Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ВАН И

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ВАН И

5-08-2022, 12:13
Хабарро хонданд: 564 нафар
Назарҳо: 0
МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ВАН И
1 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Иро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати муносибатҳои дўстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳарду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуда, зикр карданд, ки «Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ду кишвар дар ҳама шаклҳо ҳавасмандем».
Аз сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин, дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Бояд гуфт, ки Чин мавқеи яке аз шарикони бузургтарини тиҷоратӣ ва сармоягузори Тоҷикистонро устуворона нигоҳ медорад. Тибқи омор, дар нимаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ҳаштоду ду дарсад афзоиш ёфта, беш аз нуздаҳ дарсад аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин замина, зарурати андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани суръати муқарраршудаи рушди тиҷорат ва пешбурди минбаъди он таъкид карда шуд.
Дар ин робита, ҷонибҳо роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, «технологияҳои сабз» ва нақлиёт, аз ҷумла роҳандозии содироти маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои Чин баррасӣ карданд. Ба ҷониби Чин барои ҷудо намудани вояҳои нави ваксина бар зидди бемории сироятии коронавирус изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар сиӯаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳамёрӣ дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, рўзномаи ҷаласаи қарибулвуқўи сарони давлатҳои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Масъалаҳои муборизаи минбаъдаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳои амниятӣ низ баррасӣ шуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои мубрами рўзномаи минтақавӣ ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии Афӯонистон ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: