миллии омӯзиши касбҳои гуногун, аз қабили намоишноманавис, продюсер, коргардон, наворбардор, коргардони овоз, танзимгарону дизайнерон кору фаъолият менамоянд.

Бо пешрафт ва ташаккули раванди ҳамгироии пахши рақамӣ ва ҷаҳонишавии иттилоот шабакаҳои телевизионӣ ба дуртарин минтақаҳои ҷаҳон мавҷ фиристонда, аҳолии оламро аз рӯйдодҳои сиёсию фарҳангии худ бохабар мекунанд.
Ҳамин тавр, ҳар сол рушди телевизион ва синамо дар Чин дида мешаваду дар ҷаҳон шуҳрат пайдо карда, мақоми худро касб менамояд.Чунин пешрафту дастовардҳои навини технологии Чинро метавон хуб омӯхта, истифода кард.
Хуб мешуд робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар соҳаи синамо ва рушди барномаҳои телевизиониву радиоӣ бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Чин хубтар ба роҳ монда шуда, имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Зеро ин замина барои муаррифии мавзеъҳои сайёҳии кишварҳо бештар фароҳам оварда, рушди иқтисоду тиҷоратро миёни онҳо меафзояд.
Зикр бояд кард, ки 3-юми августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе чорабинии “Мавсими намоишгоҳҳои хориҷии филмҳо ва драмаҳои телевизионии барҷаста дар Пекин” баргузор шуд, ки нигорандаи сатрҳо низ иштирок карда, ҷанбаҳои гуногуни онро мавриди баррасии илмӣ қарор дод.
Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон ва синамогарону ҳунармандон, коршиносону муҳаққиқони Тоҷикистону Чин иштирок ва суханронӣ карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки табодули филму фестивалҳо ва ширкати мутахассисони соҳа аз дастовардҳои асосии ҳамкориҳо миёни ин кишвари ҳамсояву дӯст маҳсуб ёфта, заминаҳоро барои рушди дипломатияи фарҳангӣ ба вуҷуд меорад.
Таҷрибаи ғании Чин дар истифодаи ҳамаи намудҳои технология, хусусан соҳаи истеҳсоли коркарди филм пешрафта буда, густариши табодули дуҷониба ва таҷриба дар тақвияти ҳамкориҳо кумак расонида, рушди тиҷорату иқтисоди минтақаро инъикос ва заминаи некуаҳволиро бештару беҳтар мекунад.
Ҳамин тариқ, бояд зикр намуд, ки ин ҳама оғози як тарҳи бузург дар соҳаи фарҳанг арзёбӣ гардида, назари коршиносону мутахассисон мавриди табодул қарор гирифта, пайваста чораҳо андешида мешаванд.
Дар ин зимн, лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ ва фароминтақавӣ, аз қабили “Як камарбанд - як роҳ” хеле муҳим буда, рушди дипломатияи мардумиро тақвият мебахшад.
Инро метавон чун лоиҳаи бузурги башардӯстона пазируфт, ки зинаву заминаҳоро дар истифодаи дурусти технологияи муосир бо таҷрибаҳои кишварҳо фароҳам хоҳад овард.
Ин ҳама талошу ташаббусҳо сокинони ҳар ду кишварро бо анъанаҳои мардумии якдигар бештар шинос намуда, фарҳангҳои якдигарро эҳтиром карда, барои осудаву ором умр ба сар бурдан манфиатовар мебошанд.
Хулоса, Тоҷикистону Чин метавонанд бо амалисозии он ҳамкориро ба роҳ монда, ҷашнвораҳои синамоӣ ва рафтуомадро миёни мардумони якдигар бештар таҳияву ташкил карда, тиҷорату иқтисод ва туризмро рушд диҳанд.
Дар ин зимн, ворид шудани кишварҳои минтақа хусусан Покистону Ҳиндустону Эрон ба Созмони ҳамкории Шанхай ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар эҷоди ҳамгироии энергетикиву саноатии кишварҳои минтақа ва коҳиш додани нигарониҳову муноқишаҳо миёни онҳо шароит муносибу муфид мебошад.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи "Як камарбанд - як роҳ" ташаббуси аслии на танҳо Чин, балки кишварҳои дигар барои густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар арсаи фарҳанг аст. Инро метавон чунин арзёбӣ кард - сармояи асосии кишварҳо аз ганҷҳоеанд, ки лоиҳаи мазкурро маблағгузорӣ карда, равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро таҳким мебахшанд.
Бо амалӣ гаштани он табодули иқтисодии кишварҳо афзоиш ёфта, эҳёи корвони “Роҳи бузурги абрешим” ва табодули фарҳангу тамаддуни таърихии он тавсеа пайдо мекунад.
Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои гуногуни афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноат беш аз пеш густариш меёбад.
Дар ин замина ширкатҳои хусусии Чин бо корхонаҳо ва соҳибкорони Тоҷикистон ҳамкории густурда дошта, миёни онҳо табодули таҷриба сурат мегирад.
Дар ин зимн, мулоқоти роҳбарони ҳар ду кишвар дар ҳошияи ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Қазоқистон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаро дар рушди дипломатияи ҳусни ҳамҷаворӣ фароҳам оварда, рафтуомадро миёни мардумони кишварҳо беҳтар хоҳад кард.
Дар ниҳоят, бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо идомаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳаммияти хосса дода, равобиташро бо ҳамсоякишварҳо муҳим мешуморад ва бо мактаби сулҳофаринии худ онро пайваста дар риштаи дӯстиву ҳамсоягӣ барои беҳбудии зиндагии мардумони якдигар ба роҳ мемонад.
Ҳамин тариқ, кишварҳои минтақа бо истифода аз таҳким бахшидану арҷгузорӣ, ҳимояту адолат, муколамаву муросо, ба ибораи дигар, таҳаммул чун сутуни устувор дар ҳифзи сулҳу субот, пешрафти иқтисоду тиҷорат ва саноату саёҳат баҳри рушди ҳамкориҳои дӯстона, ҳамгироиро байни Тоҷикистону Чин устувор хоҳад намуд.

Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Emmett 22 сентября 2024 17:24
Order our service to get the outcome oriented SEO solutions you have ever experienced.


Also visit my web page :: Fanny
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: