Нозирон: Надежда Савченко гуруснашиниро қатъ накардааст15-03-2016, 11:43
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
Ду нозири ҷамъиятӣ - Валентина Череватенко ва Владимир Катасонов ба дидори низомии украинӣ Надежда Савченко ба боздоштгоҳ рафтанд.
Дар ин бора рӯзноманигори рус Виктория Ивлева дар Фейсбук хабар додааст. Нозирони ҷамъиятӣ ба ин рӯзноманигор гуфтаанд, вазъи Савченко муътадил аст, дар рӯз ду маротиба фишор ва ҳарораташ санҷида мешавад, вале вай аз ташхиси тиббӣ даст кашидааст. Надежда об менӯшад. Ӯро маҷбур накардаанд, ки ғизо хурад. "... Ҳама медонанд, ки ман аз гуруснашинӣ даст намекашам, дар зиндони ин кишвар намешинам ва ин ҷо зиндагӣ ҳам намекунам", - аз қавли Савченко гуфтааст Череватенко. Вакили Савченко Марк Фейгин 10 март хабар дод, ки нафари зери ҳимояаш бо хоҳиши шахсии президенти Украина Петр Порошенко ба нӯшидани об шуруъ кардааст. Вале баъдтар маълум шуд, ки номаи президент дар мавриди ин хоҳиш қалбакӣ будааст ва Фейгин муаллифони онро ба додгоҳ мекашад. Қарор аст 21 ва ё 22 март додгоҳи шаҳрии Донетски вилояти Ростови Русия қарори худро нисбати Савченко эълон кунад. Савченко дар ҳамдастӣ ба куштори ду хабарнигори телевизиони давлатии Русия дар соли 2014, ҳамчунин убури ғайриқонунии марз айбдор мешавад. Додситон барои вай 23 сол зиндон талаб кардааст. Савченко ин айбҳоро рад мекунад. Дар Украинаву Русия ва кишварҳои дигар шаҳрвадондон бо баргузории намоишҳои эътирозӣ, озодии фаврии Савченкоро талаб карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.