Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи минтақавӣ қадамҳои устувор мегузоранд

Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи минтақавӣ қадамҳои устувор мегузоранд

14-09-2023, 10:27
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи минтақавӣ қадамҳои устувор мегузоранд14-15 сентябри соли 2023 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад ва ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе меоянд. Интизор аст, ки дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳимтарин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ гарданд.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориро густариш медиҳанд

Тоҷикистон бо соҳибистиқлол гардидан дар соли 1991 бо давлатҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои дипломатиро барқарор намуда, ҳамкории гуногунсоҳаро дар минтақа таҳким бахшид. Имрӯз давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории мутақобилан судмандро дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲИ/, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ /СААД/, Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/, TRACECA, С5+1, Иттиҳоди Аврупо+Осиёи Марказӣ, Ҷопон+Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Корея- Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ, Осиёи Марказӣ-Чин густариш дода, дар ҳалли ағлаби масъалаҳои доғи байналмилалӣ ва минтақавӣ бо мавқеи ягона баромад менамоянд. Татбиқи тарҳҳои бузурги минтақавӣ, ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ, хамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии давлатҳои минтақа мусоидат менамояд.

Тоҷикистон ва Қазоқистон — шарикони стратегӣ дар минтақа
Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи минтақавӣ қадамҳои устувор мегузоранд

Тоҷикистон ва Қазоқистон шарикони стратегӣ буда, муносибатҳои дипломатиро ду давлат соли 1993 барқарор намудаанд. Хусусияти хоси муносибатҳои муосири ду давлат сатҳи баланди эътимоди мутақобила, наздикии мавқеъҳо дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳоло муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ муваффақона густариш меёбанд. Мулоқотҳои мунтазами сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Сатҳи баланди муносибатҳоро имзои беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ фаро мегирад. Моҳи январи соли 1993 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон санади бунёдӣ — Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Дигар санади муҳим Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 14 сентябри соли 2015 буда, дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба — эҳтироми мутақобили истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, адами дахолат ба корҳои дохилии якдигар ва саъйи тарафайн барои ба роҳ мондани робитаҳои мутақобилан судманди шарикии иқтисодӣ муайян шудаанд. Муколамаи сиёсии Тоҷикистон ва Қазоқистон пайваста рушд менамоя. Иқтидори ҳамкории иқтисодии тарафайн бузург буда, ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ мунтазам баргузор гардида, барои афзоиши тиҷорати дуҷониба мусоидат менамоянд. Гардиши мол байни ду давлат дар шаш моҳи соли равон 600 миллион долларро ташкил дод. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо иштироки ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Чимкенти Қазоқистон, ки дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон 25-26 августи соли 2023 баргузор гардид, шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи минтақавӣ қадамҳои устувор мегузоранд
Соли 2018 дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таҳаввулот ба амал омад

Узбекистон яке аз ҳамсояҳои наздики Тоҷикистон буда, муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат соли 1992 барқарор гардиданд. Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ, пайвандҳои муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду давлат ба тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Узбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дошта, тамосҳои сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд мунтазам доир мешаванд. Таҳаввулоти соли 2018 дар муносибатҳои ду давлат рухдода ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав баровард. 9-10 марти соли 2018 нахустин сафари давлатии Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон доир гардид, ки он ба раванди тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат такони ҷиддӣ бахшида, дар ҷараёни он тақрибан ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳал шуданд. Ҷонибҳо масъалаҳои сарҳадиро бартараф намуданд, ба тавофуқ расиданд, ки низоми раводидро барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду давлат ба муддати то 30 рӯз бекор намоянд, фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадии давлатиро дар марзи Тоҷикистон ва Узбекистон барқарор намуданд, робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии дуҷониба, аз ҷумла қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро барқарор сохтанд, масъалаҳои соҳаҳои амният ва мудофиа, ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, истифодаи муштараки захираҳои обӣ-энергетикӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавиро ҳал намуданд.

17-18 августи соли 2018 сафари давлатии ҷавобии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон баргузор гардид ва он тавофуқоти қаблан ҳосилшударо устувортар намуда, Созишномаи шарокати роҳбурдӣ ба имзо расид, ки дурнамои муносибатҳои ду давлатро ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ баровард. Дар доираи ин ду сафари таърихии Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон 53 санади дуҷониба ба имзо расид. Сафари расмии Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки 10-11 июни соли 2021 амалӣ гардид, барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хосса дорад. Дар ҳошияи ин сафар сарони давлатҳо дар руҳияи анъанавии ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ошкобаёнӣ гуфтушунидҳои муфассал анҷом дода, вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро муҳокима намуданд ва доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Дар айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии ду давлат беш аз 200 созишнома ва шартномаро фаро мегирад, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, поягузори онҳо Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 15 июни соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 17 августи соли 2018 мебошанд.

Густариши ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои ду давлат боқӣ монда, ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон нисбат ба соли 2015 беш аз 30 маротиба афзоиш ёфтааст. Сарони давлатҳо тасмим гирифтаанд, ки гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида шавад. Масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, фарҳангию гуманитарӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, баррасӣ мешаванд. Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ба таҳкими ҳамкории фарҳангӣ байни ду давлат муҳим арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон ва Узбекистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории муваффақ дошта, мавқеи худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд.

Ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Туркманистонро беш аз 110 санад ба танзим медарорад
Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи минтақавӣ қадамҳои устувор мегузоранд

Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» соли 1993 имзо гардида, соли 1995 Сафорати Тоҷикистон дар Ашқобод ва соли 1999 Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуданд. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 110 санад ташкил медиҳанд, ки соҳаҳои гуногуни ҳамкориро ба танзим медароранд. Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд дорои ҳусни эътимод буда, ба дастгирии мутақобил асос меёбанд. Сафарҳои давлатию расмии Сарони давлатҳо ба мамлакатҳои ҳамдигар ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар таҳкими равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Туркманистон нақши муассир мегузорад. Соли 2017 Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид, ки он муносибатҳои ду давлатро ба сатҳи сифатан нав баровард. Зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон соли 2021 бастаи санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расид, ки барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хоса дорад. 6 августи соли 2021 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ иштирок намуда, собиқ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки мамлакатҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд. Байни ду давлат Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дошта, дар густариш ва таҳкими минбаъдаи шарикии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ба анъанаи нек табдил ёфта, Рӯзҳои фарҳангии ҳар ду давлат дар Душанбе ва Ашқобод баргузор мегарданд, ки барои густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумон ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон нақши муассир мегузоранд.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи минтақавӣ қадамҳои устувор мегузоранд
Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар ҷонибдорӣ менамоянд

Равобити Тоҷикистон ва Қирғизистон бар пайвандҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфта, соли 1993 ду давлат равобити дипломатӣ барқарор намуданд. Муколамаи сиёсии байни ду давлат густариш меёбад ва ҷиҳати рушди бештари он абзорҳои зарурӣ — Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва Шурои вазирони корҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 100 санадро дар бар гирифта, самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат муайян шудаанд. Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некуҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 аз ҳамин қабил аст. Ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкории зич дошта, ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд. Ин аст, ки соли 2018 Қирғизистон дар радифи 190 кишвари аъзои СММ қатъномаи СММ-ро, ки бо ташаббуси Тоҷикистон зери унвони «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», пешниҳод шуда буд, дастгирӣ намуд. Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Табиат марзро намешиносад: ҳамкории фаромарзӣ — омили калидии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии зистӣ», ки бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ қабул шуд, ҷонибдорӣ наму. Тоҷикистон бар он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд, минбаъд низ ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.

Дар маҷмуъ, баргузории Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба таҳкими ҳамкории давлатҳои минтақа дар ҳалли масоили мубрам мусоидат хоҳад намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: