Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Охирсухани Савченко дар додгоҳ садо медиҳад

Охирсухани Савченко дар додгоҳ садо медиҳад

10-03-2016, 13:48
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
Охирсухани Савченко дар додгоҳ садо медиҳад
Имрӯз сарбози украинӣ Надежда Савченко бояд дар додгоҳи шаҳри Донетски Русия охирин паёми худро эълон кунад.

Дар ин додгоҳ айби вай дар ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигор дар наздикии Луганск ва убури ғайриқонунӣ аз марз муҳокима мешавад.

Вакили дифоъ Николай Полозов, ки имрӯз аз Москва ба Донетск омад, дар Twitter навиштааст, ки зерҳимояаш мушкили қалб дорад. Пештар вакилони дифоъ изҳори нигаронӣ карда буданд, ки ба сабаби гуруснанишинӣ Савченко нерӯ нахоҳад дошт, ки дар додгоҳ суханронӣ кунад.

Матни суханронии охирини Надежда Савченко 3 март дар Интернет нашр шуд. Дар ин рӯз додгоҳ иҷоза надод, ки Надежда суханронӣ кунад ва идомаи муҳокимаро ба 9 март гузаронид. Ин нахустин гуруснанишинии Савченгко аз замони боздошташ дар тобистони соли 2014 нест.

Савченко ҳамаи айбҳоро рад карда, талаб дорад, ки ӯро ба Украина баргардонанд. Аз 7 март дар шаҳрҳои Украина ва Русия ва ҳамчунин дар бархе аз кишварҳои дигар ҳамоишҳо бо талаби озодии фаврии Савченко баргузор мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: