ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ МО АЗ ГУЗАШТАИ ДУР МАНШАЪ МЕГИРАД20-02-2020, 09:30
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
![]() - Ҳанӯз 2000 сол пеш Роҳи бузурги Абрешим мамлакатҳои моро на танҳо муттаҳид месохт ва дар байни онҳо боигариҳои фарҳангиро иваз мекард, балки нуқтаи ибтидоии равобити дӯстонаи халқҳоямонро ифтитоҳ намуд. Пас аз касби соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳарду кишвар муносибатҳои шарикии стратегиро роҳандозӣ ва ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун, ки ба марҳалаи наву муҳими рушди худ ворид мешаванд, тавсеа бахшида истодаанд,- гуфт Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин зимни вохӯрӣ бо доираи васеи хабарнигорон. Мавсуф зикр кард, ки Чин имрӯз яке аз сармоягузорони умда ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва аз шарикони боэътимоди тиҷоратии он ба шумор меравад. Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи байни сарони давлатҳо-Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Чин нақши муҳими стратегӣ бозиданд. Маҳз ҳамин дӯстӣ ва эътимод ба якдигар аст, ки имрӯз беш аз 400 ширкату корхонаҳои Чин дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми чашмрас гузошта истодаанд. Бар пояи иттилои сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули молу маҳсулот байни ҳарду кишвар аз 2,75 миллион доллари соли 1992 то ба 660 миллион доллар дар соли 2019 расидааст. Танҳо дар соли сипаришуда ҷониби Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблаѓи 210 миллион доллар сармоягузорӣ намудааст. Ҳаҷми умумии сармоягузории ин кишвар ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,398 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар вохӯрии сафир ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» ва татбиқи босамари «Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин» омили муҳими дастёбӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид. Зикр гашт, ки асоси ин ташаббусро принсипҳои мулоқоту машваратҳои муштарак, тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, рушди ҳамаҷонибаи давлатҳои аъзо, мустаҳкам кардани дӯстии халқҳои онҳо, боварию эътимоди сиёсӣ, вусъат додани равобити фарҳангӣ ташкил медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое маҳсуб меёбад, ки бо Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба бунёди «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» Ёддошти тафоҳум ба имзо расонда, барои ташкили ҳамкории мутақобилан судманд комиссияи ҳамкорӣ созмон дод. Ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» ба нақшаҳои миллии стратегии рушди Тоҷикистон мувофиқат мекунад. Ин барои амалӣ сохтани ҳадафҳои бамиёнгузоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад. Лю Бин дар робита ба масъалаи ҳамкориҳои гуманитарӣ ибрози назар намуда, зикр намуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 3500 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. Ҳамзамон, дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Чин, назири Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин, Донишгоҳи забонҳои Шанхай ва Донишгоҳи миллии Пекин донишҷӯён ба омӯзиши забони тоҷикӣ фаро гирифта шудаанд. Ба гуфтаи сафир, дар ояндаи наздик ифтитоҳи Маркази фарҳангии Чин дар Душанбе ва Маркази фаҳангии Тоҷикистон дар Пекин дар назар дошта шудааст. - Ҳамаи ин пешрафтҳои бесобиқа, бешак, боварию эътимоди халқҳои ҳарду кишварро таҳким бахшида, барои ба роҳ мондани шарикии стратегӣ дар бунёди минтақаи «Як камарбанд - як роҳ» шароити мусоид фароҳам меоранд. Бовар дорам, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарони давлатҳоямон - Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон вазъи мусоиди иҷтимоӣ ва тараққиёти босуръати иқтисодиро таъмин карда, барои боз ҳам беҳтар сохтани шароити арзандаи зиндагии мардум ба комёбиҳои нав ноил мегарданд,- иброз дошт Лю Бин. Додоҷон РӮЗИЕВ, журналист |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.